Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи мошинсозии Қирғизистону Узбекистон ба кор медарояд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Дониёр Амангелдиев хабар дод, ки корхонаи муштараки мошинсозии ин кишвар бо Узбекистон рӯзи 28-уми май корро шуруъ мекунад.

Ин корхона дар ноҳияи Сокулуки вилояти Чуйи Қирғизистон ҷойгир буда, мошинҳои навъи "Chevrolet", "Daewoo" ва "Isuzu" истеҳсол хоҳад кард.

Дар ҷараёни сафари давлатии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон дар моҳи январи соли гузашта миёни ду кишвар созишномаи ҳамкорӣ дар бораи истеҳсоли мошин ба имзо расида буд.

Лоиҳаи бунёди корхонаи муштараки мошинсозӣ дар Қирғизистон қарор аст, дар се марҳила иҷро шавад. Ин корхона дар се соли аввал бо ҷалби 500 корманд 10 ҳазор мошин истеҳсол хоҳад кард.

Дар марҳилаи дувум истеҳсоли 20 ҳазор мошин ва дар марҳалаи севум истеҳсоли 30 ҳазор дар назар аст. Теъдоди кормандони он низ бояд ба 2 ҳазор расад.

XS
SM
MD
LG