Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМВА ва “Истиқлол” дар мусобиқаи лигаи олӣ пешсафанд

Рақобати тимҳои Истиқлол-Вахш. Акс аз бойгонӣ
Рақобати тимҳои Истиқлол-Вахш. Акс аз бойгонӣ

Чор бозии даври даҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гардид.

Ду бозии даври даҳум 22-юми май дар шаҳрҳои Кӯлобу Хуҷанд бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт: “Равшан»” (Кӯлоб) – “Сардор” (Турсунзода) – 3:1, “Парвоз” (Фурудгоҳи Хуҷанд) - «Эсхата» (Хуҷанд) - 1:2.

Ду бозии дигари даври даҳум 24-уми май дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Хуҷанд баргузор шуд: «Ҳосилот» (Фархор) - «Барқчӣ» (Ҳисор) – 2:1, «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Вахш» (Бохтар) - 0:0.

Ду бозии охирини даври даҳум миёни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Истиқлол»-и Душанбе - КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе мавқуф мононда шуд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа КМВА ва “Истиқлол” бо 19- имтиёзӣ пешсафанд. “Ҳосилот” ва “Регар-ТадАЗ” бо 18-имтиёзӣ мутаносибан зинаҳои сеюму чаҳорумро касб кардаанд.

Дастаҳои “Сардор” бо 5 имтиёз ва “Истаравшан” бо 3 имтиёз дар зинаҳои охирини ҷадвал қарор доранд. Дарвоқеъ, “Истаравшан” ягона дастаест, ки то ҳоло шаҳди ғалабаро начашидааст.

Дарр мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра барпо мегардад, ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Дастае, ки имсол дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2026 бозиҳои гузаришӣ барпо мекунад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

ҶойДАСТАҲОБозӣТӯбҳоХол
1КМВА911-719
2“Истиқлол”911-219
3«Ҳосилот»1014-818
4“Регар-ТадАЗ”913-718
5«Равшан»1014-214
6«Эсхата»1013-1614
7«Вахш»1013-1213
8«Хуҷанд»1010-913
9“Барқчӣ”910-179
10«Парвоз»97-138
11«Сардор»912-185
12«Истаравшан»86-133


XS
SM
MD
LG