Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин таҳаввулоти Хоруғ


Хабарнигори Озодӣ аз шаҳри Хоруғ дар бораи рӯйдодҳои рӯзи сешанбе гузориш дод.

Хабарнигори Озодӣ аз шаҳри Хоруғ телефонӣ гузориш дод, ки вазъ дар шаҳр ба дунболи задухӯрди нирӯҳои таъйиноти махсуси ҳукумати Тоҷикистон ва гурӯҳи мусаллаҳи марбут ба Толиб Аёмбеков муташанниҷ шудааст.

Хабарнигори "Озодӣ" мегӯяд, ки ба маълумоти ӯ, ҳарду ҷониб ҳам талафоти зиёди ҷонӣ дидаанд. Аз рӯи иттилои бахши русии Би-Би-Си, дар амалиёти имрӯза "ҳудудан 100 низомӣ" ва "на камтар аз 100 фарди осоишта" кушта шудаанд. Айни замон, манобеи давлатии Интерфакс ин арқомро рад карда гуфтаанд, ки дар миёни низомиёни ҳукуматӣ "дасти кам 9 нафар кушта шуда, 25 нафар маҷрӯҳ шудаанд". Айни замон, хабарнигори Озодӣ Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, бо зикри ин ки "шумори қурбониҳо зиёд аст", аз зикри теъдоди дақиқи кушташудаҳо изҳори бехабарӣ кард.

Ба гуфтаи хабарнигори мо, дар ин даргириҳо ҳукумат аз чархболу зиреҳпӯшҳо истифода кардааст.

Айни замон, манобеи радиои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ки амалиёти низомии Хоруғ ба марҳилаи анҷомёбӣ расидааст. Тибқи баъзе хабарҳо, нирӯҳои ҳукуматӣ гурӯҳҳои ҷангиро муҳосира кардаанд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки теъдоде аз мардум бо шиорҳои “Қатъи амалиёти низомӣ дар Хоруғ” дар майдон ҷамъ шудаанд ва аз мақомот мехоҳанд, қазияро бо роҳи мусолиматомез ҳал кунанд.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, ки қабл аз амалиёти низомӣ дархосте барои берун рафтани мардум аз шаҳр ба миён гузошта нашуд ва аз ин рӯ, шаҳрвандон то охирин лаҳза интизор доштанд, ки қазия бидуни амалиёт ҳал мешавад. Вале ба дарозо кашида шудани амалиёт дар байни мардум тарсу ҳарос ва эътирозҳоро ба миён овардааст.

Дар лаҳзаҳое, ки мо бо ҳамкорамон Мирзоҷалоли Шоҳҷамол сӯҳбат мекардем, тирпаронӣ барои 10 дақиқа хомӯш шуд, вале баъдан аз сар гирифта шуд.

Бархе аз сокинони Хоруғ бо буридани дарахту овардани халтаву сангу хок дар талоши бунёди сангар ҳастанд, вале ҳамзамон, итминон доранд, ки ҳукумат даъвати онҳоро барои ҳалли осоиштаи қазия сарфи назар намекунад.
XS
SM
MD
LG