Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хонатаконӣ"-- аз суннатҳои вижаи наврӯзӣ (ВИДЕО)


Маросими «Хонатаконӣ», яке аз оинҳои вижаи наврӯзӣ, аслан ду ҳафта қабл аз фаро расидани Наврӯз шурӯъ мешавад.

Бо баргузории ин маросим, мардуми форсизабон, ба хусус тоҷикон хонаи худро поку тамиз мекунанд, то аз бадбахтиву нороҳатиҳои соли гузашта раҳо шаванд ва Соли нави аҷдодиро бо покиву хушӣ истиқбол намоянд. Занҳои тоҷик ҳангоми маросими хонатаконӣ хонаҳои худро ҳатто испанддуд мекунанд то аз бадиҳои соли гузашта раҳо шаванд.

Зайнаб Бобоҷоноваи 45-сола, сокини шаҳри Душанбе бо нияти он ки дар Наврӯз ӯ аз ҳама нохушиҳо раҳо шавад, ду рӯзи қабл ба пок кардани хонаи худ шурӯъ намуд. Зайнаб, ки рӯзи 19-уми март ба Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард гуфт, ҳарчанд барояш мушкил ҳам буд, аммо талош кард, хонаашро то Наврӯз таъмир карда, ҳама ашёи кӯҳнаи хонаашро нав кунад. Зеро вай бовар дорад, ки агар ашё ва зарфҳои шикастаи соли кӯҳнаро дар хонааш нигоҳ дорад, ӯро то Наврӯзи дигар бадиҳо тарк нахоҳад кард.

Вай гуфт: «Соли гузашта модарам сахт бемор шуд. Қариб тамоми сол касал буд. Ҳамчунин холаам вафот кард ва боз чанд мушкили дигари хонаводагӣ доштам. Бинобар ин бо аз хона берун кардани ҳама зарфҳои кӯҳнаву шикастаи хонаам мехоҳам тамоми мушкиле, ки соли гузашта маро дунболагир буданд, барои ҳамон сол гузорам ва соли навро бо рӯҳи наву тоза пешвоз гирам.»

Ба гуфтаи Зайнаб Бобоҷонова, ӯ ҳангоми пок кардани хонаи худаш се пиёла ва ду лаълии шикастаашро партофта, ҳамчунин тасмим дорад, чанд зарфи кӯҳнаи дигарро низ аз хонааш берун кунад. Ҳарчанд суннати хонатаконӣ дар Наврӯз дар ҳама манотиқи Тоҷикистон анҷом мешавад, аммо дар вилояти Бадахшон он бештар роиҷ аст. Ин аст, ки хонаводаҳои бадахшӣ чанд рӯз қабл аз шурӯъи Наврӯз хонаҳои худро пок карда, барои таҷлили он омодагии ҷиддӣ мегиранд.

Бегим Ошӯрбекова, сокини шаҳри Душанбе, ки дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон бузург шудааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ афзуд, маросими "хонатаконӣ" дар Наврӯз яке аз суннатҳое мебошад, ки он дар ҳама хонаводаҳои Бадахшон риоят мешавад. Тавре замони аз хонаи хонум Ошӯрбекова мо дидан кардем, ӯ нақл кард, ки се рӯз инҷониб ба пок кардани хонааш машғул шуда, тасмим дорад то Наврӯз, ҳатто фаршу шифти хонаашро поккорӣ кунад. Зимни дидори мо аз манзили Бегим Ошӯрбекова вай бо ҳамроҳии духтараш зарфҳои шикаставу кӯҳнашударо берун мекарданд. Ҳатто чойнике, ки ба нақли худи хонум Ошӯрбекова нав харидорӣ карда будааст ва як гӯшаи хурдаш, ки чандон аён набуд шикастааст, ба партовгоҳ партофта шуд: «Чойникамро нав харида будам, аммо аз сабабе, ки чой даҳонаш каме шикастааст, бояд онро бурда партоям. Зеро ин дар хона хосияти бад дорад. Ҳанӯз аз хурдӣ модарам мегуфт, духтарбача набояд дар зарфи шикаста чизе хӯрад. Ин хосияти хуб надорад.»

Бегим Ошӯрбекова ҳамзамон афзуд, ки суннати "хонатаконӣ" дар Бадахшон миёни насли калонсол бо ҳама санъаташ анҷом мешавад. Ба нақли хонум Ошӯрбекова, ҳарчанд насли ҷавон низ дар хонаводаҳои бадахшӣ суннатӣ хонатакониро анҷом медиҳанд, аммо на ба сатҳи калонсолон. Ин аст, ки барои ҳифзи ин суннати Наврӯзӣ ҳар хонаводаи Бадахшон талош мекунад ба фарзандаш онро омӯзад.

Аммо Файзуллобек Ошӯрбеков, омӯзгори фанни таърих аз водии Вахони Бадахшон, ки бо мо дар Душанбе дар хонаи духтараш сӯҳбат мекард, афзуд, ойнҳои наврӯзӣ, аз ҷумла хонатаконӣ дар манотиқи Бадахшон ба таври мухталиф таҷлил мешавад. Ба нақли бобои Файзуллобек, "мардуми Вахон Наврӯзро бо бесабриҳои зиёд интизор мешаванд. Ҳатто замони Инқилоби Октябр мардум як моҳ ба Наврӯз омодагӣ мегирифтанд. Азбаски солҳои пешин дар доманакӯҳҳо тақвим набуд, мӯсафедон аз тулӯъ ва ғуруби Офтоб муайян мекарданд, ки Наврӯз кай шурӯъ мешавад. Мӯйсафедон ҷойи махсус нишаста менигаристанд, ки офтоб дар куҷо мешинад. Ҳамин, ки дар ҷой муайяншуда офтоб мерасид, баъдан эълон мекарданд, ки пагоҳ Наврӯз аст. Ҳанӯз субҳ надамида занҳо ба тоза кардани хонаҳо шурӯъ мекарданд. Ҳама ҷиҳози хонаро берун бароварда, аз фарш то шифти хонаро пок мекарданд."

Тавре бобои Файзуллобек нақл кард, яке аз одатҳои суннати хонатаконӣ дар водии Вахон ин се қабат орд задани девори хона аст. Махсусан занҳои калонсол панҷаҳои дасти худро ордолуд карда, дар деворҳои хона мисли гул мегузоштанд. Орд дар девори хона чунон бояд зада мешуд, ки ҳангоми дар хона роҳ гаштан, бояд изи пой намоён шавад. Пас аз орд кардани девори хона вақте изи пой дар фарши хона мемонад, маънои онро дорад, ки сол, соли пурбаракат мешавад. Зеро мегуфтанд орд дар таги пой рехтааст, ки ин маънои фаровониро дорад. Вай гуфт: «Баъд аз оне, ки ҳама рӯбучинро анҷом медоданд, пеш аз ҳама муйсафедони маҳал химчаҳоро омода карда, «Шогун баҳор муборак» гуфта ба хонаҳо мераванд.»

Ҳамчунин ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, фалсафаи хонатаконӣ дар Наврӯз он аст, ки давоми сол дар хона ҳар бадӣ ва ҳар балое бошад аз хона берун карда шавад. Ба он хотир ҳама чизҳои хонаро метаконанд, ки аз бадиҳои соли гузашта асаре намонад: «Аз ҳама аҷибаш он аст, ки солҳои пештар дар хонатаконӣ шахсе, ки хонаро тоза мекард дар вақти партофтани хокистару чангу хоки хона сарашро бо ягон ҷома мепӯшонд ва вақти аз хона баромадан тарафи офтоббаро пушти худро гардонида оқибнокӣ мерафт. Хокистару чангу хоки хонаро ба ҷойе мепартофтанд, ки рӯ ба тарафи офтоб набошад. Он хокистаре, ки аз хона бароварда мешуд, онро то се рӯз нигоҳ медоштанд ва пас аз се рӯз бо партофтани хокистар ба Наврӯз хайрухуш мекарданд. Ба фикри шахсии ман, ин шояд аз замони зардушт боқӣ мондааст, ки ҳоло он чандон роиҷ нест.»

Тавре аз сӯҳбати мусоҳибони мо маълум шуд, онҳо ҳанӯз ҳам бар он боваранд, ки «хонатаконӣ», яке аз суннатҳои Наврӯзӣ метавонад одамонро аз ҳар гуна дарду ранҷ озод кунад. Бо ин ҳам ба таъкиди мусоҳибон насли ҷавони тоҷик ба ойинҳои наврузӣ, ба хусус «хонатаконӣ» чандон алоқае надоранд. Ба гуфтаи онҳо, шояд ин ҳам таъсисри «ҷаҳоншумулӣ» ва фарҳанги бегона бошад.


XS
SM
MD
LG