Радиои Озодӣ дар се моҳи охир дар бораи зиндагии мушкили Насим Оқилов ва хонаводааш ду гузориш дод. Дар видеои аввал модари ӯ барои писари маъюбаш адолат ва кӯмак мехост. Пас аз нашри гузориш созмону шахсони ёрирасон барои табобати Насим Оқилов шитофтанд, вале модараш Нозанин Юнусализода аз дунё даргузашт ва хонаашон шаби 20-уми феврал оташ гирифт.
Ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, баъд аз марги модараш танҳо мезист ва ҳангоми сӯхтор бо душворӣ ҷон ба саломат бурд. Мақомот сабаби сӯхторро “беэҳтиётӣ” номидаанд. Акнун вай барои зиндагии ояндааш нақшаҳои бузургтар дорад.
“Худо хоҳад, саломатиям нағз шавад, оиладор мешавам, - гуфт Насим дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ. - Оянда зиндагиамро ба роҳ мемонам. Ман боварӣ дорам, ки ба нигоҳубини аъзои оила шароит дорам”.
Насим 43-сола аст ва тақрибан се сол пеш дар як сонеҳа ё садама аз сару пояш сахт захм бардошт ва аз роҳ гаштан монд.
Худашу модараш дар ин ҳодиса соҳиби “Скутер”-ро, ки ба ӯ бархӯрдааст, гунаҳкор карданд, вале мақомот баръакси онро гуфтанд. Ронандаи “Скутер” қаблан дар як суҳбати телефонӣ гуфта буд, ки ҳарчӣ аз дасташ омад, аз Насим Оқилов дареғ надошт.
Насим Оқилов кафшергар буд ва дар сохтмони биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд кор мекард. Ҳоло ӯро ҳамсоягон муваққатан дар хонаашон ҷой кардаанд ва барояш хӯрок ҳам медиҳанд.
Худаш рӯзона дар назди ошхонаҳо ҷойи истодани мошинҳоро ба танзим дароварда, аз ин ҳисоб пул кор мекунад. Нақша дорад, ки пойҳояшро зудтар табобат кунад ва мисли пештара ба кафшергарӣ идома бидиҳад, то тамоми умр дастнигару муҳтоҷ намонад.
Гуфтугӯ