Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корвони кӯмакҳои хатлониҳо ба Бадахшон ҳаракат кард


Корвони мошинҳои пурбори кӯмакҳои мардуми Хатлон рӯзи 22 июл ба самти Бадахшон ҳаракат кард.

Ин кӯмакҳо бо дастури мақомоти вилоят ва ширкати сокинони маҳаллӣ барои зарардидагони сели харобоиовар дар Бадахшон ҷамъ шудааст. Аз ҳукумати вилояти Хатлон гуфтанд, ки кӯмакҳои онҳо аз либос, ғизо, маҳсулоти кишоварзию полезӣ, сохтмонӣ ва доруворӣ иборат аст. Ҳамчунин, дар миёни кӯмакҳо кӯрпаю кӯрпача ва кампал ҳам фиристода шуд. Ба иттилои мақомот, ин кӯмакҳо аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҷамъоварӣ шуда, сокинон ин кӯмакҳоро довталабона ҷамъ кардаанд.

Ҳаҷми умумии кӯмакцои ҷамъшуда тахминан 200 ҳазору 300 сомонӣ ҳисоб шудааст. Масалан, аз ноҳияи Ёвон ба Бадахшон 25 тонна семент ҳам фиристода мешавад. Бо дастури раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон, барои зарардидагони офати табии Бадахшон 25 номгӯи маводи дорувор ҳам ҷудо шудааст. Дар миёни онҳое, ки барои ҷамъоварии кӯмак ба сокинони Бадахшон саҳм гузоштанд, иттиҳодияҳои динии вилояти Хатлон ҳам зикр мешаванд, ки бо қимати 20 ҳазор сомонӣ аз номи худ барои бадахшониҳо орду шакар, равғану пиёз ва васоили рӯзгоргузарониро харидорӣ кардааанд.

Сели пурдаҳшате рӯзи 16 июл ба сокинони се рустои ноҳияи Шуғнон ҳамла кард ва дар натиҷа, 72 хонаводаро бесарпаноҳ монд. Ҳоло ин мардум дар хаймаҳои муваққат дар қаламрави яке аз деҳаҳои баландкӯҳи Шуғнон ҷой дода шуда, барояшон аз ҷониби ҳукумат, Бунёди Оғохон ва ҳам дигар ташкилот ва афроди саховатпеша кӯмакҳо ироа мешавад. Баъди ин ҳодиса, обхезиҳои шадид дар Рашту Ванҷ ҳам боиси талафоти зиёд, аз ҷумла, сабаби ҳалокати 7 нафар шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, селу обхезиҳои ахир ба Тоҷикистон ба маблағи 100 миллион доллари ИМА зиён овардаанд. Ҳоло барои кӯмак ба мардуми офатзада дар Душанбе, Суғд ва Хатлон ҳам мардум кӯмакҳои хайрия ҷамъоварӣ мекунанд.

Кумаки хатлониён ба мардуми манотиқи офатзадаи Бадахшон.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

XS
SM
MD
LG