Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи Ленин. Коммунистони Қӯрғонтеппа ҷои гулгузорӣ надоранд


Коммунистони Қӯрғонтеппа мегӯянд, аз он ки наметавонанд дар пояи мусаҷҷамаи Владимир Ленин дар 143-юмин рӯзи таваллудаш гул гузоранд, озурдаю дилтанг шудаанд.

Муҳаммадӣ Ҳамроев, доктори илми таърих, профессори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, зимни интиқод аз барчида шудани муҷассамаҳои Владимир Ленин дар аксари шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ин тасмимро «кори дасти одамони ноқисақл» хонд.

Ҷаноби Ҳамроев, ки соҳиби 8 нишони сарисинагии Иттифоқи Шӯравӣ, аз ҷумла ордени Ленин, ордени «Ситораи сурх» ва иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанист, мегӯяд, таҷлил аз солгарди нафаре, ки асосгузори давлати Шӯравист, нишони эҳтиром ба таърих ва гиромидошти заҳматҳои ӯ дар пайдоиши давлате бо номи Тоҷикистон хоҳад буд.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00
Линки мустақим


М. Ҳамроев гуфт: «Одамони беақл ҳайкалҳои Ленинро чаппа мекунанд. Вай таърих буд. Таърихро чаппа намекунанд. Ҳайкалашро бардоранд ҳам, Ленин дар китобҳо, дар саҳифаҳои таърих бо заҳматҳояш сабт шудааст. Агар револютсияи Октябр намешуд бо сарварии Ленин, ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон ҳам шояд ташкил намеёфт. Ё ба як вилояти Узбакистон табдил меёфтем, ё Бухорои шарқӣ мешудем бо беку бекигарӣ ё давлати Осиёи миёна меномиданд моро…»

Маҳмадалӣ Ҳамроев
Маҳмадалӣ Ҳамроев
Професори тоҷик афзуд, гуруҳе аз сокинони солманд ва узви ҳизби коммунист ҳар сол дар рӯзи 22 апрел ба назди ҳайкали Владимир Ленин рафта, бар пояаш гул мегузоштанд, аммо азбаски тобистони гузашта охирин муҷассамаи асосгузори давлати Шӯравӣ аз боғи марказии Қӯрғонтеппа барканда шуд, онҳо барои таҷлили ин санаи барояшон муҳим акнун ҷое надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Мирзохон Шомуродов, бознишастае аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, аз барчида шудани ягона муҷассамаи боқимондаи Владимир Ленин бас мутаассиф аст, вале ҳоло ин пайкара дар куҷо воқеъ аст, намедонад: «Ин тасмими ҳайкалшиканӣ пеш аз ҳама аз бефарҳангии мо дарак медиҳад. Чӣ тавр як пораи таърихи худро ба боди фано мебарем?! Мо дар он давра бо давлати худ ифтихор мекардем, «пролетариатҳои тамоми ҷаҳон, як шавед!» шиор буд. Ҳадафи Ленин ҳам аз ин шиор сулҳу оромиш дар тамоми ҷаҳон буд, серию пурӣ, баробарию бародарӣ буд. Ҳоло бисёр афсӯс мехӯрам, ки ин арзишҳо беқадр шудаанд.»

Яке аз фаъолони Ҳизби коммунист, ки нахост номаш зикр шавад, низ гуфт, Владимир Ленин ҷузъе аз таърихи умумии кишварҳои пасошӯравӣ ва Тоҷикистон буда, баркандани ҳайкали ӯ нишони беҳурматӣ ба таърихи сад соли охир мебошад.

«Ҳар чӣ доштему дорем, ба шарофати партияи коммунистӣ ва ҳукумати советӣ ба даст омадааст. Ифтихори мо ҳам аз Шӯравӣ аст. Он замон зодрӯзи Ленин бо шукуҳу шаҳомати хосе дар саросари СССР таҷлил мешуд. Ҳоло чӣ? Ақаллан як бор ёдовар намешаванд. Ҳоло аз ҷавони 20-сола пурсед, ки Ленин кӣ буд, намедонад, барояш фарқу аҳамият надорад. Ҳатто Турсунзодаю Лоҳутиро намешиносанд. Аз ҳамон замоне, ки билетҳои узвият дар партияи коммунистиро сӯзониданд, мо билетҳои худро дар хона ҳифз кардем ва ҳанӯз бисёр азиз медонам онро», - гуфт манбаъ.

Дар ҳоле ки сокинони солманд ва коммунистони Тоҷикистон аз 135-умин солгарди Ленин мехоҳанд таҷлил кунанд ва ҳамзамон баркандани муҷассамаҳои Ленин онҳоро нороҳат кардааст, чунин ба назар мерасад, ки ҷавонони маҳаллӣ ба ин баҳсу нигарониҳо бефарқ ҳастанд.

Назир, донишҷӯи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, мегӯяд: «Дар бораи Ленин ягон маълумот надорем, чунки дар мактаби миёна ҳам ба мо чизе нагуфтаанд. Чӣ хел ӯро шиносем, ки дар вақти таълим дар мактаб дар ягон китоб оид ба Ленин маълумот набуд. Намедонам ӯ кист. Аммо шунидаам, ки вай коммунист буд. Агар баҳсҳо сари ҳайкалсозӣ бошанд, беҳтар аст, ки ҳайкали Айнӣ, Турсунзода ва дигар бузургони миллати худамонро дар шаҳру ноҳияҳо гузоранд. Асри Ленин гузашт охир…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои Ҷӯрахон Расулов, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳрдории Қӯрғонтеппа, ҳоло таваҷҷуҳи мардум ба Ленин ва муҷассамаҳои ӯ коҳиш ёфтааст. Вай ба унвони далел гуфт, ки солҳои охир ҳатто аъзои ҳизби коммунист рӯзи 22 апрел дар назди пайкараи Ленин ҳозир нашуда ва як адад гул ҳам нагузоштаанд.

Тобистони соли 2012 бузургтарин муҷассамаи Ленин дар водии Вахш, солҳои 60-уми асри гузашта дар боғи марказии фароғати фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа қомат афрохта буд, барканда шуда, ҳоло, ба гуфтаи мақомот, дар ҳавлии идораи «Боғбунёд»-и ин шаҳр хоб аст.
XS
SM
MD
LG