Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз $3 миллион. "Харбуза"-и маъруфи Тоҷикистонро мефурӯшанд


Харбузаи маъруфи Тоҷикистонро мефурӯшанд. Сабаб чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Чойхонаи “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор, ки сохтмони онро ба Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва “Агроинвестбонк”, пайванд медиҳанд, ба фурӯш гузошта шудааст. "Харбуза" дар гузашта хусусӣ буд, вале дар пайи қарздории “Агроинвестбонк” ба ҳисоби давлат гузашт.

Тибқи иттилои Кумитаи сармоягузорӣ, арзиши чойхона наздик ба 35 миллион сомонӣ (беш аз 3 миллион доллар) муайян шудааст. Музояда рӯзи 29-уми сентябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Чойхонаро дар соли 2015 ва бахшида ба 3000-солагии шаҳри Ҳисор бунёд кардаанд. Ҳоло дар як вазъи ногувор қарор дорад.

Коршинос Фозилҷон Фатҳуллоев гуфт, як далели нокомии иншооти ҷашнӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки масъулон ҳангоми бунёди биноҳо суду зиёнро ба назар намегиранд.

“Коршиносон чанд дафъа пурсида буданд, ки фоидаи он барои буҷаи давлат, иқтисоди миллӣ чӣ қадар аст? Харҷаш чӣ қадар аст? Мутаассифона, гуфтанд, ки мо бояд сиёсати хирадмандонаро дастгирӣ кунем, аммо ин дастгирии сиёсат не, балки хиёнат ба давлат шуд,” – гуфт ӯ.

Мақомот ҳангоми ифтитоҳи чойхона гуфта буданд, ки 100 кас дар он кори доимӣ пайдо хоҳад кард. Ба қавли сокинон, “Харбуза” ҳамагӣ се моҳ фаъол буд.

Радиои Озодӣ соли 2016, як сол пас аз боз шудани “Харбуза”, дар бораи он гузорише таҳия кард. Чойхона дигар кор намекард, бомаш мечакид ва бино таъмирталаб шуда буд.

Навор аз соли 2016:

"Харбуза"-и маъруф, вале холии Ҳисор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

XS
SM
MD
LG