Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азимтарин ошхонаи чӯҷабирёни KFC дар Боку


Ба назар мерасад, ки мақомоти Боку, пойтахти Озарбойҷон беҳтарин роҳи ҳифзи сохтмону иншооти таърихиро пайдо кардаанд.

Ошхонаи амрикоии таҳиякунандаи чӯҷабирён, ки бо исми KFC маъруф аст, соҳиби азимтарин сохтмон дар ҷаҳон гардид. Ошхонае, ки ба забони мардум чун “фаст-фуд”ё ғизои зудтаҳияшаванда маъруфият дорад, дар пойтахти Озарбойҷон сохтмонеро бо ҳаҷми 1600 метри мураббаъ иҷора гирифтааст. Ин бино соли 1926 аз ҷониби меъмори маъруфи озарӣ Н. Боев чун истгоҳи роҳи оҳани Сабунчӣ бунёд шудааст. Ин истгоҳи роҳи оҳан дар чаҳорчӯби барномаи шӯравӣ оид ба таъмини сокинони Озарбойҷон бо нирӯи барқ ва нақлиёти мусофирбар сохта шудааст.

Сохтмони роҳи оҳани Сабунчӣ бо шеваи қадимаи меъморӣ бунёд шуда, аз ду гумбаз иборат аст. Мегӯянд, қабл аз он ки ин сохтмони қадима ба дасти KFC гузашт, шарики ин ширкат AFK Ltd. барои таъмиру барқарорсозии он се миллион евро сарф кардааст.


Ҳоло дар ин ошхона 300 ҷои нишаст ташкил шуда, дар назар аст, ки солона 1,5 миллион баста ғизо ба фурӯш равад. Худи масъулини KFC иқрор мекунанд, ки ин бузургтарин намояндагии ширкати ғизофурӯшиашон мебошад. KFC дар 120 давлати ҷаҳон 18 ҳазор ошхона боз кардааст.


KFC, ки аз забони англисӣ чун Kentucky Fried Chicken ё “Чӯҷабирёни Кентаккӣ” тарҷума мешавад, соли 1952 дар шаҳри Солт Лейк Ситии Юта таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG