Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони К+ "ифротгаро" эълон шуд


Шабакаи телевизиони К+, ки яке аз минбарҳои мухолифони ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Миёна арзёбӣ мешавад, аз сӯи Додситонии кулли Қазоқистон «расонаи ифротгаро» эълон гардид.

Рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми ноябр, Додситонии кулли Қазоқистон созмонҳои сабтиномнашудаи «Олға» ва «Халиқ майдони»-ро ифротгаро эълом кард ва дастур дод, ки нашри рӯзномаҳои мухолифи ҳукумат, «Голос Республики» ва «Взгляд» қатъ карда шавад.

Додситонии кул ба феҳристи «расонаҳои ифротгаро» шабакаи телевизионии К+ ва сомонаи интернетии Stan.tv-ро ҳам шомил кардааст. Пахши ҳама гуна барномаҳои тавлидкардаи онҳо дар қаламрави Қазоқистон манъ карда хоҳад шуд. «Айб»-и ин созмону расонаҳо дар он аст, ки, аз нигоҳи Остона, онҳо аз тоҷиру сиёсатмадори маъруфи фирорӣ Мухтор Аблязов пуштибонӣ мекунанд.

Дар сомонаи Додситонии куллии Қазоқистон матни суханронии намояндаи додситонӣ, Нурдавлат Саундиқов нашр шудааст, ки бар пояи он, 19 ноябр, додгоҳи вилояти Мангистау аризаи раҳбари ҳизби «Олға», Владимир Козлов дар робита ба бознигарии ҳукми додгоҳи шаҳри Оқтауро баррасӣ кард ва онро бетағйир гузошт. «Ҳамин тариқ, гуфтааст намояндаи Додситонии кулл, ҳукми додгоҳии Владимир Козлов, Серик Сапаргалӣ ва Оқҷаннат Аминова қонунӣ шуд».

Нурдавлат Саундиқов афзудааст, ки «бар пояи ин ҳукми додгоҳӣ дар баробари Козлов ва дигарон созмонҳои сабтиномнашудаи «Олға» ва «Халиқ майдони» ва чанд расонаи хабарӣ ифтротгаро эълон шудааст ва фаъолияти онҳо бояд қатъ карда шавад. Додситонии кулли Қазоқистон ин созмону расонаҳоро "дар барангехтани низои иҷтимоӣ, тарғиби аз роҳи зӯрӣ ба даст овардани қудрат ва латма задан ба амнияти Қазоқистон" айбдор кардааст.

Болат Абилов, ҳамраиси Ҳизби сотсиал-демократии “Азат”, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ тасмими ахири Додситонии кулли Қазоқистонро як “беақлии навбатии Остона” номид. Ба гуфтаи ӯ, ба ҷойи аз байн бурдани камбудиҳо, мақомот мехоҳанд ин нашрияҳоро бо баҳонаи “ифротгароӣ” ва аммо дар асл барои бо Мухтор Аблязов рабт доштанашон банданд. Болат Абилов меафзояд, ки “хабари фоҷиае, ки соли гузашта дар Жанаозен рӯй дод, асосан тавассути ин нашрияҳо, сомонаҳо ва ин телевизионҳо дар олам паҳн шуд. Аз ин рӯ манъ кардан ё мубориза бурдан зарур нест, балки бояд ҳар мавзӯъро баҳсу баррасӣ кард."

Мусоҳиби мо мегӯяд, “табиист, ки ин ҷо ягон хел ифротгароӣ нест. Вақте дар бораи коршиканӣ, фасод ё норасоиҳои ҷомеъа ҳарф мезанӣ, ин, тавре ҳукумат мехоҳад нишон диҳад, ифротгароӣ ё доман задани адоват дар ҷомеъа нест.”

Болат Абилов мегӯяд, ки ҳукумат роҳи нодурустро интихоб кардааст, зеро баъд аз баста шудани ин расонаҳо ҳатман нашрияҳои дигар арзи вуҷуд хоҳанд кард.

Аз нигоҳи Татяна Калеева, раиси созмони дифоъ аз ҳуқуқи расонаҳои хабарии Қазоқистонӣ, мақомоти Остона бо ифротгаро эълон кардани созмонҳову нашрияҳои мухолифин худро ва кишварро бадном хоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, ин нашрияҳо режими феълиро танқид мекунанд ва “дар ҳар кишваре, ки худро демократӣ мехонад ва худро эҳтиром мекунад, ин як падидаи демократия маҳсуб мешавад”.
XS
SM
MD
LG