Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фаромӯш намекунем ва намебахшем". Эътирозҳо ва боздоштҳо дар Қазоқистон. ВИДЕО


Ҳангоми намоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон даҳҳо нафар, аз ҷумла журналистон ва фаъолони сиёсиву маданиро дастгир карданд. Намоишҳо бо талаби озодиҳои бештари сиёсӣ ва раҳоии зиндониёни сиёсӣ рӯзи 16-уми декабр баргузор гардид. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ навишт, ки боздоштҳо пеш аз баргузории гирдиҳамоиҳо оғоз ёфт.

Боздоштҳои субҳи душанбе дар рӯзи истиқлоли Қазоқистон ва ҳафтае баъд аз дастгир шудани дастикам 20 фаъоли ҷамъиятӣ дар шаҳри Нурсултон ва Алмато ҷараён гирифт. Ин афродро додгоҳҳои маҳаллӣ бо иттиҳоми итоат накардан ба полис ва ташкили эътирозҳои ғайриқонунӣ ба 15-рӯзӣ ба ҳабс маҳкум карданд.

Эътирозҳои рӯзи 16-уми декабр ҳамчунин бо 33-юмин солгарди ҳамоишҳои зиддишӯравӣ дар пойтахти собиқи Қазоқистон – шаҳри Алмато -- ва ҳаштсолагии саркӯби хунини тазоҳуроти кормандони ширкатҳои нафтии шаҳри Жанаозен рост омад.

Рӯзи 16-уми декабр дар дасти эътирозгарон дар пойтахти Қазоқистон шиорҳое бо мазмуни "Жанаозен – Желтоқсан. Ҳеч гоҳ намебахшем ва фаромӯш намекунем" дида шуд. Ҷамъомадагон инчунин талаб карданд, ки 16-уми декабр ҳамчун рӯзи мотами миллӣ эълон шавад.

Боздошти даҳҳо эътирозгар дар раҳпаймоии Рӯзи истиқлоли Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00

Полисе, ки дар наздикиҳо истода буд, ба ҷараёни раҳпаймоӣ дахолат накард. Як намояндаи маъмурияти шаҳри Нурсултон талош кард, эътирозгаронро мутақоид кунад, ки майдонро тарк кунанд, зери гирдиҳамоии онҳо ғайриқонунӣ мебошад. Издиҳом даъватҳои ин мақомро нодида гирифтанд.

Дар Алмато эътирозгарон бо нидоҳои "Бедор шав, Қазоқистон", "Қазоқистон бидуни Назарбоев" ва "Марди пир, бирав!" садо баланд мекарданд.

Нурсултон Назарбоев, ки давоми 30 сол раиси ҷумҳури Қазоқистон буд, моҳи марти имсол ногаҳон эълон кард, ки аз мақом канор меравад ва Қосимҷомарт Тоқаевро ҷойгузини худ номид. Бо ин ҳол, имрӯз Назарбоев ҳамчун раҳбари ҳизби ҳокими "Нуротан" ва раиси Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон ҳамчунон ба назорати бахшҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар идома медиҳад.

Тоқаев дар интихоботи рӯзи 9-уми июни имсол расман барандаи интихоботи президентӣ эълон шуд, вале нозирони байналмилалӣ гуфтанд, овоздиҳӣ бо боздошти эътирозгарони сулҳомез, тақаллуб ва нақзи меъёрҳои демократӣ ба ҳамроҳ буд.

Эътирозгарон дар Алмато баргузории ислоҳоти демократиро талаб мекунанд ва мегӯянд, мақомҳои давлатӣ дар Қазоқистон, аз ҷумла, курсиҳои раисони шаҳру вилоятҳо бояд таъйинотӣ не, балки интихобӣ бошад.

Дар Алмато ҳам мақомот аз эътирозгарон хостанд, ки майдонро тарк кунанд, чун ҷамъомади онҳо ғайриқонунӣ аст, вале ин ҷо ҳам мардум даъвати мақомотро нодида гирифтанд.

Ҷунбиши "Интихоботи демократии Қазоқистон", ки марбут ба соҳибкори мухолифи ҳукумат Мухтор Аблязов аст, эълон кард, ки нақшаи баргузории эътирозҳо дар ду шаҳри марказии Қазоқистонро дорад. Додгоҳ дар Қазоқистон ин созмонро ҳамчун ифротгаро мамнӯъ эълон кардааст.

Ин қарори мақомотро Порлумони Аврупо дорои ангезаҳои сиёсӣ донистааст. Дар гузориши ахири созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфта шудааст, ки «соли 2018 дар Қазоқистон ҳеч пешрафти пурмазмуне дар бахши ҳуқуқи башар мушоҳида нашудааст».

Яке аз танқидҳои ин созмон ҳамин аст, ки мақомот дар Қазоқистон намегузоранд, ки эътирозгарон ба таври сулҳомез гирдиҳамоӣ барпо карда, сиёсатҳои ҳукуматро интиқод кунанд.

XS
SM
MD
LG