Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ғайримуқаррарии Ҳомиди Карзай ба Покистон


Ҳомиди Карзай умедвор аст, ки Навоз Шариф барои пешрафт дар музокироти сулҳ содиқона кӯмак хоҳад кард.
Ҳомиди Карзай умедвор аст, ки Навоз Шариф барои пешрафт дар музокироти сулҳ содиқона кӯмак хоҳад кард.

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз Покистон хост, Толибонро ба музокироти сулҳ моил кунад.

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай аз нахуствазири Покистон, Навоз Шариф, хост, дар муҳайё сохтани замина барои музокироти сулҳ миёни ҳукумат ва Толибон кӯмак кунад. Ӯ рӯзи душанбе баъд аз мулоқот бо Навоз Шариф дар шаҳри Исломобод гуфт, муҳимтарин масъалаи баҳси онҳо роҳҳои муқовимати муштарак бо терроризм ва пешрафт дар музокироти сулҳи Афғонистон аст: “Мо бахусус масъалаи муборизаи муштарак бо тундгароӣ ва мусолиҳаву эҷоди сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ кардем. Бо ин умед, ки ҳукумати Покистон содиқона ба ҷараёни сулҳ дар Афғонистон мусоидат намуда ва имконоту заминаро барои гуфтугӯ миёни Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ва ҷунбиши Толибон фароҳам хоҳад кард. “

Интизор мерафт, ки Ҳомиди Карзай аз давлати Покистон бихоҳад, бо истифода аз нуфузаш ба раҳбарони Толибон, онҳоро ба музокироти сулҳ бо ҳайати Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон моил кунад. Ҳомиди Карзай афзуд, ки ҳарду кишвар бояд ба масъалаи мубориза бо терроризм тамаркуз кунанд: "Нигаронии аслии ҳарду кишвар, адами амнияти шаҳрвандон аст ва идомаи таҳдиди терроризм, ки ба мардумони мо, ҳукуматҳои мо, сарбозони мо ва нерӯҳои амниятии мо ҳамла мекунанд. Ҳукуматҳои ҳарду кишвар бояд ба ҳамин арса тамаркуз кунанд."

Маросими истиқбол аз раиси ҷумҳури Афғонистон дар Исломобод хеле бошукӯҳ буд ва ин сафар дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки мардуми Афғонистон аз мулоқоти тарафҳо интизории зиёд дорад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ин муҳимтарин сафари Карзай аст, ки пеш аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ба вуқӯъ пайваста, қарор аст, заминаҳои муносибати дуҷониба ва ҳалли мушкили толибонро таъмин намояд. Аммо ҳадс зада мешавад, ки ҳалли ин мушкил ба омилҳои зиёде бастагӣ хоҳад дошт. Аз ҷумла ба он ки сарвазир Навоз Шариф то куҷо хоҳад тавонист, хадамоти махфӣ ва ҳарбиёни Покистонро зери назорат хоҳад дошт.

Интизор мерафт, ки Ҳомиди Карзай ҳамчунин бо Навоз Шариф масъалаи раҳоии раҳбарони Толиберо дар миён бигзорад, ки Афғонистон дар симои чанде аз онҳо музокиракунандагони эҳтимолии сулҳро мебинад. Дар миёни онҳо, Мулло Абдулғанӣ Бародар, як дастёри Мулло Умар, раҳбари Толибон низ ҳаст, ки ӯро маъмурони амниятии Покистон ва Хадамоти Истихборотии Амрико соли 2010 дастгир карданд. Давлати Покистон дар гузашта бо тақозои ҳукумати Кобул, 26 толибро аз зиндонҳояш раҳо кард. Аммо Навоз Шариф ваъдае дар бораи раҳоии Толибони дигар надод, вале гуфт: “Ман ба раиси ҷумҳур Карзай таъкид кардам, ки сулҳу амният ва ваҳдат дар Афғонистон барои Покистон муҳим аст. Ман ҳамчунин ба азми қавӣ ва кӯмаки содиқонаи Покистон барои сулҳу оштӣ дар Афғонистон таъкид кардам. Мо комилан мувофиқем, ки ҷараёни сулҳ дар Афғонистон бояд фарогир бошад ва ба раҳбарии худи афғонҳо сурат бигирад.“

Ба гуфтаи Навоз Шариф, раҳбарони ду кишвар қарор карданд, ки барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорат, бунёди шоҳҳроҳҳо ва нерӯгоҳҳои муштараки барқи обӣ аз наздик ҳамкорӣ кунанд. Эмал Файзӣ, сухангӯи Ҳомиди Карзай ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дархости Навоз Шариф, нахуствазири Покистон Карзай як рӯзи дигар дар Исломобод мемонад ва мулоқоти ҳайатҳои расмӣ рӯзи сешанбе ҳам идома мекунад. Баъди ба мақоми нахуствазир расидани Навоз Шариф дар моҳи июн бори аввал аст, ки Ҳомиди Карзай ба Покистон сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG