Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада аввалин шуда ба ҳаштякфинали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфт

Даври 1/16-ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки дар се кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика ҷараён дорад, 29-уми июн бо бозӣ миёни тимҳои миллии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) ва Канада шуруъ шуд.

Ин бозӣ, ки шаби 29-уми июн дар варзишгоҳи «Соу-Фай» (Инглвуд, ИМА) доир гардид, бо пирӯзии мунтахаби Канада бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро Стефен Эуштакиу дар охири бозӣ, дар дақиқаи 90+2, ба самар расонд.

Ҳамакнун дар 1/8 финал мунтахаби Канада 4-уми июл соати 22:00 бо вақти Душанбе бо ғолиби ҷуфти тимҳои миллии Нидерланд ва Марокаш рақобат хоҳад кард.

Дар 1/16 финал боз 30 даста вориди рақобат мешаванд (бо вақти Душанбе):

29 июн:

22:00. Бразилия - Ҷопон (Хюстон)

30 июн:

01:30. Олмон- Парагвай (Фоксборо)

06:00. Нидерланд - Марокаш (Монтеррей)

22:00. Кот-д'Ивуар - Норвегия (Даллас)

1 июл:

02:00. Фаронса - Шведсия (Ню-Йорк)

06:00. Мексика - Эквадор (Мехико)

21:00. Англия - ҶД Конго (Атланта)

2 июл:

01:00. Белгия - Сенегал (Сиэтл)

06:00. ИМА - Босния ва Ҳерсеговина (Санта-Клара)

3 июл:

01:00. Испания - Австрия (Лос-Анҷелес)

04:00. Португалия- Хорватия (Торонто)

08:00. Швейтсария - Алҷазоир (Ванкувер)

4 июл:

23:00. Австралия - Миср (Даллас)

03:00. Аргентина - Кабо-Верде (Майами)

06:30 Колумбия - Гана (Канзас Сити)

1/8 финал:

4 июл:

22:00. Канада - Нидерланд/Марокаш (Хюстон)

5 июл:

02:00. Олмон/Парагвай - Фаронса/Шведсия (Филаделфия)

6 июл:

01:00. Бразилия/Ҷопон - Кот-д'Ивуар/Норвегия (Ню-Йорк)

05:00 Мексика/Эквадор - Англия/ ҶД Конго (Мехико)

7 июл:

00:00. Португалия/Хорватия - Испания/Австрия (Даллас)

05:00. ИМА/Босния - Белгия/Сенегал (Сиэтл)

21:00. Аргентина/Кабо-Верде - Австралия/Миср (Атланта)

8 июл:

22:00. Швейтсария/Алҷазоир - Колумбия/Гана (Ванкувер)

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Лионел Месси бо 6 гол дар мақоми аввал аст. Ин ҳамлагари аргентинӣ, ки 24-уми июн 39-сола шуд, дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол рекордҳои нав гузошт.

Вай дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин бо 19 голи задааш ба ҷойи аввал баромада, аз Мирослав Клозеи олмонӣ (16 гол) пеш гузашт. Ба панҷгонаи беҳтаринҳо, инчунин Роналдо (Бразилия, 15), Герд Мюллер (Олмон, 14) ва Килиан Мбаппе (Фаронса, 14) дохиланд.

Ба рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 пас аз Лионел Месси (6 гол), Винисиус Жуниор (Бразилия), Килиан Мбаппе (Фаронса), Усмон Дембеле (Фаронса), Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо чорголӣ шомиланд.

Натоиҷи бозиҳои марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:

Гурӯҳи А

Мексика – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 2:0

Кореяи Ҷанубӣ – Ҷумҳурии Чех – 2:1

Мексика – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0

Ҷумҳурии Чех – ҶАҶ – 1:1

Мексика – Ҷумҳурии Чех – 3:0

ҶАҶ – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Мексика33006-09
2Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ31112-34
3Кореяи Ҷанубӣ31022-33
4Ҷумҳурии Чех20122-61

Гурӯҳи В

Канада - Босния ва Ҳерсеговина – 1:1

Қатар – Швейтсария – 1:1

Канада – Қатар – 6:0

Швейтсария – Босния ва Ҳерсеговина – 4:1

Швейтсария – Канада – 2:1

Босния ва Ҳерсеговина – Қатар – 3:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Швейтсария32107-37
2Канада31118-34
3Босния ва Ҳерсеговина31115-64
4Қатар30122-101

Гурӯҳи С

Бразилия – Марокаш – 1:1

Ҳаити – Шотландия – 0:1

Шотландия – Марокаш – 0:1

Бразилия – Ҳаити – 3:0

Марокаш – Ҳаити – 4:2

Шотландия – Бразилия – 0:3

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Бразилия32107-17
2Марокаш32106-37
3Шотландия31021-43
4Ҳаити30032-80

Гурӯҳи D

ИМА – Парагвай – 4:1

Австралия – Туркия – 2:0

ИМА – Австралия – 2:0

Туркия – Парагвай – 0:1

Парагвай – Австралия – 0:0

Туркия – ИМА – 3:2

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1ИМА32018-46
2Австралия31112-24
3Парагвай31112-44
4Туркия31023-53

Гурӯҳи Е

Кот-д’Ивуар – Эквадор – 1:0

Олмон – Курасао – 7:1

Эквадор – Курасао – 0:0

Олмон - Кот-д’Ивуар – 2:1

Курасао - Кот-д’Ивуар – 0:2

Эквадор – Олмон – 2:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Олмон320110-46
2Кот-д’Ивуар32014-26
3Эквадор31112-24
4Курасао30121-91

Гурӯҳи F

Шведсия – Тунис –5:1

Нидерланд – Ҷопон – 2:2

Нидерланд – Шведсия – 5:1

Тунис – Ҷопон – 0:4

Тунис – Нидерланд – 1:3

Шведсия – Ҷопон – 1:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Нидерланд321010-47
2Ҷопон31207-35
3Шведсия31117-74
4Тунис30032-120

Гурӯҳи G

Эрон – Зеландияи Нав – 2:2

Белгия – Миср – 1:1

Белгия - Эрон – 0:0

Зеландияи Нав – Миср – 1:3

Зеландияи Нав – Белгия – 1:5

Миср – Эрон – 1:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Белгия31206-25
2Миср31205-35
3Эрон30303-33
4Зеландияи Нав30124-101

Гурӯҳи Н

Арабистони Саудӣ – Уругвай – 1:1

Испания – Кабо-Верде – 0:0

Испания – Арабистони Саудӣ – 4:0

Кабо-Верде – Уругвай – 2:2

Уругвай – Испания – 0:1

Кабо-Верде – Арабистони Саудӣ – 0:0

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Испания32105-07
2Кабо-Верде30302-23
3Уругвай30213-42
4Арабистони Саудӣ30211-52

Гурӯҳи I

Ироқ – Норвегия – 1:4

Фаронса – Сенегал –3:1

Фаронса- Ироқ – 3:0

Норвегия – Сенегал – 3:2

Сенегал – Ироқ – 5:0

Норвегия – Фаронса – 1:4

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Фаронса330010-29
2Норвегия32018-76
3Сенегал31028-60
4Ироқ30031-120

Гурӯҳи J

Аргентина – Алҷазоир – 3:0

Австрия – Урдун – 3:1

Аргентина – Австрия – 2:0

Урдун – Алҷазоир – 1:2

Урдун – Аргентина – 1:3

Алҷазоир - Австрия – 3:3

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Аргентина33008-19
2Австрия31116-64
3Алҷазоир31115-74
4Урдун30033-80

Гурӯҳи К

Узбекистон – Колумбия – 1:3

Португалия – ҶД Конго – 1:1

Португалия – Узбекистон – 5:0

Колумбия - ҶД Конго – 1:0

ҶД Конго – Узбекистон – 3:1

Колумбия – Португалия – 0:0

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Колумбия32104-17
2Португалия31206-15
3ҶД Конго31114-34
4Узбекистон30032-110

Гурӯҳи L

Гана – Панама – 1:0

Англия – Хорватия – 4:2

Панама – Хорватия – 0:1

Англия - Гана – 0:0

Панама – Англия – 0:2

Хорватия – Гана – 2:1

Ҷ ДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Англия32106-27
2Хорватия32105-57
3Гана31112-24
4Панама30030-40

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро гирифтанд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бозиҳои 1/16-финалӣ аз 28-уми июн то 3-юми июл, 1/8-ниҳоӣ рӯзҳои 4–7-уми июл, чорякниҳоӣ 9–11-уми июл, ниманиҳоӣ 14–15-уми июл ба нақша гирифта шудааст.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.

XS
SM
MD
LG