Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, пас аз қабули Қонуни афв дар моҳи июн камаш 7 зиндонии озодшуда дигарбора бо гумони ҷинояте дастгир шудаанд.
Нигоҳи кӯтоҳи Радиои Озодӣ ба гузоришҳои катбӣ ва видеоии вазорати умури дохилӣ дар ду моҳи гузашта нишон дод, ки аксарияти онҳо бо иттиҳоми дуздӣ дастгир шудаанд.
Аз ҷумла, Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар барномаи телевизионии ахири худ аз боздошти 5 нафаре дар шаҳри Конибодом хабар додааст, ки ба гуфтаи мақомот, чаҳор нафари онҳо бар асоси Қонуни афв раҳо шуда буданд ва дигарбора ҷиноят кардаанд. Яке аз онҳо фақат як моҳ дар озодӣ будааст ва ба гуфтаи мақомот дар ин муддат чаҳор дафъа ба дуздӣ даст задааст.
Дар ҳамин барнома омадааст, ки Маъруфи Садриддин як сокини ноҳияи Ёвонро низ барои дуздӣ барои дуздии ҷавоҳирот бо арзиши 40 ҳазор сомонӣ аз хонаи як сокини шаҳри Бобоҷон Ғафуров дастгир кардаанд ва акнун қарор аст, дигарбора ба зиндон баргардад.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳеч гоҳ назари муттаҳамон ба ҷиноятро дар гузоришҳои телевизионии худ намеоранд ва эътирофоти онҳоро низ бидуни ҳузури вакили дифо ва фақат дар ҳузури муфаттишон нишон медиҳанд.
Аввали моҳи август Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҳам хабар дод, ки маъмурони милиса ду мардеро боздошт кардаанд, ки бар асоси Қонуни афв озод шуда, вале боз даст ба ҷиноят заданд. Дар ин баёния омада буд, ки Дилшод Раҳматуллоев ва Шокир Исамуддинов ҳамагӣ се рӯз баъд аз тарки зиндон, вориди хонаи як сокини Душанбе шуда, пул ва дигар ашёи қиматбаҳои соҳиби хонавро рабудаанд.
Қонуни афв рӯзи 16 июни 2026 қабул шуд ва ба гуфтаи мақомот то 14-уми август нисбат ба 20 684 нафар татбиқ гардидааст, 14 343 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои ҷазои боқимонда озод шудаанд. Бар пояи қонун, бештар аз 8000 нафар аз зиндон раҳо шудаанд.
Таҳқиқоти гузашта дар Тоҷикистон нишон додааст, ки ба сабаби бекорӣ, мушкилоти фаровони иҷтимоӣ, душвориҳо дар роҳи бозгашт ба зиндагии маъмулӣ ва пайдо кардани кори муносиб, теъдоде аз зиндониёни собиқ дубора даст ба ҷиноят зада ва равонаи зиндон мешаванд.