Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни ҳамлаи хунин ба як қисми низомӣ дар Кобул. ВИДЕО


Кобул, 29-уми январи соли 2018.
Кобул, 29-уми январи соли 2018.

Шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон субҳи душанбеи 29-уми январ бори дигар шоҳиди ҳамлаи хунин шуд. Ҳамлаварон ин бор ба як қисми ҳарбӣ дар наздикиҳои Академияи низомии ба номи Маршал Муҳаммадқасим Фаҳимро ҳадаф қарор додаанд. Ин севумин ҳамлаи хунин давоми як ҳафтаи охир дар пойтахти Афғонистон мебошад.

Мақомоти афғон мегӯянд, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба яке аз қисмҳои низомии фирқаи 111-и Кобул бо кушта шудани чаҳор ҳамлавар ва панҷ сарбози артиши миллии Афғонистон поён ёфтааст.

Академияи низомии ба номи Маршал Муҳаммадқасим Фаҳим дар моҳи октябри соли гузашта низ мавриди ҳамла қарор гирифта буд ва бар асари он 17 донишҷӯ ҷон бохтанд.

Давлат Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ ҳамлакунандаи интиҳорӣ соатҳои 4-и субҳи душанбеи 29-уми январ ба яке аз бахшҳои низомӣ дар Кобул дар наздикиҳои Академияи низомии ба номи Маршал Муҳаммадқасим Фаҳим ҳамла бурданд.

Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон афзуд, ки дар ҷараёни даргирӣ бо нерӯҳои артиши миллӣ ду ҳамлавар худро интиҳор карданд ва ду тани дигари онҳо аз сӯи нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Вай гуфт, "аз душман чаҳор мил Калашников, як камарбанди интиҳорӣ ва як рокетандоз ба дасти нерӯҳои мо афтод". Ба гуфтаи сухангӯи вазорати дифои Афғонистон як ҳамлавари дигар боздошт шудааст.

Вай ҳамзамон кушта шудани панҷ сарбози артиши миллӣ ва захмӣ шудани 10 тани дигарро таъйид кард. Ба гуфтаи оқои Вазирӣ, ин ҳамла нахуст аз сӯи як нафар сурат гирифт ва пас аз он чаҳор ҳамлавари дигар вориди ин бино шудаанд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтааст.

Аз ин қабл фармондеҳи амнияти Кобул гуфта буд, ки фирқаи низомии 111 воқеъ дар ҳавзаи панҷуми амниятии пойтахти Афғонистон воқеъ дар чаҳорроҳии Қамбар, ки наздик ба Донишгоҳи низомии Муҳаммадқасим Фаҳим қарор дорад, мавриди ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ қарор гирифтааст. Академияи низомии ба номи Маршал Муҳаммадқасим Фаҳим дар моҳи октябри соли гузашта низ мавриди ҳамла қарор гирифта буд ва бар асари он 17 донишҷӯ ҷон бохтанд.

Ҳамла ба як қисми низомӣ дар Кобул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00

Ҳамлаи субҳи душанбе ба Академияи низомии Маршал Муҳаммадқасим Фаҳим дар ҳолест, ки ду рӯз қабл шаҳри Кобул шоҳиди хунинтарин ҳамла дар 16 соли ахир буд. Ҳамлаи рӯзи шанбеи 27-уми январ бо ду амбуланси пур аз маводи тарканда анҷом шуд. Бар асари ин ҳамла 103 нафар кушта ва 235 нафари дигар, аз ҷумла 23 пулис ҷароҳат бардоштанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтанд.

Ҳукумати Афғонистон ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни ҳамлаи хунини рӯзи 27-уми январ дар шаҳри Кобул, мотами миллӣ эълон кард. Бар асоси амри раиси ҷумҳур, парчамҳои Афғонистон дар идораи давлатӣ ва дар сафоратхонаҳо дар хориҷ нимаафрошта буданд. Айни замон дафни қурбониёни ҳамла идома дорад.

Беш аз 250 кушта ва захмӣ дар таркиши Кобул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толиб гуфт, ки бомбгузории маргбор кори дасти гурӯҳи онҳост. Ба гуфтаи мақомот, бомбгузорон мошини ёрии таъҷилии тиббиро гирифта ва тавонистаанд, бе мамониат аз посгоҳҳои амнияти гузаранд ва онро дар майдони Садорат, дар наздикии идораҳои давлатӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ тарконанд. Ба гуфтаи шоҳидон, қудрати таркиш ба ҳадде будааст, ки хонаҳои садҳо метр дуртарро ҳам такон додааст.

Рӯзи 20-юми январ низ шаҳри Кобул шоҳиди чунин як ҳамлаи хунин буд. Гурӯҳи Толибон ба меҳмонхонаи "Интерконтинентал" ҳамла бурданд ва 22 нафарро ба қатл расониданд. Ба гуфтаи мақомоти афғон, бештари қурбониёни ҳамла ба "Интерконтинентал" хориҷиҳо буданд.

XS
SM
MD
LG