Мақомоти амниятӣ дар Кобул мегӯянд, ки ҳамлаи мусаллаҳона бар ин меҳмонсарой, ки дар шарқи Фурудгоҳи байналмилилии Кобул воқеъ аст, поён ёфтааст. Ин ҳамла соати якуними шаб ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Ба гуфтаи манобеи амниятии Афғонистон, чаҳор марди мусаллаҳ ба ин маҳал ҳамла карданд ва бо нерӯҳои афғон даргир шуданд. Ба гуфтаи манбаъҳои амниятии афғон, ҳамлаварон пас аз як таркиш, дар дарвозаи вурудии ин меҳмонсарой, ба тирандозӣ пардохтанд.
Абдулғанӣ, як сокини шаҳри Кобул ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки "садои таркиши сахт моро аз хоб бедор кард. Дидем, ки нерӯҳои давлатӣ аз ҳар тараф расиданд. Мо надонистем, ки таркиш дар куҷо буд."
Садои ин таркиш дар бисёре аз минтақаҳо шунида шудааст ва пас аз ин ҳодиса ҷараёни барқ дар бисёре аз манотиқи Кобул қатъ шудааст.
Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст. Толибон иддао кардаанд, ки беш аз сад нафар дар ин ҳамла кушта ва захмӣ шудаанд. Аммо ин гуфтаҳо аз сӯи ҳеҷ манбаи мустақиле таъйид нашудааст. Маъруф аст, ки Толибон дар баёни шумораи кушташудаҳо ва захмиҳои ҳамлаҳои худ, оморро бештар нишон медиҳанд.
Шумораи дақиқи талафоти ин ҳамла эълон нашудааст. Як сухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон гуфтааст, ки вазъиятро баррасӣ мекунанд. Хабаргузории BBC аз қавли манбаъҳои худ гузориш додааст, ки дар ин ҳамла як корманди пулис ва як шахси ҳамлавар кушта шудаанд.
Ҳамла ба меҳмонсарои хориҷиён дар Кобул дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳудуди як ҳафта қабл дар ҷараёни тазоҳуроти "Ҷунбиши рӯшноӣ" дар минтақаи Деҳмазанги Кобул ҳамлаи интиҳорӣ сурат гирифт, ки бар асари он беш аз 80 нафар кушта ва ҳудуди 300 нафари дигар захмӣ шуданд.
ин оилахоро худо назар кардаги агар худо назар накунад дар бозори хар далол намеши Ман туба дакик мегуям кадоме президент шавад авал хеш бад дарвеш мегуяд одамеки ин коро намекунад ё одам нест ё ки аз ин олам нест
Иродаи мардаки надори омӯзгор
Ин айби калонҳост ки сахт намегиран ва ин ҳодисаҳое ки ин рузҳо дар Тоҷикистон рух медиҳад ин бо беназорат гузоштан мебошад Бояд ҳар духтуре ки бемор наздаш ҳаст ба ҷони худ қасам хӯрда кор кунам аммо сад афсус ки инҳо дар Ватани мо номаълум кай мешавад бояд ба ин корҳояшон ҷозо дода шаванд..!
Додситонии шахри Кулоб холо аз ухдаи хамон лотобозони шахр бароянд, баъд хулосаи зарурриро мебарорем.
Ачаб сабре Худо дорад