Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати пасазинтихоботии Кабирӣ ба шукр ва сабру тамкин


Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи пасазинтихоботии ҲНИТ
Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи пасазинтихоботии ҲНИТ

Раиси ҲНИТ баъди шикасти ҳизбаш дар интихобот тарафдоронашро ба сабру тамкин хонд ва гуфт, онҳо барои барқарор кардани ҳаққи худ талош хоҳанд кард, вале дар чорчӯби қонун.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) баъд аз зӯҳри 2 март дар ҷаласаи пасазинтихоботии ин ҳизби мухолиф дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе дар вокуниш ба эълони натоиҷи расмии муқаддамотии интихоботи парлумонии рӯзи 1 март тарафдоронашро боз ҳам ба сабру тамкин даъват кард. Ӯ гуфт, раҳбарони ҳизб барои барқарор кардани ҳаққи ҲНИТ талош хоҳанд кард, вале танҳо дар чорчӯби қонун.

Тибқи натоиҷи эълоншуда, ҲНИТ ҳамагӣ 1,5 дарсад раъй гирифта, садди 5-дарсадии лозим барои вуруди вакилонаш ба Маҷлиси намояндагон - маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистонро убур карда натавонист ва барои бори нахустин дар 15 соли вуҷуди ин маҷлис берун аз парлумон монд. ҲНИТ дар се интихоботи гузаштаи парлумонӣ аз 7 то 9 дарсад раъй оварда, дар Маҷлиси намояндагон ҳар се дафъа ду курсӣ мегирифт.

Натиҷаҳои расман эълоншуда аъзо ва тарафдорони ҲНИТ-ро, бино ба гузоришҳои расида, дар ҳоли ҳам шок ва ҳам яъсу навмедӣ андохтааст. Аммо Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи пасазинтихоботии ҳизбаш зимни натиҷагирӣ аз корзори интихоботии ҲНИТ тарафдоронашро ба шукргузорӣ ва сабр даъват кард ва аз ҷумла гуфт, "бандаи муъмину мусалмон бояд, ки Худовандро шукр бигӯяд, барои ҳар дақиқа нафас кашидан, барои ҳар неъмату мусибате, ки болояш меояд. Ва хубии мо мусалмонҳо дар ҳамин аст, ки дар ҳама ҳолат бурд дорем. Агар ба неъматҳои Худо шукр кардем бурд дорем, агар ба рӯзҳои душвораш сабр кардем, бурд дорем."

Ӯ ҳамчунин гуфт, пирӯзӣ дар маъракаҳое, чун интихобот "рафтани чанд нафар ба парлумон ё рақами 5-10-70-80 нест", балки, ба ақидаи ӯ, бояд . "меъёр райъи воқеии мардумро қарор бигирем, на он чизе ки эълон карда шуд ё мешавад."

Видеои суханронии Кабирӣ. Қисми 1

Оқои Кабирӣ дар идомаи суханрониаш хитоб ба фаълони ҷамъшуда дар қароргоҳи марказии ҲНИТ гуфт, онҳо набояд дар интихоби шеваи вокунишашон ба натиҷаҳои эълоншуда ба шитоб роҳ дода, ба нирӯҳои фурсатталаб дастак бидиҳанд: "Яке аз вижагиҳои сиёсати мо, ки аз замони устодону бузургоне, ки дар таъсис додану рушди ин ҳизб саҳм доштанд ин буд, ки ҳамеша тасмимҳои ҷиддиро дар ҳолати оромиву субот мегирифтанд, ки натиҷаи хуб медоданд... Кишвари мо имрӯз аз ҳама вақти дигар дида, бештар ниёз ба суботи дохилӣ дорад, омилҳои зиёди таҳдидкунанда дар атроф ҳастанд, минтақа ноором аст."

Раиси ҲНИТ афзуд, омилҳое чун эҳтимоли афзоиши шумори бекорон, коҳиши қурби пули миллӣ ва амсоли ин зиёд умедворкунанда нестанд ва "мутаассифона, барои мо як ояндаи осонро нишон намедиҳанд, балки як ояндаи душворро нишон дода истодаанд."

Муҳиддин Кабирӣ таъкид кард, ки дар ин шароит Тоҷикистон барои халосӣ аз ин бӯҳронҳо ба як суботи дохилӣ ниёз дорад ва ин "суботи дохилӣ ҳамон вақт ба даст меояд, ки байни ҳукумат ва раъият, ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми тарафайн вуҷуд дошта бошад."

Оқои Кабирӣ ба дунбол аз тарафдоронаш хост, ҳамон 58 ҳазореро, ки ба ҲНИТ нисбат додаанд, асос қарор бидиҳанд ва аз номи ҳамин миқдори мардум ҳарф бизананд: айни ҳукумат ва 58 ҳазор аъзои ҲНИТ бояд ҳамдигарфаҳмӣ бошад, агар мо субот мехоҳем... вале ин ба он маъно нест, ки мову шумо аз ҳаққи худ, аз манфиатҳои худ ҳимоят накунему дифоъ накунем. Сабр, таҳаммул ва талош бояд барои субот ин бояд бошад ва инчунин дар паҳлӯяш дифоъ аз ҳаққи худ ва талош кардан барои расидан ба адолат, қонун ин ҳамаро муайян кардааст, роҳро пешбинӣ кардааст ва иншоаллоҳ роҳбарияти ҳизб, масъулони ҳизб қадам ба қадам дар чорчӯби қонун талош мекунанд, ки ҳаққи ҳар як узви ҲНИТ ва тарафдори ҳизб риояву барқарор шавад."

Видеои суханронии Кабирӣ. Қисми 2

Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 2 март, билофосила баъди нашри натиҷаҳои муқаддамотии интихобот, вақте ҳанӯз таҳти таъсири ин арқоми барояш боварнокарданӣ қарор дошт, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “мо ин натиҷаро аслан қабул надорем.”

Ӯ афзуд, “мо ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ хоҳем дошт ва баҳои ниҳоии худро эълон хоҳем кард. Мо аз ин натиҷа розӣ нестам.” Ӯ гуфт, бо вуҷуди фишор болои ҲНИТ, “чунин натиҷаро ҳеч кас пешбинӣ намекард.” Вай мегӯяд, “фикр мекунам, интихобот пуртақаллуб буд ва зарараш пеш аз ҳама ба ҳукумат мерасад.”

​Дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин бора, ки оё фикр намекунад, бе ҷой мондани ҳизбаш ишорае ба бастани ҲНИТ дар оянда аст, Муҳиддин Кабирӣ гуфт: “Тақдири ҳар ҳизбро қонун муайян мекунад. Мо ошкор кардем, ки ҳизбӣ мардумӣ ҳастем ва хоҳем монд. Фикр намекунам, ин кор ба маънои баста шудани ҳизб бошад. Ҳеҷ далеле барои бастани ҲНИТ вуҷуд надорад.”

Сӯҳбати Кабирӣ бо Озодӣ

Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи 2 март натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро эълон кард.

НАТИҶАҲО:

Ҳизби аграрӣ - 450 ҳазору 275 нафар, яъне 11,8 фоиз

Ҳизби демократ - 64 ҳазору 547 нафар, яъне 1,7 фоиз

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 288 ҳазору 308 нафар, яъне 7,6 фоиз

Ҳизби коммунист - 87 ҳазору 12 нафар, яъне 2,3 фоиз

Ҳизби наҳзати исломӣ - 58 ҳазору 27 нафар, 1,5 фоиз

Ҳизби сотсиалист - 210 ҳазор нафар, яъне 5,5 фоиз

Ҳизби сотсиал-демократ – 18 ҳазор нафар, яъне 0,5 фоиз

Ҳизби халқии демократӣ - 2 миллиону 474 ҳазор, яъне 65,2 фоиз.

Танҳо аҳзобе, ки аз 5 дарсад ва ё аз он бештар раъй гирифтаанд, соҳиби мандат ё курсӣ дар Маҷлиси намояндагон мешаванд. Ба ин тартиб, дар ҳайати ояндаи маҷлиси поёни ипарлумони Тоҷикистон ҳизби халқии демократӣ соҳиби 16 мандат, ҳизби аграрӣ 3, ислоҳоти иқтисодӣ 2 ва сотсиалист соҳиби 1 мандат мешаванд. Аммо ҳизбҳои наҳзати исломӣ, коммунист, демократ ва сотсиал-демократ, ки аз 5 фоиз камтар раъй овардаанд, ҳаққи ворид кардани ягон номзад аз рӯйхатҳои ҳизбиашонро нахоҳанд дошт.

Аммо бо вуҷуди ваъдаи Муҳиддин Кабирӣ ба фаъолони ҲНИТ, ки барои барқарор кардани ҳаққи онҳо тамоми талошро хоҳанд кард, нозирони умур баъид медонанд, ки аз дасти ин ҳизб дигар кори зиёде биояд. Ба бовари аксар, муносибат ба гурӯҳҳои исломӣ дар ҷаҳони имрӯза ба суратест, ки ягон ниҳоди байналмилалӣ ба хотири талаби ҳаққи аздастдодаи ҲНИТ равобиташро бо мақомоти Душанбе вайрон намекунад.

Низоми додгоҳии Тоҷикистон низ гумон аст, ки ба хотири "аз хамир ҷудо кардани мӯ"-и интихоботи 1 март ва дифоъ аз ҲНИТ дастбакор шавад. Ба ин далел бовари умумӣ ин аст, ки шикоятҳои ҲНИТ чӣ ба додгоҳҳои Тоҷикистон ва чӣ ба созмонҳои байналмилалӣ натиҷае барояш нахоҳанд овард ва 5 соли оянда парлумони Тоҷикистон барои бори аввал аз замони имзои созишномаи сулҳи тоҷикон бидуни зуҳури вакилони исломгаро фаъолият хоҳад кард.

Танҳо паёмади шикасти ин ҳизб дар интихобот, ба бовари бисёриҳо, тағйироти кадрӣ дар раҳбарии худи ҲНИТ хоҳад шуд. Чизе ки зоҳиран мақомот низ чанд сол боз дар фикраш буданд.

Инро дар доираҳои дохилии ҲНИТ низ аз эҳтимол дур намедонанд. Тавре яке аз аъзои собиқадори ин ташаккули мухолиф ба Озодӣ гуфт, "баъди инки ду курсии вакилии меросмонда аз замони Саид Абдуллоҳи Нуриро ҳифз карда натавонист, давраи Кабирӣ зоҳиран бо ҳамин сар омад ва киштии ҳизбро аз ин баъд ягон нафари дигар пеш хоҳад бурд."

XS
SM
MD
LG