Нахуст рӯзи шанбеи 8-уми август дар варзишгоҳи “Вахш”-и шаҳри Бохтар бозии ҷавобии даври чорякниҳоӣ миёни дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки намояндаи лигаи якум аст ва тими лигаи олӣ - “Эсхата”-и Хуҷанд – доир гардид. Ин бозӣ бо пирӯзии “Эсхата” бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Дар бозии аввали чорякниҳоӣ низ “Эсхата” дар майдони худ бо чунин ҳисоб пирӯз шуда буд. Футболбозони Хуҷанд аввалин шуда ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
8-уми август боз як бозии ҷавобии чорякниҳоӣ байни тимҳои лигаи олӣ – “Истаравшан”-и Истаравшан” ва “Сардор”-и Турсунзода - барпо гардид. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Бозии аввал дар шаҳри Турсунзода бо пирӯзии “Сардор” бо ҳисоби 2:1 хотима ёфта буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Сардор” ба нимфинал баромад.
Бозии сеюми ҷавобии чорякниҳоӣ рӯзи якшанбеи 9-уми август байни ду дастаи лигаи олӣ – “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Вахш”-и Бохтар – сурат гирифт. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:0 анҷом пазируфт. Дар бозии аввал низ “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд. Хуҷандиҳо ба нимфинал роҳ пайдо карданд.
Дар бозии чаҳоруми ҷавобии чорякниҳоӣ рӯзи душанбеи 10-уми август дастаҳои лигаи олӣ – “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва “Равшан”-и Кӯлоб – рӯбарӯ шуданд. Бозӣ дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Бозии аввал дар шаҳри Кӯлоб бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 хотима ёфта буд. “Равшан” ба нимфинал баромад.
Ба ин тартиб, ғолибони марҳалаи чорякниҳоӣ аз рӯйи натоиҷи ду бозӣ муайян шуда, ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 роҳ пайдо карданд. Дар нимфинал “Эсхата” бо “Сардор” ва “Равшан” бо “Хуҷанд” бозӣ хоҳанд кард.
Маблағи умумии ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби Ҷоми миллӣ бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Ба иштироккунандаи бозии ниҳоӣ 100 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 дар варзишгоҳи "Вахш"-и шаҳри Бохтар барпо хоҳад шуд.
Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2026 соҳиби роҳхат ба Лигаи даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2027/28 мегардад.
Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 35-ум сурат гирифтааст. Ҷоми миллиро аз ҳама бештар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе (10 бор) ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода (8 бор) ба даст овардаанд.
Соли гузашта “Регар-ТадАЗ” дар бозии ниҳоӣ дастаи «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода буд.
Гуфтугӯ