Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти додрас, додситон ва адвокат дар толори додгоҳ


Дар айни муҳокимаи парванда гурӯҳи махсуси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон вориди додгоҳи шаҳри Гулистон шуд ва додрас, додситон ва адвокатро боздошт намуд.

Дар Узбакистон додрас, додситон ва вакили мудофеъро дар айни муҳокимаи парванда аз толори додгоҳ дастгир кардаанд.

Манзараи боздошт барои ҳозирон филми моҷароҷӯёнаро ба ёд меовард. Додраси парванда ва ҳамзамон раиси Додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Сирдарёи Узбакистон Абдураззоқ Шерқӯзиев талаби айбдоркунандаи давлатӣ Шукрулло Норҷигитовро дар мавриди шахсеро мешунид, ки ба авбошӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешуд. Ногаҳон чанд нафар бо либосҳои одӣ ва чанд сарбоз вориди толор шуда, ҷараёни муҳокимаро ба ҳам заданд. Онҳо додрас, айбдоркунандаи давлатӣ ва ҳам вакили дифои айбдоршаванда Комилҷон Раҳмоновро боздошт карданд. Дасти онҳоро бастанд ва бо худ бурданд. Муҳокима нотамом монд.

Ин воқеа, ки рӯзи 27 август, ҳангоми баррасии парвандаи шаҳрванди 25-солаи Ӯзбакистон, ки ба авбошӣ ва таҷовуз ба номус айбдор мешуд, рӯй додаааст. Додрас, додситон ва адвокат аз тарафи гурӯҳи махсуси Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон бо гумони гирифтани пора аз наздикони айбдоршаванда боздошт шудаанд.

Як корманди додгоҳи шаҳри Гулистон ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, муфаттишони Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ҳоло боздоштшудагонро дар бобати гирифтани пора пурсуҷӯ мекунанд.

Аммо як манбаи дигар дар ин шаҳр ба хабарнигори Озодӣ гуфтааст, ин фарзия низ вуҷуд дорад, ки наздикони зани таҷовузшуда ба додрас, айбдоркунандаи давлатӣ ва вакил пора додаанд, то ба ҷавон ҷазои шадидтар дода шавад. Аммо корманди додгоҳи шаҳри Гулистон ин фарзияро рад кардааст.

Манбаи Озодӣ ҳамчунин гуфтааст, ки бо вуҷуди ҳабс шудани додрас Абдураззоқ Шерқӯзиев номи ӯ дар ҷадвали муҳокимаҳои баъдӣ дар ин додгоҳ боқӣ мондааст ва маълум нест, ӯ то он рӯз озод хоҳад шуд ё на.

Нозирони вазъ дар Узбакистон мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки ин боздошт дар чаҳорчӯби маъракаи «поккорӣ»-и ниҳодҳои интизомӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар маърака дар 2-3 моҳи охир як силсила кормандони шӯъбаҳои умури дохилӣ, додситонӣ, гумрук, умури беҳдошт ва ғайра боздошт шуда, дар маҳбас ба сар мебаранд.

Ҳафтаи гузашта ҳамчунин сардори раёсати Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар вилояти Қашқадарё Иброҳим Деҳқонбоев ва чанде аз ҳамкорони ӯ боздошт шуданд. Пеш аз он 12 корманди Хадамоти амнияти Узбакистон боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум гаштанд.

XS
SM
MD
LG