Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдории Қазоқистон аз ташаббуси Амрико барои қатъи ҷанг дар Ғазза


Навори Ғазза
Навори Ғазза

Остона ҷонибдории қатъии худро аз талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эътидоли вазъ дар Ховари Миёна баён кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 4-уми июн бо нашри изҳороте аз ташаббуси сулҳи Амрико истиқбол кард.

"Мо аз ташаббуси сулҳи Кохи Сафед, ки муқаррароти асосии он эъломи оташбас миёни Исроилу “Ҳамос”, раҳоии гаравгонҳо, расонидани кумаки башардӯстона ва барқарорсозии минбаъдаи навори Ғазза бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, истиқбол мекунем", - омадааст дар изҳороти вазорат.

Ҷо Байден, президенти Амрико, рӯзи 31-уми май тарҳи оташбасро дар Ғазза, ки гуфт, аз ҷониби Исроил пешниҳод шудааст, дар саҳифааш дар шабакаи “X” (Твитери собиқ) эълон кард.

Дар марҳилаи аввал ҷанг бояд барои шаш ҳафта мутаваққиф шавад. Дар ин муддат нерӯҳои Исроил бояд аз маҳаллаҳои сераҳолӣ берун шуда, садҳо асири зиндонии фаластиниро озод кунанд. Дар иваз “Ҳамос” гаравгонони маҷруҳ, зан ва пиронсолонро раҳо созад. Исроил бояд бигзорад, ки шаҳрвандони фаластинӣ ба хонаҳояшон баргарданд ва кумакҳои бештар ворид шавад.

Дар марҳилаи дувум, неруҳои Исроил бояд батамом аз Ғазза берун шаванд ва дар иваз “Ҳамос” тамоми гаравгонони боқимонда ва сарбозони исроилиро озод кунад. Агар музокирот аз 6 ҳафта ҳам зиёдтар шуд, созиши оташбас бояд барҷой монад.

Дар марҳилаи саввум ва ниҳоӣ, барқарорсозии Ғазза бояд оғоз ёбад ва тамоми ҷасадҳои гаравгонони ҳалокшударо ба Исроил баргардонанд.

XS
SM
MD
LG