Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми CAFA аз Эрон шуд. Тоҷикистон бе медал монд


Тими мунтахаби духтарони то 18-солаи Эрон дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024, ки аз 21-ум то 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе доир гардид, ғолиб шуд.

Дар ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифт, дастаҳои мунтахаби духтарони то 18-солаи Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доштанд.

Дар даври аввали мусобиқа Қирғизистон бар Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ва Эрон бар Узбекистон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд.

Дар даври дуюм футболбоздухтарони тоҷик бозиро ба ҳамсолони худ аз Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 бохтанд, тими Эрон ба дарвозаи дастаи Туркманистон ҳафт голи беҷавоб зад.

Дар даври сеюми мусобиқа Узбекистон бар Қирғизистон бо ҳисоби 6:1 ва Тоҷикистон бар Туркманистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд.

Дар даври чаҳорум Узбекистон Туркманистонро бо ҳисоби 9:1 ва Эрон Тоҷикистонро бо ҳисоби 5:0 шикаст доданд.

Дар даври панҷум Тоҷикистон аз Узбекистон бо ҳисоби 0:7 мағлуб шуд. Бозии Қирғизистону Эрон бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар ҷадвал тими Эрон бо касби 10 имтиёз соҳиби мақоми аввал шуд. Дастаи Узбекистон бо касби 9 имтиёз ҷойи дуюмро азони худ кард. Дастаи Қирғизистон бо касби 7 имтиёз ҷойи сеюмро гирифт.

Дастаи мунтахаби духтарони то 18-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Ҳикмат Фузайлов бо касби 3 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол кард. Тими Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ тими Эрон бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло, дастаи Узбекистон бо медалҳои нуқра ва мунтахаби Қирғизистон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Инчунин ба дастаи Туркманистон ҷоизаи Fair Play (Бозии шаффоф) супурда шуд. Дастаи Тоҷикистон бо ҷоизаи вижа сарфароз гашт.

Ба Сумая Исмоилӣ аз тими Эрон ҷоизаи бозигари аз ҳама судманд тақдим гардид. Ҷоизаи нишонзани беҳтарини мусобиқа насиби Шаҳноза Деҳқонбоева аз дастаи Узбекистон шуд

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

Эрон

4

3

1

0

17-3

10

2

Узбекистон

4

3

0

1

24-6

9

3

Қирғизистон

4

2

1

1

8-8

7

4

Тоҷикистон

4

1

0

3

4-15

3

5

Туркманистон

4

0

0

4

2-21

0

XS
SM
MD
LG