Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати "Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ" дар ҷанги Сурия


 "Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ", акс аз Интернет
"Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ", акс аз Интернет

Як сомонаи интернетии марбут ба ҷангиҳои хориҷии ҷанги Сурия менависад, ки ахиран дар ҷангҳои зидди нирӯҳои Башор Асад дар ин кишвари арабӣ боз як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд.

Як сомонаи интернетӣ, ки ба забони русист ва худро “сомонаи муҳоҷирону ансори Шом” муаррифӣ мекунад, дар баробари ҳалокати як қазоқу як доғистонӣ аз кушта шудани як шаҳрванди тоҷик бо номи зоҳиран мустаори "Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ" дар ҷангҳои Сурия хабар додааст. Ин дастикам чорумин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар Сурия кушта шудаанд.

Бино бар ин манбаъ, “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” зодаи минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон буда, баҳори соли 2013 баа Сурия омада ва ба гурӯҳи мавсум ба “Коммандос”, бахше аз "Ҷайш-муҳоҷирин -вал- ансор", ки алайҳи нирӯҳои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад меҷангад, пайвастааст.

Сомонаи “Ахбори Шом” аз ӯ ҳамчун як “муҷоҳид”-и далеру тавсиф карда, навиштааст, ки “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” ду дафъа - як бор дар минтақаи Ҷазира дар пои кӯҳи Шувайҳа аз панҷаҳои дасташ ва бори дувум аз тири снайпере, ки дар ҳамин Шувайҳа камин гирифта буд, аз пояш тир хӯрда буд.

Ин сомона менависад, “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” субҳи 22 март, ҳангоми ҳамлаи чирикиҳо ба баландтарин нуқта дар кӯҳи Шувайҳа, ки дар дасти нирӯҳои Башор Асад буд, дар хатти аввал қарор дошт, вале ҳангоми задухӯрд “баробари дидани нирӯҳои душман нотарсона сар боло кард ва зидди онҳо оташ кушод, вале баъди чанде тири адӯ аз пояш афканд.”

Тасдиқи иттилои омада дар ин сомона аз ҷониби манобеи дигар дар ҳоли ҳозир ғайримумкин ба назар мерасад. Ва ҳам ба ҷуз аз як акс ва лақаби ин ҷангии тоҷик маълумоти дигаре ҳанӯз дастрас нест, ки ҳуввияти ӯро маълум карда битавонад. Агар касе ки аз акс бишиносад, ки ин нафар кист, ба мо бинависед.

Аммо хабари кушта шудани боз як тоҷик дар ҷангҳои Сурия дар ҳолест ки дар ин авохир аз Тоҷикистон дар бораи боздошту маҳкум ба зиндон шудани афрод бо гумони ширкат дар ҷангҳои Сурия ва ҳатто ҷалби афроди дигар барои ширкат дар ин ҷанг гузоришҳо мерасанд.

Дар авоили моҳи март мақомоти умури дохилаи Кӯлоб аз боздошти Давлат Чолов, бародари фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Қурбон Чолов хабар доданд. Ҷумъахон Назаров, раҳбари пулиси Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, бародари фармондеҳи бонуфуз ба гумони қасди сафарбар кардани ҷавонони маҳаллӣ барои ширкат дар ҷангҳои Сурия боздошт шудааст ва феълан таҳқиқи парвандаи ӯ идома дорад.

Давлат Чолов дар соли 2003 бо ҷурми таҷовуз ба номус ва куштор маҳкум ба зиндон шуда, вале баъди раҳоияш ба тиҷорат пардохтаву силсилаи дӯкону ошхонаҳо доштааст ва барои таъмини нуқтаҳои савдояш ба Туркия равуо мекард. Манобеи Озодӣ мегӯянд, гӯё ӯ аз Туркия муддате ба Сурия сафар кардааст.
Баҳриддин Мӯъминов
Баҳриддин Мӯъминов
Қабл аз он, дар поёни соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи макотиби олии Сурияро бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои зидди режими Башор Асад боздошт ва дусолӣ маҳкум ба зиндон карда буд. Баъдан дар як барноммаи телевизионӣ Баҳриддин Мӯъминов, зодаи ноҳияи Восеъ ва яке аз ин маҳкумшудагон эътироф кард, ки ҳам ӯву ҳам падараш узви ҳизби мухолифи наҳзати исломианд.

Ахиран мақомоти амниятии вилояти Хатлон дар бораи ҳалокати ду зодаи шаҳри Кӯлоб ва як зодаи Восеъ дар ҷангҳои Сурия хабар доданд. Бархе манобеъ дар бораи ширкати аз 150 то 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад дар он кишвари дури арабӣ сӯҳбат мекунанд. Дар Интернет ҳатто қиссаи як тоҷики 9-сола бо номи Аҳмад чарх мезанад, ки гӯё дар Сурия дар лобалои бозиҷояш бо кӯдакони дигар барои "муҷоҳидон"-е ки аз Туркияву Русия ба Сурия барои "ҷиҳод" омадаанд, тарҷумонӣ мекардааст.
Ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар Сурия
Ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар Сурия
Ҳузури атбоъи Тоҷикистон дар фосилаи қариб 4000 километр дурӣ дар ҷанги шаҳрвандии Сурия мақомоти Душанберо сахт нигарон кардааст. Раиси кумитаи амният ва дифоъи порлумони Тоҷикистон Амирқул Азимов қаблан гуфта буд, ки бояд ҳамаи ин ҷангиҳои тоҷик аз Ховари Миёна пас оварда шаванд: «Воқеан ҳузури онҳо дар нооромиҳои Сурия боиси нигаронӣ аст. Мо ҳамаи талошҳоро ба харҷ хоҳем дод, ки ин афрод ба Тоҷикистон баргардонида шаванд.»

Як мояи дигари нигаронӣ, бахусус барои мақомоти амниятии вилояти Хатлон ин аст, ки дар робита ба ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия бештар аз ҳама дар бораи зодагони минтақаи Кӯлоб сӯҳбат мешавад. Се нафаре, ки дар бораи ҳалокаташон дар Сурия қаблан гузориш шуда буд, яке аз Восеъ ва дуи дигар аз шаҳри Кӯлоб буданд.

Бино ба иддаои “Ахбори Шом”, “Абӯ Аҳмад Тоҷикӣ” ҳам, ки рӯзи 22 март кушта шудааст, аз минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон аст ва ба навиштаи ин сомона ба ин далел дар Сурия ҳатто мазамматаш ҳам мекардааст, ки “чаро мардуми шумо дар Тоҷикистон зидди исломиҳо меҷангиду ту ҳоло дар сангари ҷиҳодӣ?”

Баҳриддин Мӯъминов, аз ҷумлаи 5 донишҷӯе ки бо ҷурми ширкат дар ҷанги Сурия равонаи зиндон шуд, низ аз ноҳияи Восеъи минтақаи Кӯлоб будааст. Ва Давлат Чолов, бародари Қурбон Чолов низ аз шаҳри Кӯлоб аст.

Ҷангҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад, ки аз ақалияти мазҳабии шиаҳои алавӣ намояндагӣ мекунад, аз баҳори соли 2011 ба ин сӯ, се сол боз идома дошта, бино ба ҳисобҳо, шумори кушташудаҳо дар ин ҷанг ҳанӯз дар октябри соли 2013 аз 115 000 нафар гузашта буд. Бахши аъзами мухолифони Асад аз пайравони маҳазби суннианд, ки аксари аҳолии Сурияро ташкил медиҳанд, вале дар тақсими қудрат саҳми нисбат ба алавиҳо камтар доранд. Ҷалби ҷангиён аз хориҷ ба ҷанги Сурия низ асосан таҳти шиорҳои даъват ба ваҳдати сунниҳо дар муқобили аҳли ташайюъ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG