Пайвандҳои дастрасӣ

Магар ҳамин мусулмонист? - суоли се волидайн аз Тоҷикистон. ВИДЕО


Майрамбӣ Олимова

Волидони баъзе ҷавонони тоҷик, ки ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, мегӯянд, коре ки фарзандонашон кардаанд, на ба шариати ислом мувофиқ аст ва на ба қонунҳои илоҳӣ.

Яке аз онҳо мегӯяд, ҳеҷ интизор надошт, ки фарзанди бо азоб парвардааш фирефтаи гурӯҳҳои тундрав мешавад ва ба ҷое меравад, ки мусулмон гиребони мусулмонро мегираду мекушад.

Дигарӣ мегӯяд, баъди рафтани фарзандонаш ба Ховари Миёна сараш хам ва худаш ангуштнамои мардум шуд ва номи нафратангези “падари террорист”-ро гирифт. Аз замони зуҳури гурӯҳи ба ном "Давлати Исломӣ" дар Ховари Миёна дар соли 2014 садҳо ҷавони тоҷик ба Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи ин гурӯҳ ва дигар созмонҳои ифротии исломӣ пайвастаанд.

Даҳҳо нафарашон дар ҷангҳо аз тарафи ин гурӯҳ кушта шудаанд ва сарнавишти садҳо нафари дигар номаълум аст. Баъди ҳамлаи маргбори рӯзи 31-уми октябр дар шаҳри Ню-Йорк, ки 8 кушта бар ҷой гузошт, Радиои Озодӣ ба суроғи се волидайне рафт, ки сарнавишти шабеҳ доранд. Аз онҳо пурсид, ки назарашон ба ҳамлаҳои маргталабонаву ба истилоҳ "ҷиҳод" чӣ аст?

Ду мусоҳиби Радиои Озодиро фарзандонашон танҳо гузошта ба Ховари Миёна рафтаанд ва яке мунтазири ягона духтарест, ки шавҳараш ӯро ба Сурия бурдааст.

Ҳусайн Амиршоеви 34-сола - писари Гулсунбӣ Шарифова, сокини Кӯлоб охири соли 2014 ба Сурия рафта ва дар ҷанг кушта шудааст. Модараш мегӯяд, дар ғами фарзанд бемор шуд, аммо агар ҷигарбандаш роҳи терроризм пеша карда бошад, намебахшад. Ба қавли ӯ, коре ки ифротиён мекунанд, “ҷиҳод” нест ва онро Худо ҳам маҳкум мекунад. “Фарзандони дигар бояд ибрат бигиранд ва ба ин роҳ нараванд”, - мегӯяд Гулсунбӣ Шарифова.

Духтари Майрамбӣ Олимова, сокини дигари шаҳри Кӯлобро ғами духтари ягонааш ҷигархун кардааст. Домодаш духтари ӯ Гулрӯ Олимоваро бо чаҳор фарзанд ба Ироқ бурдааст. Домодро дар кадом ҷанге куштаанд, духтару наберагонаш бедараканд. Ӯ мегӯяд, ончи ки "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ анҷом медиҳад, “ваҳшигарист”, на ислом.

“Дар ҳамаи ҷо бомба мекафонанд, ҳамдигарро мекушанд, аз як тараф кӯдакон кушта мешаванд. Ҳамин ислом аст? Ин ислом нест, ваҳшигарист”, - мегӯяд, Майрамбӣ Олимова. “Тухми онҳоро Худо аз рӯи Замин пок кунад”- гуфт модари тоҷик.

Се фарзанди Шариф Шербеков, сокини ноҳияи Қубодиён ҳам ӯро танҳо гузоштаанду ба Ховари Миёна рафтаанду ба қавли худаш ӯро сархам кардаанд. “Бегуноҳ одамонро мекушанд, ҳатто кофир ин корро намекунад. Ду сол шуд хун мехӯрам, чаҳор нафар ҷамъ мешаванд, мегӯянд, падари террористро бин” – мегӯяд, Шариф Шербеков.

Сӯҳбати онҳоро худатон бубинед.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG