Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши "ҷиҳодиён"-и асирафтода дар Афғонистон. ВИДЕО


Афғонистон гурӯҳе аз ҷангҷӯёнро ниқоб дар рӯй ва завлона дар даст намоиш дод.

Мансабдорони вилояти Қандаҳори Афғонистон гуфтанд, дар амалиёти хадамоти амнияти миллӣ 30 ҷангҷӯйро асир гирифтанд. Онҳо асосан пайрави Толибон ва гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” мебошанд.

Ҳаётуллоҳ Ҳаёт, волии Қандаҳор гуфт, "ин гурӯҳ аз 27 толиб ва 3 шаҳрванди Покистон иборат аст. Онҳо аъзои созмони “Ҳофиз Саид” ё “Лашкари Таййиба” буда, мехостанд ба воситаи минтақаи Спин Булдаки вилояти Қандаҳор ба вилояти Кунор раванд ва дар шарқи Афғонистон ба сафи ДОИШ пайваста, бар зидди давлати исломии Афғонистон биҷанганд.”

Яке аз асирон бо номи Аҳмад Ҳомид сабаби пайвастан ба сафи даҳшатафканонро чунин шарҳ дод:

“Дӯстам ба ман гуфт, ки мо бояд ба Афғонистон рафта, ба бародарони мусулмонамон кумак расонем. Ӯ афзуд, ДОИШ бар зидди ҳукумати Афғонистон меҷангад. Агар медонистам, ки ин ҷо ҳама мусулмононанд, ҳеҷ гоҳ намеомадам.”

Раёсати амнияти миллии Афғонистон таъкид мекунад, ки асирон ҳамагӣ дар терроризм даст доранд. Онҳо бо таҳияи ҳамлаҳо ба рӯҳониён ва мансабдорони амниятӣ муттаҳам мешаванд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Намоиши ҷиҳодиёни асирафтода дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG