Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ. Ҷӯрабоев: «Ҷавонҳои тоҷик бовар надоранд, ки дар оянда Роналдо ё Мессӣ бишаванд»


Рассоми тоҷик, ки дар Лондон дар соҳаи дизайну фанновариҳои 2D кор мекунад, афсӯс мехӯрад, ки бисёр ҷавонҳои тоҷик шароитеро, ки зиндагӣ барояшон пешниҳод мекунад, бечунучаро қабул мекунанд.

Ҷамшед Ҷӯрабоеви 33-сола як рассом, тавре худаш мегӯяд, рассоми конспетулаӣ ва тарроҳ аст, ки барои сохтани филмҳову реклама кор мекунад. Ҳоло ӯ дар ширкати MPC-и Лондон кор мекунад. Моли ӯ ҳоло бештар дар бозори синамову рекламаи ғарб ва Русия харидор дорад, чун рассоми фанновариҳои нав аст.



Ҷамшед Ҷӯрабоев - меҳмони радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:45 0:00
Линки мустақим




Вай бо ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ карда, дар эҷоди филми “Утомленные солнцем 2", "Обида”, «Ҳомиёни Галактика», «Перси Ҷексон-2» ва ғайра ҳамчун рассом ва тарроҳ саҳм гирифтааст. Дар сӯҳбат ихтисосиаш бо радиои Озодӣ Ҷамшед дар бораи кору фаъолияти худ маълумот дод.




Ҷамшед мегӯяд, ки вақте ҳамсолонаш дар охири солҳои 1990-ум мехостанд бо тафреҳу хушгузаронӣ машғул шаванд, ӯ аз паи омӯзиш ва таҳсил буд, чунки бисёр мехост, ки дар зиндагиаш чизеро тағйир диҳад. Вай мегӯяд, ба ҳеҷ сурат ҳадафаш “сарватманд ва ё маъруф” шудан набуд. “Мақсади ман омӯзиш ва касби ихтисос буд, ман соатҳои зиёд аз хона набаромада зиёд мехондаму меомӯхтам ва ҳамеша мутмаин будам, ки вақте инсон бо сари хам ва хоксорона аз паи ҳадафаш меравад, ба ҳадафаш мерасад".


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим



Пулу шӯҳрат, мегӯяд ӯ, ҳадафи зиндагӣ буда наметавонад. Ӯ мегӯяд, таҷрибаи зиндагиаш нишон дод, ки бисёр ҷавонҳои тоҷик “бовар надоранд, ки метавонанд Роналдо ё Мессии оянда шаванд ва шароитеро, ки зиндагӣ барояшон пешниҳод мекунад, бечунучаро қабул мекунанд”. Ба андешаи ӯ, ин як иштибоҳи сартосарӣ аст, ки боиси сархам шудани мардум дар муҳоҷирати корӣ ва таҳаммули сахтиҳову беҳуқуқиҳо шудааст.

Шакли пурраи ин сӯҳбатро ин ҷо тамошо кунед:



Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома

Шояд инҳо ҳам писандатон ояд

XS
SM
MD
LG