Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хамес Родригес - ситораи наве ҳампои Мессӣ ва Неймар?


Хамес Родригес
Хамес Родригес

Аксари тимҳои миллӣ дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014, тавре ба назар мерасад, бо шарофати бозии хуби ситораҳои алоҳидааш пешрафт мекунанд. Яке аз ситораҳои дурахшони ин Ҷоми ҷаҳонӣ Хамес Родригес аз Колумбия номбар мешавад.

Пирӯзии Колумбия бар Уругвай бо ҳисоби 2:0 аз дурахшидани боз як ситораи дигари футболи ҷаҳонӣ дар сатҳи Лионел Мессиву Неймар ё Луис Суаресу Арен Робен ва Робин Ван Персӣ дарак дод. Пирӯзии Колумбияро дар рақобат бо Уругвай асосан бозии хуби бозигари ҳамагӣ 22-солааш Хамес Родригес ва ду голи задаи ин нимҳимоятгар таъмин кард. Ҳоло ин умеди асосии тими Колумбия бо 5 тӯб нишонзани беҳтарини ин Ҷоми ҷаҳонист ва аз сӯҳбатҳояш бармеояд, ки ҳатто бо чунин натиҷаи ҳайратовар низ қаноат карданӣ нест.

Колумбия баъди он ки ҳамлагари асосии тим Радамел Фалкао ба иллати лат хӯрдан натавонист дар Ҷоми ҷаҳонӣ -2014 ширкат кунад, қабл аз ин мусобиқот дар ғам зада буд, ки чӣ хоҳад кард? Аммо Колумбия дар марҳалаи мусобиқоти гурӯҳӣ бо пирӯзӣ бар Юнону Соҳили Оҷ ва Ҷопон ва задани 9 тӯб ба дарвозаи ин 3 ҳарифаш яке аз сенсатсияҳои асосии Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 шуд. Албатта, асосан, бо шарофати Хамес Родригес, ки низ мисли Фалкао дар тими “Монако”-и Фаронса бозӣ мекунад ва тавонист ин зоеъаи ҷуброннопазири тими Колумбия, яъне ба Ҷоми ҷаҳонӣ нарафтани Фалкаоро пурра ҷуброн кунад.

Аммо имтиҳони асосии Хамес Родригес ва бозигарони дигари тими Колумбия дар рақобат бо Бразалия ва Неймар аст, ки оё даъвои феълан баландашон то куҷо хоҳад кашид. Худи Хамес Родригес баъд аз пирӯзӣ бар Уругвай бо ҳисоби 2:0 гуфт, ягон навъ трас ё фишор дар пеши тими Бразилияро эҳсос намекунад: “Дуруст аст, ки Бразилия рақиби осоне нест. Дуруст аст, ки онҳо мизбони Ҷоми ҷаҳонианд ва хеле мехоҳанд қаҳрамон шаванд. Вале тими мо камтар аз Бразилия нест.” Хамес Родригес ҳамин тавр, дар посух ба ин суол ки ӯро алакай бо Луис Сураесу Линонел Мессӣ ва Неймар муқоиса мекунанд, гуфт, “ин бароям як ифтихор бузург аст, ки маро бо чунин футболбозони бузург муқоиса мекунанд.”

Зимнан Родригес метавонист дар даври ҳаштякниҳоӣ бо худи Суарес рӯёрӯӣ кунад, агар...

Суарес баъди "газидан"-и шонаи Челини
Суарес баъди "газидан"-и шонаи Челини

Ду рӯз пеш аз ин бозӣ ФИФА Суаресро барои газидани шонаи бозигари Итолиё Ҷорҷио Челлини барои 4 моҳ аз ҳаққи ҳар навъ фаъолияти марбут ба футбол маҳрум кард ва бо ҳамин дари Ҷоми ҷаҳониро ба рӯи ӯ баст. Суарес ба Уругвай баргашт ва дар ғайби ӯ, Эдинсон Кавани ва ёронаш натавонистанд ин талафоти барояш хеле сахтро ба мисли Колумбия, ки ҷои холии Фалкаоро бо Родригес пур кард, ҷуброн кунад. Уругвай ҳатто Диего Форлан, беҳтарин бозигари Ҷоми ҷаҳонӣ-2010-ро, ки тимашро то марҳалаи ниманиҳоӣ расонда буд, ба майдон баровард. Вале Форлани феълан 35-сола, ки зоҳиран охирин нафасҳояшро дар майдони футбол мекашад, ин бор дар муқобили фишори ситораҳои ҷавоне чун Родригес коре карда натавонист.

Зимнан рӯзи 12 июл, дуруст як рӯз қабл аз бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ Хамес Родригес 23-сола мешавад ва албатта, тӯҳфаи арзандае ба ин муносибат барояш роҳхати даври ниҳоӣ мебуд. Албатта, барои ин бояд аввал аз садди тими мизбон – Бразилия гузашт. Шореҳон мегӯянд, ин имкон дорад, чунки бозии Бразилия бо Чили дар даври ҳаштякниҳоӣ хеле аз нуқтаҳои заифи бразилиҳоро ба намоиш гузошт.

Неймар
Неймар

Бразилия Чилиро шаби гузашта танҳо тавассути зарбаҳои 11-метрӣ шикаст дод. Ҳисоб дар 120 дақиқаи вақти асосиву иловагии ин рақобат 1:1 монд ва ҳатто қариб буд Бразилия дар лаҳзаҳои охирини бозӣ голи дуюмро бихӯрад ва агар чӯби дарвоза пеши зарбаи Пиниляро бо орзуи қаҳрамонии шашуми футболи дунё бармаҳал алвидоъ гӯяд. Дар ҳар сурат тими Чили – яке дигар аз сенсатсияҳои ин Ҷоми ҷаҳонӣ - дар ин рақобат аз Бразилия камтар наомад ва нишонзани асосиаш Алексис Санчес ба фарқ аз ҳамтими хушномтараш дар “Барселона” Неймар тавонист як тӯб ба дарвозаи қаҳрамони панҷкаратаи дунё бизанад.

Бозиҳои, ба ақидаи аксари мухлисон, нисбат ба Ҷомҳои гузашта, хеле пуршӯртару пурголтари Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 нақши шахсиятҳо дар таъмини пирӯзии тимҳои миллиро боризтар нишон медиҳад. Тими Аргентинаро, барои мисол, то имрӯз асосан Лионел Мессӣ кашонда истодааст.

Марадона ва Месси. Акс аз соли 2010
Марадона ва Месси. Акс аз соли 2010

Айнан мисли Аргентинаи соли 1986, ки асосан бо такя ба нирӯи Диего Марадона тавонист тамоми рақбионашро шикаст дода, ба тахти қаҳрамони футболи ҷаҳон бишинад. Аммо оё нирӯи Мессӣ кифоят хоҳад кард, ки ин бор Аргентинаро чунин иқбол биорад, ҳоло масъалаи ягон ду ҳафтаи дигар аст, ки оё то бозии ниҳоӣ дар рӯзи 13 июл дар вразишгоҳи “Маракана” номи Мессӣ ва Аргентинаашро эълон хоҳанд кард ё кадом тими дигару кадом ситораи дигарро.

Ҳамин тавр, ояндаи хеле аз тимҳои дигар ба чигуна бозӣ кардани ситораҳои аввалаш бастагӣ дорад. Аз ҷумла аробаи тими Фаронсаро то имрӯз асосан Карим Бензема кашонда истодаасту қисман ситораи ҷавонаш Погба. Швейтсарияро Шокирӣ боло бурду Амрикоро – Демпсӣ ва Алҷазоирро - Сулаймониву Иброҳимӣ ва Халиҷи то ҳол гумном, ки ситораашон маҳз дар Бразилия дурахшид. Мексикаро ҳам ба бовари бисёриҳо, ҳунари дарвозабонаш Гилермо Очоа, ки дар 3 бозии аввал ҳамагӣ 1 тӯб сар додааст, чунин сарбаланд кардааст.

Роббен ҳангоми задани гол ба дарвозаи Австралия
Роббен ҳангоми задани гол ба дарвозаи Австралия

Аз ин миён истисно шояд танҳо тими Олмон аст, ки дар баробари бозии хуби бозигарони алоҳида ин тими ҳамеша чун як мошини муназзам ва муттаҳид кор мекунад. Ва ҳам Ҳолланд, ки ҳам чунин киштии муназзами тимаш шинои хуб мекунад ва ҳам шахсиятҳое, чун Ариен Роббен ё Робин Ван Персиро дорад, ки ҳаракати ин киштиро ҷӯши бештар медиҳанд.

Имшаб дар марҳалаи ҳаштякниҳоӣ Ҳолланд бо Мексика ва Коста-Рика бо Юнон бозӣ мекунанд. Фардошаб Фаронса бо Нигерия ва Олмон бо Алҷазоир ба дидори ҳам хоҳанд рафту шаби сешанбе, 1 июл Белгия бо Амрико ва Аргентина бо Швейтсария дидор хоҳанд дошт. Дар ҳар сурат, рӯзҳои пуршӯре дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 дар пешанд ва бубинем, ки мурғи иқболи футбол ин навбат рӯи шонаи кадоме аз ин тимҳо хоҳад нишасту ба кадоме аз онҳо пушт хоҳад гардонд.

Бадтарин тими Ҷоми ҷаҳонӣ-2014

Зимнан La Gazzetta Dello Sport, яке аз нашрияҳои мӯътабари варзишии Итолиё бадтарин тими яккачини Ҷоми ҷаҳонӣ-2014-ро аз ҳисоби бадтарин бозигарони ин мусобиқот тартиб додааст, ки аз ин қарор аст:

Дарвозабон - Игорь Акинфеев (Русия);

Ҳимоятгарон - Жоау Перейра, Пепе (ҳарду аз Португали), Жерард Пике, Жорди Алба (ҳарду аз Испания);

Нимҳимоятгарон - Салли Мунтари (Ғана), Стивен Ҷеррард (Инглистон), Кевин-Принс Боатенг (Ғана);

Ҳамлагарон - Диего Коста (Испания), Антонио Кассано, Марио Балотелли (ҳарду аз Италия);

Сармураббӣ - Рой Ҳоҷсон (Инглистон).

Лаҳзаи аз Алҷазоир гол хӯрдани Акинфеев
Лаҳзаи аз Алҷазоир гол хӯрдани Акинфеев

Шореҳони варзиш мегӯянд, бозии бади ҳамин бозигарон ваё рафтори бади онҳо дар намунаи Мунтари ва Боатенг аз тими Ғана буд, ки тимҳои онҳо алакай баъди марҳалаи аввал ба Ҷоми ҷаҳонӣ падруд гуфтанд. Барои мисол, гуфта мешавад, ду голи беҳунарона сардодаи Акинфеев нафақат сари Русияро дар ин мусобиқот хӯрд, балки эҳтимоли дар ягон тими мӯътабари Аврупо ҷо шудани худи Акинфеевро низ барбод дод. Дар ҳоле ки чандӯ сол пеш ӯ як довталаби асосӣ барио посбонии дарвозаи тими шӯҳратёри "Манчестер Юнайтед" номбар мешуд.

Ва беҳтаринҳои Ҷоми ҷаҳонӣ

Аммо дар чоргонаи беҳтарин бозигарони даври мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонӣ-2014, ба ақидаи шореҳони варзишии сомонаи Газета.Ру инҳо роҳёфтаанд:

Дарвозабон - Гилермо Очоа (Мексика)

Ҳимоятгар - Давид Луис(Бразилия)

Нимҳимоятгар - Хамес Родригес (Колумбия)

Ҳамлагар - Ариен Роббен (Ҳолланд).

XS
SM
MD
LG