Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири осорхонаи Хатлонро зиндонӣ карданд


Насриддин Каримов
Насриддин Каримов

Насриддин Каримов, мудири осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносии вилояти Хатлон (Авасто), бо гуноҳи даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир барои 5 сол равонаи зиндон шудааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон Каримовро бар асоси моддаи 200, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори начандон калон" гунаҳкор донистааст. Насриддин Каримовро охири моҳи марти соли ҷорӣ дар манзили зисташ бо 229 грамм маводи мухаддир боздошт карда буданд.

Ғулом Бобоев, вакили дифои Насриддин Каримов, рӯзи 23 июн ба Озодӣ гуфт, додгоҳ ҳукми нафари таҳти ҳимояташро 16 июн содир кард. Ҳоло ҳукми додгоҳ пурра ба қувваи қонунӣ надаромадааст ва Насриддин Каримов ҳақ дорад, давоми даҳ рӯз аз болои он ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят барад.

Аммо Ғулом Бобоев мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ розӣ аст ва ҳеч эътирозе алайҳӣ он нахоҳанд кард.

“Додгоҳ се фарзанди ноболиғ доштани зерҳимояам ва аз кардаи худ сидқан пушаймон шуданашро ба назар гирифта, ин ҳукмро содир кард. Ӯ дар мурофиаҳои додгоҳӣ иқрор шуд, ки ин миқдор маводи мухаддиро барои истеъмоли худаш нигаҳ медорад. Мо аз ҳукм розӣ буда, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят намебарем,” - гуфт вакили дифоъ.

Моддаи 200, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз панҷ то ҳашт соли ҷазо ва ҳатто бо мусодираи молу мулкро дар назар дорад. Аммо бинобар пушаймонӣ ва фарзандони ноболиғ доштан молу мулки Насриддинов мусодира нашудааст.

Насриддин Каримов ҳамагӣ як сол пеш ба вазифаи мудири Осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносӣ дар вилояти Хатлон (Авасто) таъин шуда, дар оғози соли ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон рӯбарӯ шуда буд.

Каримов дар ин нишасти матбуотӣ гуфта буд, барои рушди осорхонаи вилоятии кишваршиносӣ талошҳои зиёд анҷом дода, гӯшаҳои нав таъсис додааст. Ба қавли ӯ, гӯшаи ақаллиятҳои миллӣ ва "Бонувони намунаи Хатлон" аз идеяҳои Насриддин Каримов будааст, ки дар рӯзҳои аввали кориаш таъсис дода шуда ва аз гӯшаҳои пурбинанда ба шумор мерафтаанд.

Насриддин Каримов дар гузашта ба соҳибкорӣ низ машғул буд ва аз моликони тарабхонаи "Миршаб" дар маркази вилояти Хатлон низ гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG