Ин гурӯҳи зидди Толибон, ки аз сӯи Аҳмад Масъуд раҳбарӣ мешавад, рӯзи 28-уми август бо нашри як хабарнома гуфт, ки муовини истихбороти воҳиди низомии "Ал-Форуқ" бо номи Мавлавӣ Абдураҳмон Умариро дар ноҳияи Гузара ҳамроҳ бо се муҳофизаш аз пой даровардааст. Ҳамла шаби қабл сурат гирифтааст.
Ҳукумати Толибон то кунун дар мавриди ин ҳодиса ибрози назар накардааст.
Радиои Озодӣ ба таври мустақилона ин иддаои Ҷабҳаи муқовиматро таъйид карда наметавонад.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар гузашта низ масъулияти чандин ҳамлаҳои дигар ба нерӯҳои Толибонро ба ӯҳда гирифта буд.
Ин ҷабҳа асосан дар вилоятҳои атрофи Кобул, шимол ва шимол-ғарби Афғонистон фаъол мебошад.