Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабҳа мегӯяд, як намояндаи “Толибон”-ро дар Фароҳ куштааст


Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон. Акс аз соли 2021
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон. Акс аз соли 2021

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, як гурӯҳи зидди “Толибон” дар Афғонистон, иддао кард, ки раиси шуъбаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ин гурӯҳро дар вилояти Фароҳ куштааст.

Дар хабарномаи Ҷабҳа гуфта мешавад, ки ҳамла ба мошини Мавлавӣ Оятуллоҳ рӯзи 3-юми август сурат гирифт.

Ҳамроҳи ӯ масъули иттилоърасонии шуъба низ кушта шудааст.

Манобеи мустақил то ҳол ин хабарро таъйид накардаанд. Гурӯҳи “Толибон” аксаран дар мавриди чунин иддаоҳо изҳори назар намекунад.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, нерӯҳояш дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон барои аз байн бурдани “бисоти зулм” ва "ҷиноёти Толибон” амалиёти ҳадафмандонаеро тарҳрезӣ ва иҷро мекунанд.

Ин ҷабҳа ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, соли 2021 таъсис ёфт, пас аз он ки гурӯҳи “Толибон” тобистони ҳамон сол Афғонистонро тасарруф кард.

XS
SM
MD
LG