Гурӯҳи “Толибон”, ки ҳанӯз дар аксар кишварҳои дунё тундраву террористӣ аст, дар тобистони соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Дар ин муддат ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохт.
Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, ки як пойгоҳи “Толибон”-ро дар минтақаи Арзонқимати Кобул нишон гирифт.
“Толибон” то ҳол дар бораи ин иддао чизе нагуфтаанд. Радиои Озодӣ онро мустақилона таъйид карда наметавонад.
Пеш аз иддаои Ҷабҳаи озодии Афғонистон, баъзе аз расонаҳо дар бораи таркиш дар минтақаи Арзонқимати Кобул хабар доданд.
Баъди ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон то кунун наздик ба даҳ ҳаракату ҷабҳаи муқовимати зидди ин гурӯҳ асосан дар хориҷи ин кишвар аз худ хабар додаанд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон; Ҷабҳаи озодии Афғонистон; Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон; Ҳизби адолат ва озодии Афғонистон; Ҳаракати миллии сулҳ ва адолат ва Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.