Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Унвони қаҳрамонӣ азони “Истиқлол” аст. ССКА ва “Хуҷанд” барои медалҳо талош доранд


Рӯзи 23-юми август се бозии даври ҳаждаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ барузор шуд. Як бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва ду бозии дигар бо натоиҷи мусовӣ хотима ёфт.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки имкони ба даст овадани медалҳоро амалан аз даст додааст, дар майдони худ «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Бахтиёр Чориев ду гол зад. Як голи дигарро Комрон Турсунов аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Бозии дигар миёни дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби мусовии 3:3 ба поён расид. Ба голҳои Тоҳир Малодӯстов, Далер Ёдгоров ва Шериддин Бобоев, меҳмонон – бозигарони “Панҷшер” Ҳасан Холов, Сорбон Авғонов ва Шавкати Ҳотам – бо се гол посух доданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозиро бо дастаи меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе - бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ҳисобро дар дақиқаи 8-ум Орзу Додхудоев боз кард. Вале дар дақиқаи охири нимаи аввали бозӣ футболбози «Вахш» Далер Умаров ҳисобро баробар намуд.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол”-и Душанбе бо 39 имтиёз садрнишин аст. Ба “Истиқлол”, ки се бозӣ камтар анҷом додааст, барои бори шашум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтан, дар шаш бозии боқимондаи мусобиқа се - чор имтиёз гирифтан кофист. ССКА «Помир» бо 30 имтиёз мақоми дувум ва “Хуҷанд” бо 27 имтиёз мақоми севумро касб кардаанд. Ҳарду даста барои медалҳои нуқраву биринҷӣ талош доранд.

Зинаҳои минбаъдаро дастаҳои зерин ишғол кардаанд: 4.“Регар-ТадАЗ” – 20 имтиёз. 5.”Вахш” – 18 имтиёз. 6.”Барқчӣ” – 17 имтиёз. 7.”Панҷшер” – 16 имтиёз. 8.”Ҳосилот” – 15 имтиёз.

Дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), ки ҳамагӣ 14 тӯб задааст, дар мақоми аввал аст. Дилшод Бозоров («Хуҷанд») бо 8 тӯб дар мақоми дувум, Фарҳод Тоҳиров ва Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – «Хуҷанд») бо 7-тӯбӣ дар мақоми севум қарор доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 18-ум

«Вахш» – ССКА «Помир» – 1:1

Голҳо: Орзу Додхудоев, 8 (0:1). Далер Умаров, 37 (1:1).

Огоҳонида шуданд: Далер Шомуродов, Худойдод Узоқов, Фатҳулло Бобоев («Вахш»), Зоир Ҷӯрабоев, Анатолий Старушенко, Хазу Ото (ССКА «Помир»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Далер Умаров («Вахш»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

23 август. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1000 тамошогар.

«Барқчӣ» – «Панҷшер» – 3:3

Голҳо: Тоҳир Малодӯстов, 2 (1:0). Ҳасан Холов, 30 (1:1). Далер Ёдгоров, 57 (2:1). Сорбон Авғонов, 64 (2:2). Шериддин Бобоев, 70 (3:2). Шавкати Ҳотам, 90+1 (3:3).

Огоҳонида шуданд: Оятулло Сафаров, Шериддин Бобоев («Барқчӣ»), Шавкат Худойназаров, Алишери Ҳотам («Панҷшер»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Зиёвуддин Фузайлов («Барқчӣ»).

Садовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

23 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 300 тамошогар.

«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» – 3:0

Голҳо: Бахтиёр Чориев, 29 (1:0). Бахтиёр Чориев, 48 (2:0). Комрон Турсунов, 65 – аз пеналтӣ (3:0).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

23 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 3000 тамошогар.

Тақвими бозиҳои наздиктарин:

Ҷоми Тоҷикистон

1/4 финал. Бозии аввал

26 август (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Барқчӣ» – «Ҳосилот»

Бозии мавқуфгузоштаи даври 16-ум

30 август (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Барқчӣ» – «Ҳосилот»

Даври 19-ум

8 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 16:00

ССКА «Помир» – «Барқчӣ»

17 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Ҳосилот» – «Вахш»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

«Панҷшер» – «Истиқлол»

XS
SM
MD
LG