Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» «Регар» 4:1(бо видео)


Рӯзи 14-уми май бозии даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Истиқлол” бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби бузурги 4: 1 ғалаба кард.

Рӯзи 14-уми май бозии даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор шуд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00
Линки мустақим


Ин аввалин бозӣ буд, ки дар майдони нави сунъии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури 3000 тамошогар барпо гардид ва бо пирӯзии дастаи мизбон – «Истиқлол» бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт.

Федеросиюни футболи Тоҷикистон ҳамаи 5 голи ин бозиро дар як навор хулоса кардааст:




Дарвоқеъ, майдони бузурги футбол бо рӯпӯши сунъӣ аз рӯи барномаи «Гол-2»-и Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ба маблағи беш аз 450 ҳазор доллари ИМА бунёд ёфтааст ва алъон дар Тоҷикистон ягона мебошад.

Дар ин бозӣ Наим Улмасов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кард. Комил Саидов, ҳамлагари меҳмонон, дар дақиқаи 43-юм ҳисобро баробар намуд. Се голи дигари «Истиқлол»-ро дар нимаи дувуми дидор Юҷин Сепуйя, легионер аз Уганда, дар дақиқаи 60-ум, Дилшод Восиев, капитан ва беҳтарин нишонзани мусобиқа, дар дақиқаи 65-ум ва Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 82-юм ба ҳадаф расонданд.
Ба ин тартиб бозии марказии даври 6-уми мусобиқа бо пирӯзии тими “Истиқлол”, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, ба анҷом расид. Вале ин аввалин бохти дастаи “Регар-ТадАЗ”, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсола мебошад.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, дар бораи ин бозӣ ба радиои Озодӣ чунин ибрози назар кард:

“Пеш аз ҳама мехостам дастаи “Истиқлол”-ро бо ғалабаи навбатиаш табрик гӯям. Баъдан гуфтаниям, ки тақдири бозӣ пешакӣ ҳал шуда буд. Ду бозигари мо – Сафаралӣ Каримов ва Фабритсио Фрейтас баъди бозии дастаи мо дар меҳмонӣ бо “Истаравшан” (10-уми май) дар як ҷаласаи кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷазоҳои сахт гирифтанд. Вале мо, роҳбарони дастаро, ба ин ҷаласа даъват накарданд. Ва он ҳуҷҷатҳое, ки ба мо фиристодаанд, хатоҳои зиёд дорад. Мо аз ин қарори кумитаи ФФТ норозием ва дар ин бора эътирознома навиштаем. Ман ҳайронам, ки барои чӣ масъулони Федератсияи футбол ба шӯъбаи корҳои дохилии Истаравшан занг назада, аз аҳволи мо пурсон нашуданд. Ҳол он ки мо бо душвориҳои зиёд аз ин шаҳр баромадем. Ман дар муддати 13 соли кори худ дар дастаи “Регар-ТадАЗ” бори аввал чунин “меҳмондорӣ”-ро дар Истаравшан мушоҳида намудам, ки мухлисон ҳуҷраи либосивазкунии футболбозони моро хароб карданд ва кормандону сардорони милиса худ шоҳид буданд, ки мухлисон дар раздевалка чӣ корҳоро анҷом доданд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”
Дар бораи бозӣ бо “Истиқлол” гуфтаниям, ки “Истиқлол” яке аз дастаҳои беҳтарини Тоҷикистон мебошад ва хусусан даста имсол хеле пурқувват шудааст. Дар ҳайати он ба ғайр аз бозигарони беҳтарини дастаи мунтахаби Тоҷикистон, инчунин бозигарон аз кишварҳои дигар дар бозии гузашта маҳорати хуб нишон доданд. Бояд гуфт, ки дастаи “Истиқлол” ба ёрдами довари бозӣ эҳтиёҷ надорад. Вале мо дар доварии Раҳмон Муртазоев бисёр хатоҳоро мушоҳида кардем. Масалан, ӯ дар дақиқаи 24-ум пеналти надод ва голи дувуми “Истиқлол” аз ҳолати нобозӣ зада шуд. Умуман, бисёр мухлисон мегӯянд, ки агар “Регар” бой диҳад, сармураббии даста аз доварон шикоят мекунад. Ман аз ягон довари Тоҷикистон, ба ғайр аз Раҳмон Муртазоев, норозӣ нестам. Ман борҳо, садҳо бор такрор кардаам, ки ин довар дигар бозиҳои моро нагузаронад. Чунки дар Суперҷоми Тоҷикистон чи дар шаҳри Ваҳдат, чи дар шаҳри Кӯлоб ва дар бозиҳои гузаштаи “Истиқлол” бо “Регар” яктарафа доварӣ мекунад. Бинобар ин ман боз ҳам такрор мекунам, ки ӯ минбаъд бозиҳои моро доварӣ накунад. Синну солаш ба ҷое расидааст. Ба фикрам мехоҳад, ки аз Федератсияи футбол ҳамчун довар ба нафақа барояд. Мо дар бозиҳои байналмилалӣ иштирок кардем, вале бохта бошем ҳам, доваронро гунаҳкор накардаем, зеро ки сатҳи доварии онҳо баланд аст. Ба ғайр аз ман бисёр дастаҳо аз сатҳи пасти доварӣ дар чемпионати Тоҷикистон норозиянд. Бинобар ин ба кумитаи доварону нозирони ФФТ зарур аст, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳад. Ба андешаи ман доварони пуртаҷриба, ки синнашон ба ҷое расидааст, хуб мебуд дар чемпионати шаҳри Душанбе, дар мусобиқаи лигаи аввал иштирок мекарданд. Ба назари ман дуруст мебуд, барои доварӣ ба бозиҳои чемпионати Тоҷикистон доварони то 30-сола даъват шаванд ва онҳо дар муддати 10 сол имкон доранд, ки маҳорати худро нишон диҳанд ва дар бозиҳои байналмилалӣ доварӣ кунанд.”



лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:49 0:00
Линки мустақим


Рӯзи сешанбе дар бозии охирини даври 6-ум дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ дар майдони худ аз тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон поён ёфт. Тӯбро дар дақиқаи 37-ум Наимҷон Каримов ба ҳадаф расонд. Вале дар нимаи дувум футболбозони «Парвоз» Сӯҳроб Эгамбердиев дар дақиқаи 55-ум ва Илҳом Мирзоев дар дақиқаи 81-ум ба дарвозаи «Панҷшер» ду гол зада, бозиро ба фоидаи худ анҷом доданд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар ҳамаи 5 бозӣ пирӯз шудааст, бо 15 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Ду даста - «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 12-имтиёзӣ ба даст овардаанд, вале «Равшан» як бозӣ камтар кардааст. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Равшан» дар зинаи дувум ва «Регар-ТадАЗ» дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

14-уми май (сешанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 4-1. Голҳо: Наим Улмасов, 7 (1:0), Комил Саидов, 43 (1:1), Юҷин Сепуйя, 60 (2:1), Дилшод Восиев, 65 (3:1), Ҷаҳонгир Эргашев, 82 (4:1).
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 3000 тамошогар.


«ПАНҶШЕР» - «ПАРВОЗ» - 1:2. Голҳо: Наимҷон Каримов, 37 (1:0), Сӯҳроб Эгамбердиев, 55 (1:1), Илҳом Мирзоев, 81 (1:2). Фирӯз Қараев (“Парвоз”) дар дақиқаи 85-ум аз майдон хориҷ шуд.
Ҷалолиддини Румӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3000 тамошогар.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 5 0 0 18-4 15
2 «Равшан» (Кӯлоб) 4 4 0 0 8-1 12
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 4 0 1 11-7 12
4 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 6 3 1 2 5-6 10
5 «Хайр» (Ваҳдат) 4 2 1 1 6-5 7
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 2 1 2 5-4 7
7 «Энергетик» (Душанбе) 6 1 2 3 4-7 5
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 6 1 1 4 3-8 4
9 ССКА «Помир» (Душанбе) 5 0 3 2 1-3 3
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 5 0 2 3 2-7 2
11
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ)
5 0 1 4 5-16 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Юҷин СЕПУЙЯ («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.


Даври 7-ум
Оғози бозиҳо – соати 17.00
17-уми май (ҷумъа)
«Истаравшан» - «Равшан». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
18-уми май (шанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Хайр». Турсунзода, варзишгоҳи “Металлург”.
ССКА «Помир» - «Панҷшер». Душанбе, варзишгоҳи КМВА.
«Хуҷанд» - «Вахш». Хуҷанд, варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.
19-уми май (якшанбе)
«Парвоз» - «Истиқлол». Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи “Фурудгоҳ”.
XS
SM
MD
LG