Нахуст 10-уми апрел дастаҳои КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва “Барқчӣ”-и Ҳисор ба рақобат пардохтанд. Бозӣ бо пирӯзии низомиён бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.
Сипас тими нави лигаи олӣ – “Сардор”-и шаҳри Турсунзода – бозиро дар майдони худ бо дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.
Ду бозии дигари даври чаҳорум 11-уми апрел доир гардид. “Равшан”-и Кӯлоб бар тими меҳмон - “Эсхата”-и Хуҷанд – бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Ду бозии охирини даври чаҳорум 12-уми апрел сурат гирифт. “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бозиро дар майдони хеш бо “Вахш”-и Бохтар бо ҳисоби 1:1 ба поён расонд. Дарвоқеъ, дар ин дидор голи ҷавобиро ба дарвозаи мизбонон дарвозабони меҳмонон Дмитро Фастов дар замони ҷуброншуда (90+3) зад. Вай дарвозаашро тарк намуда, ба хатти ҳамла рафт ва тӯбро бо зарбаи сар ба дарвозаи “Истаравшан” ворид карда, дастаашро аз бохт наҷот дод.
Қаҳрамони феълии Тоҷикистон - “Истиқлол”-и Душанбе - дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Парвоз”-и Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо 8-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. “Ҳосилот”, “Вахш”, “Регар-ТадАЗ” ва КМВА бо 7-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои аз сеюм то шашумро ишғол кардаанд.
Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 17-19-уми апрел баргузор мешаванд.
Мавсими нави лигаи олӣ бо ширкати 12 даста дар ду марҳила доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки дар мусобиқаи соли 2026 мақоми охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум меафтад ва бошгоҳе, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026
Лигаи олӣ
Даври 4-ум
10-уми апрел (ҷумъа)
КМВА – «Барқчӣ» - 2:1
Голҳо: Комрони Мирзохон 76, Исломбек Исоқҷонов, 90+1 – Меҳрубон Ғаффорзода, 4
Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
«Сардор» – «Хуҷанд» - 2:2
Голҳо: Миркомил Локаев, 24, Шоҳин Аббосиён, 37 – Комрон Турсунов, 26, Никола Эскич, 90+8
Турсунзода. Варзишгоҳи ”ТАЛКО-Арена”
11-уми апрел (шанбе)
«Равшан» – «Эсхата» - 3:1
Голҳо: Фатҳулло Олимзода, 19, 56, Кабир Салимшоев, 34 – Мубинҷон Муъминов, 71
Кӯлоб. Варзишгоҳи “Кӯлоб-Арена”
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» - 1:0
Гол: Азизбек Ҳаитов, 1
Турсунзода. Варзишгоҳи ”ТАЛКО-Арена”
12-уми апрел (якшанбе)
«Истаравшан» – «Вахш» - 1:1
Голҳо: Муҳаммадиқбол Аминзода, 78 – Дмитро Фастов, 90+3
Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ
«Истиқлол» – «Парвоз» - 3:0
Голҳо: Масрур Ғафуров, 45, Манучеҳр Сафаров, 59, Далер Шарифов, 63
Аз пеналти тӯбро ба нишон нарасонд: Ҷӯрабоев, 35
Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа пас аз натиҷагирии бозиҳои даври чаҳорум:
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | “Истиқлол” | 4 | 2 | 2 | 0 | 4-0 | 8 |
| 2 | “Хуҷанд” | 4 | 2 | 2 | 0 | 5-2 | 8 |
| 3 | “Ҳосилот” | 4 | 2 | 1 | 1 | 6-3 | 7 |
| 4 | “Вахш” | 4 | 2 | 1 | 1 | 5-3 | 7 |
| 5 | “Регар-ТадАЗ” | 4 | 2 | 1 | 1 | 2-1 | 7 |
| 6 | КМВА | 4 | 2 | 1 | 1 | 3-4 | 7 |
| 7 | “Сардор” | 4 | 1 | 2 | 1 | 7-5 | 5 |
| 8 | “Равшан” | 4 | 1 | 2 | 1 | 5-4 | 5 |
| 9 | “Барқчӣ” | 4 | 1 | 0 | 3 | 5-8 | 3 |
| 10 | “Эсхата” | 4 | 1 | 0 | 3 | 4-8 | 3 |
| 11 | “Истаравшан” | 4 | 0 | 3 | 1 | 3-4 | 3 |
| 12 | “Парвоз” | 4 | 0 | 1 | 3 | 2-9 | 1 |
Даври 5-ум
17-уми апрел (ҷумъа)
«Парвоз» – «Равшан»
«Барқчӣ» – «Истаравшан»
18-уми апрел (шанбе)
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»
«Вахш» – «Сардор»
19-уми апрел (якшанбе)
«Ҳосилот» – «Истиқлол»
«Эсхата» – КМВА
Гуфтугӯ