Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри акси муттаҳамон. Шеваи ислоҳи ҷомеа ё ангуштнамо кардани онҳо? САДО


Дар сомонаи расмии раёсати умури дохилии Душанбе ҳар рӯз чунин аксҳоро дидан мумкин аст

Масъулони Раёсати корҳои дохилии Душанбе қариб ҳар рӯз дар сомонаи расмии худ акси писарону духтаронро гузошта, онҳоро ба бадрафториву авбошӣ айбдор мекунанд. Бархе аз сокинон инро "як роҳи ислоҳи ҷомеа" медонанд, гуруҳи дигар "таҳқир" мешуморанд, ки ба бовари онҳо "на танҳо шахси муттаҳам, балки наздиконашро низ дар ҷомеа ангуштнамо мекунад".

Завлона ба даст

Фарида номи мустаори як зани ҷавон аст, ки моҳи гузашта барои муноқиша бо ҳамроҳонаш дар Душанбе боздошт шуд ва аксаш дар сомонаи пулиси пойтахт нашр гардид.

Маъмурони милиса бо эълони мушаххасоти ӯ, аз қавли додгоҳ гуфтанд, "Фарида ва ҳамроҳонаш аз клуби шабона маст баромада, бо ҳам занозанӣ кардаанд". Баъзе аз онҳо ба пардохти ҷарима ва бархеи дигар “ба корҳои ҷамъиятӣ” то се шабонарӯз муваззаф шуданд.

Ин зан гуфт, воқеан қонунро поймол карда буд ва ба боздошту ҷазои маъмурӣ нисбат ба ӯ эътироз надорад. Танҳо чизе, ки ӯро нигарон кардааст, "нашри акс бо завлона дар даст дар сомонаи пулиси Душанбе аст, ки баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр шуд ва пайвандонамро хиҷолатзада кард."

"Хато кардам, вале намехостам хешовандон сархам шаванд"

Фарида чаҳор сол пеш аз шавҳар ҷудо шудааст ва ба гуфтааш дар Душанбе “ба корҳои гуногун” машғул аст. “Бародарам аз деҳа занг зад ва гуфт, ки дигар ба хона наё, моро шарманда кардӣ. Хоҳарам шавҳару хонаи обод дорад ва ӯ ҳам гуфт, хушдоману шавҳараш ӯро барои ман таъна кардаанд. Хато кардам, медонам, лекин намехостам, хешовандон сархам шаванд", -- гуфт ӯ.

"Хато кардам, аммо намехостам хешовандон сархам шаванд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим

Боздошт ва нашри акси писарону духтарон бо қонунишиканиҳои гуногун замоне маъмул шуд, ки ба гуфтаи пулиси Душанбе, "рӯзе то панҷ шикоят мерасид".

Пулис иддао дорад, ки аксари навори ҷангу ҷанҷоли ҷавонон ва ё таҳқири ҳамдигарро ба онҳо корбарон мефиристанд. Як масъули Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе бе зикри номаш гуфт, "ҳадаф ислоҳи ҷомеа аст ва дарси ибрат ба дигарон, то чунин рафторро такрор накунанд."

Ҳадаф -- ислоҳ кардан?

Ин масъули Раёсати умури дохилии пойтахт афзуд, сокинон дар пайи чунин ҳамкориҳо аз даҳҳо мавриди хушунат навор фиристоданд ва аз даҳҳо муноқиша, ки оқибаташ эҳтимол ба куштор менаҷомид, пешгирӣ шуд. "Як сол пеш агар рӯзе то чаҳор-панҷ шикоят мерасид, ҳоло камтар шудааст. Яъне, сокинон эҳтиёткор шудаанд", -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ошкор кардани қонуншиканиҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо кори хуб аст, аммо нашри аксу шармсор кардани онҳо дар ҷомеа "хилофи қонун аст". Ӯ гуфт, "ҳадаф агар ислоҳ кардан бошад, он нафар ба ин роҳ ислоҳ намешавад, чун мебинад, ки дигар шарманда шуд, ба кораш давом медиҳад".

"Акс дар пушти панҷара ё дар вақти шустани фаршҳои боздоштгоҳ. Ин гуна аксҳо шаъну шарафи шаҳрвандонро паст зада, рӯҳияи онҳоро мешиканад ва барои барқарор намуданаш вақт ва шояд дахолати табиб лозим шавад. Аксҳо бояд шаъну шарафи шахсро паст назанад", -- гуфт ҳуқуқшинос.

Мухолифону ҷонибдорон чӣ мегӯянд?

Аммо ҷонибдорони ин андеша, ки пулис кори дурустро анҷом медиҳанд, кам нестанд. Дилором Орифова, як сокини Душанбе мегӯяд, то ду соли пеш аз "бадзабонӣ" ва озори писарон дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор кардани ҷавондухтарон мушкил буд. "Пулис шикояти духтаронро фавран баррасӣ кард ва ҷавононе, ки духтаронро озор медоданд, ба ҷавобгарӣ кашид ва ҳоло ин вазъ то ҷое ислоҳ шудааст", - бовар дорад ӯ.

Мусоҳиби мо афзуд: "Ҳозир писарон духтаронро гап доданӣ бошанд, мегӯянд, боз моро сабт карда, ба ВКД надиҳӣ, ки фаршшӯӣ кунем. Яъне, таъсир кардааст ва духтарон дар хиёбонҳо озодтар мегарданд. Ба фикрам, ин ягона роҳи ислоҳ буд ва хеле кори хуб ҳам карданд."

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, дар кишварҳои дигар ҳам нашри акси онҳое, ки ба чунин амал даст мезананд, маъмул аст.

Ӯ гуфт: "Одаме, ки ин амалро пеш гирифт, чаро фикр накард, ки оқибат чунин мешавад? Нисбат ба ҳимояи онҳо чизе гуфта наметавонам. Агар онҳо аз пеш масъулиятро ба ӯҳда мегирифтанд, ин кор рух намедод. Бисёре аз шаҳрвандони мо дар сари эҳсос ба чунин кор даст мезананд. Рафтори онҳо ба дигарон ҳам зарбаи равонӣ мезанад. Роҳи ҳимояи онҳо, ки аксҳояшон нашр нашавад, чандон мантиқӣ нест”.

Ҳамааш аз бекорӣ?

Бештари афроде, ки ВКД боздошт ва аксҳояшонро нашр мекунад, тавре аз хабарнома дида мешавад, "муваққатан бекор" ҳастанд. Акмал Рашидов, ҷомеашиноси дигари тоҷик ҳам мегӯяд, решаи мушкил дар ибораи “муваққатан бекор” нуҳуфтааст.

"Блогерҳо агар кори хубтаре дошта бошанд, ҳеч гоҳ ба сабту паҳн кардани наворҳои бемаънӣ машғул намешаванд. Ё духтарҳо ба клуби шабона барои пайдо кардани бурдаи нон мераванд. Фишори равонӣ болои онҳо зиёд аст ва аз ин рӯ, ба ин корҳо даст мезананд", -- хулоса кард ӯ.

Аксари онҳоеро, ки пулиси Душанбе нашр мекунад, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозот мешаванд. Бештари онҳо аз 500 то 1,5 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд ё аз се то 15 рӯз "ба корҳои ҷамъиятӣ" ҷалб мешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG