Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, 25 апрел бо сафари расмии дурӯза вориди Маскав шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон мегӯяд, ки гуфтугӯҳои Каримов бо ҳамтои русаш Владимир Путин ба тақвияти робитаҳои дуҷониба ва, инчунин, масоили мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бахшида мешаванд. Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин сафар имзои чанд санади ҳамкорӣ низ дар назар аст.
Мақомот аз ин бештар дар бораи сафари раисиҷумҳури Узбакистон ҷузъиёт надодаанд, вале расонаҳои Русия қаблан гуфта буданд, ки яке аз сабабҳои сафари расмии Каримов ба Маскав дарёфти силоҳҳои русӣ барои мудернсозии нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш аст. Хабаргузориҳои русӣ аз қавли Сергей Сторчаг, муовини вазири молияи Русия, навиштанд, барои нав кардани аслиҳаву таҷҳизоти нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистон тавофуқоти пешакӣ низ ба даст омадааст.
Ин сафари раисиҷумҳури Узбакистон ба Маскав баъд аз як ҳафтаи мулоқоташ бо Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, дар Тошканд сурат мегирад. Дар ин мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба ва амнияти минтақа баррасӣ шуда ва Ислом Каримов ба даврони, ба таъбири ӯ, "мураккабе, ки мо ба сар мебарем," ишора кард. Ислом Каримов гуфт, "бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ идома дорад ва ягонкишвари дунё орӣ аз мушкилот нест. Мо мехоҳем, ки аз роҳи дуруст биравем ва пайваста дурустии роҳамонро бисанҷем."
Аз ин пеш, Русия қарордод дар бораи лағви тақрибан 865 миллион доллар қарзи Узбакистонро ба тасвиб расонд. Бино ба маълумоти Вазорати молияи Русия то 1 ноябри соли 2014 қарзи Узбакистон аз Русия 890 миллион долларро ташкил медод.
Ислом Каримов аз замони касби истиқлоли Узбакистон дар соли 1991 ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бо панҷаҳои оҳанинаш дар ин кишвар раҳбарӣ дорад. Департаменти давлатии Амрико дар гузориши нави худ сохторҳои амниятии Узбакистонро “дар истифодаи шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон” айбдор кард.
Ӯ 78 сол дошта, дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст ва ибтидо Донишкандаи политехникии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошкандро бо ихтисоси “инженер-механик” ва сипас Донишкандаи хоҷагии халқи Тошкандро бо ихтисоси “иқтисоддон” хатм кардааст. Каримов собиқаи кориашро соли 1960 ба ҳайси ёвари усто дар корхонаи “Тошселмаш” сар карда, соли 1961 ба ҳайси инженер ба корхонаи ҳавопаймосозии Тошканд мегузарад.
Аммо Ислом Каримов хеле зуд ба кори ҳизбӣ гузашт ва ба қавли тарафдоронаш, ҳама зинаҳои мансабро қадам ба қадам тай кард. Соли 1983 Каримов вазири молияи Узбакистон ва соли 1986 ибтидои раиси Госплан ва муовини сарвазир ва дар ҳамон сол котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қашқадарё таъин шуд.
Дар тобистони соли 1989 дар пайи раиси Шӯрои Миллатҳои парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудани раҳбари қаблии Узбакистон Рафиқ Нишонов Ислом Каримов ба курсии котиби аввали кумитаи марказии ҳизби коммунисти ин ҷумҳурии ҳанӯз тобеъи Маскав нишаст.
24 марти соли 1990 Ислом Каримов аз сӯи вакилони Шӯрои олии Узбакистон президенти ин ҷумҳурӣ интихоб шуд. Ӯ ҳамин тавр, соли 1991 дар нахустин интихоботи мустақими президентии Узбакистон ширкат кард ва бо касби 86 дарсади овозҳо бар рақиби ягонааш аз ҳизби демократи “Эрк” шоир Салай Мадаминов, мутахаллис ба Муҳаммад Солиҳ, ки бино ба натиҷаҳои расмии он интихобот, ҳамагӣ 12,3 дарсади овозҳоро ба даст овард, ғолиб омад.
Моҳи марти соли 1995 замони раёсати Каримовро бидуни интихобот то соли 2000 тамдид карданд. Сипас Каримов аз тариқи интихобот боз ба як давраи панҷсолаи раёсат даст ёфт. Аммо соли 2002 бо баргузории як раъйпурсӣ замони раҳбарии ӯро аз 5 ба 7 сол тағйир доданд. Солҳои 2007 ва 2014 Каримов боз ҳам аз тариқи интихоботҳои зоҳиран “алтернативӣ” ва ҳарду дафъа бо касби 90 дарсади оро замони раҳбариашро тамдид кард. Соли 2021, ки мӯҳлати кунунии раёсати ӯ ба поён мерасад, Каримов алакай 83-сола мешавад.