Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов розӣ шуд, ба Маскав сафар кунад


4
4

Мақомоти Кремл мегӯянд, раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо давъати ҳамтои русаш Владимир Путин дар ҷашни ба 70-солагии Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав ширкат хоҳад кард.

Хабаргузориҳои Русия ба нақл аз Юрий Ушаков, ёвари президенти ин кишвар Владимир Путин, мегӯянд, раҳбари Узбакистон Ислом Каримов барои таҷлил аз ҳафтодсолагии пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватании 1941-45 ба Маскав хоҳад омад.

Ин дар ҳолест, ки намояндаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон мегуфт, Каримов дар ин маросим ширкат нахоҳад кард.

Раиси Хадамоти матбуотии Кремл Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, майли ширкати раҳбари Узбакистон дар паради Маскав субҳи рӯзи 7-уми май ба ҳукумати Русия расидааст. То ин вақт номи Ислом Каримов дар феҳристи сарвароне, ки ба Маскав хоҳанд омад, зикр намешуд. Дар зимн, аз соли 1999 ба ин сӯ Тошканд рӯзи 9 майро ба унвони Ҷашни Ғалаба таҷлил намекунад.

Ширкат кардан ё накардани сарони кишварҳо дар ҷашнҳои Маскав ба як масъалаи сиёсӣ табдил ёфтааст. Бисёре аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон эълон доштаанд, ки дар ин маросим дар Русия ширкат нахоҳанд кард ва дар садри ин номгӯй Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Дейвид Кэмерон – нахуствазири Бритониё қарор доранд.

Бронислав Коморовский
Бронислав Коморовский

Раисиҷумҳури Лаҳистон ё Полша Бронислав Коморовский низ аз иштирок дар ҷашни ғалаба дар Маскав худдорӣ карда, ин тасмими худро ба хушунатҳо дар шарқи Украина рабт додааст. Милош Земан, раисиҷумҳури Чех, ки аз "дӯстон"-и Русия дониста мешавад ва борҳо барои тарафдорияш аз мавқеи Маскав "гап" шунидааст, низ ахиран эълон карда, ки дар реҷаи низомии Маскав дар майдони сурх иштирок карда наметавонад. Ҳол он ки дар ибтидо ӯ гуфта буд, ки ба Маскав сафар хоҳад кард. Тасмими ӯ бо мухолифатҳои шадид дар кишвараш, ки узви Иттиҳодияи Аврупост, рӯбарӯ шуд.

Сухангӯи ӯ Иржи Овчачек гуфтааст, Земан шоми 8 май ба пойтахти Русия меояд, аммо рӯзи 9 май баъд аз посдории хотираи қурбониёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум имкони иштирок дар реҷаи низомиро надорад, чун ба қавли ӯ бо нахуствазири Словакия Роберт Фиц мулоқот анҷом хоҳад дод.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ эълом дошт, ки ба Маскав нахоҳад омад. Эҳтимол меравад, ширкати президенти Русия дар 100-умин солгарди куштори арманиҳо дар империяи усмонӣ ӯро нороҳат кардааст.

Аммо Маскав аз ширкати ҳар раҳбари давлат бо ифтихор хабар медиҳад ва рӯзи 7 май, сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, ширкати худро дар ҷашнҳои Маскав то ҳоло сарони 27 кишвар ва раҳбарони созмонҳои байнулмилалӣ тасдиқ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Вазорати дифои Тоҷикистон эълон кард, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8 май, баъди иштирок дар паради низомӣ ба муносибати 70-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги Ватанӣ дар "Боғи Ғалаба"-и Душанбе озими Маскав хоҳад шуд. Ҳоло як ротаи Вазорати дифои Тоҷикистон иборат аз 100 нафар низ таҳти раҳбарии Илҳом Махсумов, афсари Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Маскав қарор доранд ва дар паради низомӣ ба таърихи 9 май дар майдони назди Кремли Маскав иштирок мекунанд.

Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, ин рота ҳанӯз дар таърихи 25 апрел ба шаҳри Маскав сафар карда буд ва имрӯзҳо ба паради низомӣ омодагӣ дорад. Аз ин пеш, Вазорати умури хориҷии Русия низ эълон карда буд, Эмомалӣ Раҳмон дар реҷаи низомии бахшида ба ҷашни 70-солагии ғалабаи Шӯравии собиқ ба Олмони нозӣ ё фашистӣ дар Маскав иштирок мекунад. Ин маросим рӯзи 9 май дар Майдони сурхи пойтахти Русия баргузор хоҳад шуд.

Александр Лукашенко -- раисиҷумҳури Беларус низ эълон кардааст, дар гашти низомӣ бахшида ба 70-солагии хатми ҷанги бузурги ватанӣ ё ҷанги дувуми ҷаҳонӣ иштирок нахоҳад кард, агарчӣ гуфтааст, дар рӯзҳои 7-8 май аз Маскав боздид анҷом медиҳад. Ӯ рӯзи 18 апрел ​дар сӯҳбат бо хабарнигорон афзудааст, "9 май дар Минск мешавам. Мо низ бахшида ба ҷашни ғалаба чун Маскав паради низомӣ баргузор мекунем. Мумкин нест, ки сарфармондеҳ дар ин маросим иштирок накунад. Бар асоси қонуни асосӣ ҳеч кас ба ҷуз сарфармондеҳ ҳаққи қабули паради низомиро надорад."

Аляксандр Лукашенка
Аляксандр Лукашенка

Раҳбари Беларус вале аз мавқеи бисёре аз сиёсатмадорон, ки ба қавли ӯ "муғризона" гуфтаанд, ки ба ҷашни ғалаба ба Маскав нахоҳанд рафт, ҷонибдорӣ накардааст. Ӯ гуфтааст, "иштирок дар маъракаҳои ҳамсон дар кишвари худ метавонад сабаби нарафтан ба Маскав шавад, аммо вақте ин корро муғризона алайҳи Русия мекунанд, кори дуруст нест."

Ҷашни 70-солагии ғалабаи Шӯравӣ бар Олмони нозӣ ё фашистӣ дар ҳоле ба як баҳси ҷаҳонӣ табдил шудааст, ки даҳ соли қабл, яъне шастсолагияш орому бе дарди сар гузашта буд. Он вақт дар шаҳри Маскав, дар майдони сурх, ба ифтихори пирӯзии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум парад ё реҷаи низомии идона баргузор шуд, ки дар он 4 ҳазор собиқадорони ҷанг, аз ҷумла аз Тоҷикистон ва 7 ҳазор низомиёни артиши Русия ширкат карданд.

Ҷараёни реҷаи низомии идона дар майдони сурхро сарони беш аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла раҳбарони вақти Амрикову Фаронса -- Ҷорҷ Буш ва Жак Ширак, собиқ нахуствазири Олмон Герҳард Шрёдер, роҳбарони Чин, Ҳинд, Ҷопон ва 11 ҷумҳури шӯравии собиқ тамошо карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар шумори меҳмонон дар Майдони Сурх буд.

XS
SM
MD
LG