Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки гуштигирони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Бишкек

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии Осиё, ки рӯзҳои 6-12-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек - баргузор мешавад, барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд.

Дар ин мусобиқа, ки дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии юнону румӣ, гуштии озод ва гуштии занона) доир мегардад, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар (13 мард ва 1 зан) дохиланд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:

Гуштии юнону румӣ:

-67 кг: Суннатулло Абдуллоев

-72 кг: Лоиқ Амирхонзода

-77 кг: Алишер Рӯзимадов

-87 кг: Муҳаммад Султонзода

-130 кг: Эдуард Бабеношев

Гуштии озод:

-57 кг: Айаал Белолюбский

-65 кг: Абдулмаҷид Кудиев

-70 кг: Виктор Рассадин

-74 кг: Мустафо Аҳмадов

-79 кг: Сомон Икромов

-86 кг: Баҳодур Қодиров

-92 кг: Исмоил Картоев

-97 кг: Раҳмон Маҳмадбеков

Дар сабқати гуштии занона Тоҷикистонро Ватансултон Шакаршоева дар вазни то 53 килограмм намояндагӣ мекунад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии варзишӣ дар Бишкек наздики 350 гуштигир барои 30 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд. Нахуст рақобатҳо дар риштаи гуштии юнону румӣ рӯзҳои 6-8-уми апрел баргузор мешавад. Баъдан рӯзҳои 8-10-уми апрел сабқати гуштии занона доир мегардад. Рӯзҳои 10-12-уми апрел мардон дар риштаи гуштии озод рақобат мекунанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии варзишӣ дар Бишкек яке аз марҳилаҳои асосии омодагӣ ба мусобиқаҳои байнулмилалӣ буда, имкони ба даст овардани имтиёзҳои иловагии рейтингиро фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG