Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар Гран-прии Австрияи Боло то рӯзи 3-юм март 500 гуштигир (290 мард ва 210 зан) аз 62 кишвар номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду паҳлавони ҷавон – Озаррахш Ҳомидови 20-сола ва Ардашери Ҳамзаи 18-сола - ҳарду дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм намояндагӣ мекунанд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа – 6-уми март – гуштигирон дар ду вазн: -60 кг, -66 кг байни мардон ва дар се вазн: -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон рақобат менамоянд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа - 7-уми март – рақобатҳо дар ду вазн: -73 кг, -81 кг байни мардон ва дар ду вазн: -63 кг, -70 кг миёни занон баргузор мешаванд. Рӯзи сеюми мусобиқа – 8-уми март – мардон дар се вазн: -90 кг, -100 кг, +100 кг ва занон дар ду вазн: -78 кг, +78 кг ба рақобат мепардозанд.
Ҳарду паҳлавони тоҷик дар рӯзи охирини мусобиқа – 8-уми март – вориди рақобат мешаванд. Дар вазни то 90 килограмм то имрӯз 43 гуштигир номнавис шудааст.
Ба ҷуз аз Тоҷикистон, дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо Grand Prix Upper Austria боз варзишгарони ҳашт кишвари собиқи шӯравӣ - Гурҷистон (2 мард), Қазоқистон (12 мард ва 8 зан), Латвия (1 мард), Литва (1 мард ва 1 зан), Молдова (8 мард), Озарбойҷон (7 мард), Украина (10 мард ва 5 зан), Эстония (4 мард ва 3 зан) - ширкат меварзанд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 3000 евро, барои ҷойи дуюм 2000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1000-евроӣ супурда хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи Grand Prix Upper Austria барои ин ду паҳлавони ҷавони тоҷик аввалин мусобиқаи байнулмилалӣ байни бузургсолон ба шумор меравад.
Дарвоқеъ, имсол варзишгарони бузургсоли тоҷик боз дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ, монанди “Тоскулоҳи бузург” , Гран-при, Ҷоми бози Аврупо, қаҳрамонии Осиё, ки дар кишварҳои гуногун доир мешавад, иштирок мекунанд.
Дар Тоҷикистон мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2026 доир мегардад. Тибқи нақшаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) ин мусобиқа, ки бори сеюм сурат мегирад, рӯзҳои 1-3-юми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мусобиқаи бузургтарини сол қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 4-10-уми октябр дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор мешавад.
Ба ҷуз ин, аъзои тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон аз 30-юми сентябр то 3-юми октябр дар Бозиҳои XX осиёӣ дар шаҳри Нагояи Ҷопон ширкат хоҳанд кард.
Гуфтугӯ