Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷудои Осиё-2026 миёни наврасон ва навҷавонон (Tashkent Asian Cadet Cup 2026 and Tashkent Junior Asian Cup 2026), ки аз 28-ум то 31-уми май дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми Осиё-2026 миёни наврасон ва навҷавонон ҳудуди 1200 варзишгар аз 12 кишвар иштирок хоҳанд кард.
Дар ин мусобиқоти байналмилалӣ, ки бори 31-ум ба хотираи Учқун Муродов, паҳлавони номдори узбек, доир мегардад, варзишгарон мувофиқи синну солашон дар ду гурӯҳ – наврасони то 18-сола ва навҷавонони то 21-сола - рақобат мекунанд.
Дар мусобиқа миёни наврасон (кадетҳо), ки рӯзҳои 28-29-уми май сурат мегирад, 692 варзишгар (482 писар ва 210 духтар), дар байни навҷавонон (30-31-уми май) 503 нафар (361 писар ва 142 духтар) иштирок менамоянд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 108 нафар (101 писар ва 7 духтар), ба ҳайати тими навҷавонони кишвар 107 нафар (101 писар ва 6 духтар) шомиланд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷудои Осиё-2025 миёни наврасону навҷавонон дар шаҳри Тошканд 6 медал (2 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасону навҷавонон беш аз 830 варзишгар аз 10 кишвар ширкат варзиданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 52 нафар (49 писар ва 3 духтар), ба ҳайати тими навҷавонони кишвар 48 нафар (46 писар ва 2 духтар) шомил буданд.
Дар мусобиқаи наврасон Мадина Қурбонзода дар вазни 52 кило миёни духтарон барандаи медали тило гардид. Вай, инчунин дар мусобиқа байни навҷавонон медали нуқра гирифт.
Виктория Киселёва дар байни навҷавонон дар вазни +78 кило бо медали тило сарфароз гашт.
Бобоҷон Шаропов дар мусобиқаи наврасон дар вазни 73 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Бинёмин Назиров дар мусобиқа миёни навҷавонон дар вазни 73 кило ва Абубакр Худоиев дар байни наврасон дар вазни 55 кило ба гирифтани нишонҳои биринҷӣ даст ёфтанд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон дар мусобиқаи наврасон бо касби 38 медал (10 тило, 10 нуқра ва 18 биринҷӣ) ва дар мусобиқаи навҷавонон бо касби 32 медал (9 тило, 9 нуқра ва 14 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.