Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи 11-уми март дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонӣ-2026 миёни дастаҳои лигаи якумро доир кард.
Дар мавсими нави лигаи якум, ки дар ду марҳила баргузор мешавад, шонздаҳ даста ширкат меварзад: "Панҷшер" (Ҷалолиддини Балхӣ), "Ҳулбук", "Рахш" (ҳарду аз Восеъ), "Душанбе", "Шоҳмансур" (ҳарду аз Душанбе), "Шодмон" (Ҳисор), "Рангон" (Рӯдакӣ), "Исфара" (Исфара), "Саразм" (Панҷакент), "Мастчоҳ" (Мастчоҳ), "Саройкамар" (Панҷ), "Сарҳадчӣ" (Ҳамадонӣ), "Моҳир" (Ёвон), "Сомон" (Данғара), "Норак" (Норак) ва "Ҷилликӯл" (Дӯстӣ).
Бар асоси қуръакашӣ дар даври аввали мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон-2026 дастаҳои зерин бо ҳим рақобат мекунанд:
"Рахш" - "Исфара"
"Саройкамар" - "Сарҳадчӣ"
"Шоҳмансур" - "Мастчоҳ"
"Ҷилликӯл" - "Душанбе"
"Сомон" - "Ҳулбук"
"Саразм" - "Шодмон"
"Норак" - "Рангон"
"Моҳир" - "Панҷшер"
Мавсими нави қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум рӯзи 3-юми апрел оғоз меёбад. Аз рӯйи ҷамъбасти мавсим ҳар як даста 30 бозӣ баргузор мекунад.
Тибқи дастури мусобиқа ғолиби лигаи якуми Тоҷикистон-2026 соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии Тоҷикистон-2027 байни дастаҳои лигаи олӣ мешавад. Ҷоизадори нуқраи лигаи якум-2026 бо дастае, ки дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 ҷойи 11-умро мегирад, бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, ки соли гузашта дар мусобиқаи лигаи якум ғолиб шуд, ба қаҳрамонии Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ роҳхат гирифт. Дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар ҷадвали мусобиқаи порсолаи лигаи олӣ зинаи охиринро ишғол кард, ба лигаи якум гузашт.
Тими «Ҳулбук»-и Восеъ, ки дар мусобиқаи порсолаи лигаи олӣ дар зинаи 11-ум ҷойгир шуд, бо дастаи «Сардор»-и Турсунзода, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи лигаи якум-2025, барои дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 боқӣ мондан бозиҳои гузаришӣ анҷом дод. Аз рӯйи натоиҷи ду бозӣ (2:2 ва 2:0) тими “Сардор” ба мусобиқаи лигаи олӣ дар соли 2026 роҳхат гирифт.