Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё қотили сардори маҳбасхонаи Кӯлоб бемори равонӣ аст?


Наздикони маҳбусе, ки сардори маҳбасхонаи Кӯлобро бо 18 зарби қайчи кушта буд, мегӯянд, модари ӯ гирифтори бемории равонӣ аст ва шояд таъсири бемории модар ба писар расида бошад.

Амонбердӣ Эргашев, тағои Умед Тешаев дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки модари ӯ аз хурдсолӣ гирифтори бемории равонӣ буда, то кунун ин бемори азияташ медодааст ва шояд таъсири бемории модар ба писараш расида бошад: «Модараш аз хурдӣ касали рӯҳӣ ҳаст ва доимо табобат мегирад, шояд баъди ингуна ҳодисаҳо ба ӯ низ чунин бемори таъсир карда бошад, аммо пеш ингуна одам набуд ва бемори равонӣ низ надошт. Хайр, намедонам, мо то кунун аз ҳолати Умед хабар надорем ва намедонем, ки ӯ сардори маҳбасхонаро чӣ гуна куштааст.»

Аммо сардори Маркази экспертизаи судию тиббии минтақаи Кӯлоб Ғолибҷон Шарифов, рӯзи 21-уми уми феврал ба радиои «Озодӣ» иттилоъ дод, ки дар бадани сардори маҳбасхонаи муваққатии шаҳри Кӯлоб Умар Қаюмов аз тарафи маҳбус 18 зарбаи қайчӣ зада шудааст, ки аз ин шумора ҳафтдаҳ тояш дар қафаси сина ва яктои дигараш дар тори сараш мебошад. «Вақти муоинаи экспертиза 18 осеб дар бадани ӯ ёфт шуд, ки ҳафтдаҳ захм дар қафаси сина ва як захми дигар дар тори сар ворид шудааст, ки ҳангоми ба беморхона овардан ҷон додааст», -илова кард Шарифов.

Як манбаъ бидуни овардани номаш ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳангоми ташхис маълум шудааст, маҳбус Умед Тешаев ягон намудаи бемории равонӣ надошта, ҳангоми ба тартибдарории мўи сар ба Умар Қаюмов яку якбора ҳамла намудааст: «Ташхисҳои психологӣ муайян намуданд, ки Тешаев ягон намуди бемории рӯҳӣ надорад. Ҳодиса яку якбора дар ҳангоми ба тартиб овардани мӯи сараш рух доааст. Зарбаи қайчӣ низ аввал аз сар зада шудааст, баъдан 17 тои дигараш дар бадан ӯ.»

Дар ҳамин додситони вилояти Хатлони алайҳи маҳбуси Маҳбасхонаи муваққатии шаҳри Кӯлоб Умед Тешаев, ки сардори маҳбасхонаи ин шаҳр полковник Умар Қаюмовро бо зарби 18 қайчи ба қатл расонида буд, бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парванда боз кардааст ва тафтишот нисбати ин ҳодиса идома дорад.

Умед Тешаев, маҳбуси Маҳбасхонаи муваққатии шаҳри Кӯлоб баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбеи 16-уми феврал Умар Қаюмов, сардори маҳбасхонаи ин шаҳрро ба қатл расонид. Ба дунбол мақомоти раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлия ва вазорат умури дохилии Тоҷикистон таъйид карданд, ки сардори СИЗО-и Кӯлоб полковники 65-сола Умар Қаюмов бо зарби қайчӣ кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG