Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳар кас он гуна, ки моҳи январ зиндагӣ мекард, зиндагӣ нахоҳад дошт"


Валона Тела, хабарнигори бахши балкании Радиои Озодӣ ва доктор Ҷозеф Аллен, дотсенти кафедраи арзёбиҳои илмии Донишгоҳи Ҳарвард
Валона Тела, хабарнигори бахши балкании Радиои Озодӣ ва доктор Ҷозеф Аллен, дотсенти кафедраи арзёбиҳои илмии Донишгоҳи Ҳарвард

Парвоз кардан дар таътили тобистонаи замони пандемияи коронавирус то куҷо амну бехатар аст? Доктор Ҷозеф Аллен, дотсенти кафедраи арзёбиҳои илмии Донишгоҳи Ҳарвард, дар суҳбат бо Валона Тела, хабарнигори бахши балкании Радиои Озодӣ ба ин суол ва пурсишҳои дигар посух дод.

Радиои Озодӣ: Оё дар замони пандемия имкони таътили амну бехатар барои саломатӣ вуҷуд дорад?

Ҷозеф Аллен: Бале, манзурам ин аст, ки бояд хеле боэҳтиёт бошем. Чанд чизест, ки онро ба инобат гирем. Пеш аз ҳама, бояд дар бораи суръати паҳншавии коронавирус дар кишвари худ ва макони сафар огоҳ бошед. Ба ҷое наравед, ки макони доғи беморӣ аст. Ва ё худи Шумо аз нуқтаи доғе парвоз намекунед ва ба ҷои нав онро интиқол намедиҳед. Агар мо ҳамаи ин корҳоро зери назорат дошта бошем, ниқобро ҳатман пӯшида масъулият нишон диҳем, фосилагирии иҷтимоиро дар муқобили дигарон риоя кунем, агар сулфа дошта бошем, дар хона бимонем, дуруст мешавад. Дар дохили бино ҳам чораҳоеро ба мисли кушодани тиреза барои тоза кардани ҳаво, пок кардани рӯйи мизу курсиҳо бояд риоя кард. Ба назарам, ҳоло шоҳиди дуруст анҷом шудани чунин амалҳои воқеан ҳам ночиз, вале хеле ҳам муҳим аз ҷониби инсонҳоро шоҳид мешавем.

Радиои Озодӣ: Оё дар сафар имкони ночиз кардани хатари тамос бо шахси бемор вуҷуд дорад?

Ҷозеф Аллен: Медонед, дар зиндагии мо чизи комилан бехатар, аз ҷумла дар давраи пандемия, вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ба назарам, ҳар нафар бояд ба худ чанд суол бидиҳад: то куҷо муҳим аст, ки ҳамин ҳоло ба сафар биравед? Оё кадом ҳолате вуҷуд дорад, ки ҳаёти Шуморо таҳти хатар гузошта метавонад? Ва чизи сеюм ва ба назари ман бисёр муҳим ин аст, ки то куҷо масъулияти марбут ба назорат аз фаъолият ва ҳаракати худро иҷро мекунед, яъне аз дигарон воқеан ҳам дур хоҳед гашт, ниқоб ба рӯй мекунед ва рафтори бомасъулияте анҷом хоҳед дод? Муҳим нест – ба тамошо, ба дидани консерте, ба хонаи дӯсте ва ё ба сафар меравем, пеш аз ҳама ҳар яке аз мо бояд ба худ ин суолҳоро бидиҳем ва танҳо баъд ба роҳ бароем.

Радиои Озодӣ: То куҷо ҳангоми боз кардани марзҳо миёни кишварҳо бояд мувофиқаҳои ҳамоҳангшуда бошад ва ё ҳар кишвар бояд мустақилона амал карда, марзу маконҳои сайёҳиро кушояд?

Ҷозеф Аллен: Вирус, тавре маълум аст, марзро намешиносад. Агар мо нақша ва қоидаҳои раҳбурдии муштарак медоштем, метавонистем аз рӯйи он амал кунем. Дар асл вақте як кишвар қоидаҳои хеле сахти маҳдудкунанда дораду дигар кишвар бепарво аст, ин ҳама бефоида аст. Вирус ба одамон сарукор дорад ва ба миллату марзҳои байналмилалӣ бетафовут аст.

Радиои Озодӣ: Масалан тасаввур кунем, ки ҳама чиз боз шуд – соҳилҳову тарабхонаҳо боз шуд. Мардум он ҷо мераванд?

Ҷозеф Аллен: Хуб, тасмими боз кардани ин ҳамаро ҳукуматҳои кишварҳову шаҳрҳо қабул мекунанд. Соҳибкор тасмим мегирад, ки корашро оғоз кунад. Вале боз шудани иқтисод тасмимест ба дӯши муштарӣ. Агар муштарӣ барои рафтан ба тарабхона худро амну бехатар ҳис накунад, намеравад. Агар шумо ба пурсишҳои афкори умум нигоҳ кунед, мебинед, ки бисёр чиз аз дигар ҳолатҳо бастагӣ дорад. Баъзе одамон чандон моил нестанд, ки коре бикунанд ва бархе дигар баръакс, мегӯянд, ин чиз воқеӣ нест ва ман зиндагиамро мисли пешин идома медиҳам. Ба назари ман, ҳамин гурӯҳи дуюм бисёр рафтори хатарнок доранд. Воқеият ин аст, ки ҳамин тиҷоратҳои боэҳтиёт бозшаванда бояд тадбирҳои назоратиро риоя кунанд ва муҳимтар аз он бо ҳамин роҳ бо муштарӣ муколама барпо кунанд. Масалан, ман ба тарабхона меравам ва медонам, ки онҳо тағйирот ҷорӣ кардаанд ва ин тағйирот барои бехатарии муштариён аст. Онҳо ҳам бояд ба ман бигӯянд, ки, масалан, ҳавои дохил бештар тоза мешавад.

Радиои Озодӣ: Муштарӣ бар асоси чӣ қарор қабул мекунад?

Ҷозеф Аллен: Бар асоси чанд чиз. Яке аз онҳо ба он бастагӣ дорад, ки мизони назорат аз вазъ чӣ гуна амал мекунад. Масалан, барои харидани ғизои омода ба тарабхонаи маҳаллаамон меравам ва ин тарабхона ҳам ин корро олӣ иҷро мекунад. Ман худро хеле амн ҳис мекунам, ҳама кор бе тамос сурат мегирад, онҳо ниқоб доранд ва ман ҳам он ҷо зуд-зуд хоҳам рафт. Тарабхонаҳои дигар чунин эҳтиёткор нестанд. Ман ба он ҷо дигар намеравам, худро амн эҳсос намекунам. Ба фикрам, Шумо медонед, ки чӣ қароре қабул кунед: аввал ин ки назорати аз ҷониби тиҷорати муайян ҷоришуда чӣ гуна аст ва дуюм мизони таҳаммули хатарҳои инфиродӣ кадом аст. Агар ман аз хатар нигарон бошаму тамоми корро бикунам, ки аз ин таҳдидҳо сарфи назар шавад, пас, бояд дар хона монд. Дигарҳо хатарро дар сатҳи дигаргуна таҳаммул мекунанд ва мегӯянд, хатар зиёд нест ва берун мераванду зиндагии маъмулиро пеш мебаранд. Ба назари ман, ҳамин ду омил аст - назорати мизони амнияти тиҷорат ва таҳаммули хатарҳои инифродии ҳар шахс муҳим аст.

Радиои Озодӣ: Вақти, масалан, иҷораи мошин ё меҳмонхона, то ки кас роҳат бошад, чиро бояд бидонад?

Ҷозеф Аллен: Мардум бояд ба вебсайти ин ширкатҳо нигоҳ кунанд ва огоҳ шаванд, ки онҳо чӣ корҳоеро анҷом додаанд. Ин бояд аввалин коре бошад, ки пеш аз ба меҳмонхона даромадан ва ё иҷора гирифтани мошин анҷом медиҳед. Ин ҳама тадбирҳо бояд хеле дақиқу мушаххас навишта шуда бошад. Ин чиз ба муштарӣ имкон медиҳад, ки дар бораи истифодаи хадамоти меҳмонхона ё иҷораи мошин қарор қабул кунад. Ба назари ман, вақте он ҷо шахсан ҳузур доред, бояд суол бидиҳед, ки то куҷо тадбирҳои назоратӣ роҳандозӣ шудаанд ва чӣ коре барои ҳифзи ҷони ман анҷом додаед? Ҳатто шунидани посухи онҳо ба Шумо маълумоти хеле зиёд хоҳад дод. Агар посухи онҳо рӯшан аст, агар дар варақае ба суолҳои Шумо посухҳо навишта шудааст, ин ба он маъност, ки онҳо ба ин чиз муносибати ҷиддӣ доранд. Агар посухе надоштанд, ин ҳам як паёми муҳим аст. Ин маънои онро дорад, ки онҳо ба ин чиз муносибати ҷиддӣ надоранд ва дар ин бора фикр намекунанд.

Радиои Озодӣ: Мошинсавор ё парвози ҳавопаймо – кадомаш амнтар аст?

Ҷозеф Аллен: Ҳар қадар шумори тамос бо дигарон камтар бошад, беҳтар аст. Агар сафар бо мошинро интихоб кардед, тамоси ҳарчи камтар беҳтар аст. Агар мошини хусусӣ дошта бошед ва худатон онро идора карда, бо нафарони ҳарчи камтар дар тамос бошед, хатари олудашавии худ ва дигаронро камтар мекунед. Агар бо роҳи ҳавоӣ биравед. Медонед, ман дар нашрияи The Washington Post матлабе нашр кардам. Он дар бораи ҳавои дохили ҳавопаймо баҳс мекард. Ҳавои дохили ҳавопаймо дар асл хуб аст. Масъала ин аст, ки дигар омилҳои атрофи ин парвоз хатари олудагии одамонро ба вуҷуд меорад. Масалан, хатти амниятӣ дар майдони фурудгоҳ пеш аз парвоз дар назди даромадгоҳ, дар назди дари ҳавопаймо, ки ҳар як нафар маҷбур аст аз як гузаргоҳи хурде убур кунад. Аз ин рӯ, ҳоло фурсати ҳавопаймошинӣ нест. Вале боз ҳам мегӯям, ки агар ҳама эҳтиёт кунанд, метавонем аз ин таҷриба ҳам амну бехатар гузарем.

Радиои Озодӣ: Пас, набояд умедвор шавем, ки як тобистони маъмулӣ хоҳем дошт?

Ҷозеф Аллен: Бале, дигаргуна мешавад, вале мо ба ин вазъият ҳам мутобиқ мешавем. Мо инро ҳам пушти сар мекунем. Ин ҳолати маъмулӣ намешавад. Мо ба бозкушоии иқтисод шуруъ мекунем. Гуфтам, ки тобистони мо тобистони маъмулӣ намешавад. Мо ҳанӯз дар мобайни марҳилаи пандемия ҳастем. Ин вирус, тавре мебинем, бисёр зуд паҳн мешавад. Вақте ба як ҷо осеб мерасонад, бисёр таъсири сангин дораду боиси бемориву марг мешавад. Аз ин рӯ, ин як тобистони маъмулӣ намешавад ва мо бояд эҳтиёт кунем. Албатта, баъзе одатҳои пешинаи зиндагии мо дубора бармегардад, вале ин набояд ба шакли озоду бемаҳдудияти пешин бошад ва ҳар кас дубора онгуна, ки моҳи январ зиндагӣ мекард, зиндагӣ нахоҳад кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG