Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ ба Тоҷикистон бо "интернет" ҳамла мекунад


Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, як сомонаи интернетии созмони тундрави “Давлати исломӣ” ба забони тоҷикиро масдуд кардаанд, аммо ин созмон билофосила сомонаҳои наверо ба тоҷикӣ ба роҳ андохтааст.

Мақомоти Тоҷикистон як сомонаи интернетии созмони ифротии “Давлати исломӣ”-ро, ки бо ҳадафи ҷалби шумори бештари ҷангиён аз Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ сохта буд, масдуд кардаанд. Ин хабар расман эълон нашудааст, вале як манбаъ дар Вазорати умури дохилӣ, ки ғайрирасмӣ бо Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин сомона “Давлати исломӣ”-ро таблиғ мекард.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон тавонистанд, фаъолияти ин сомонаро, ки 15 майи соли раовн ба кор сар кардааст, дар фурсати кӯтоҳ хунсо кунанд. Аммо билофосила баъди баста шудани сомонаи тоҷикии “Давлати исломӣ”, ин гурӯҳи тундрав боз як сомонаву радиои нав ба забони тоҷикӣ ва ҳам саҳифаҳои ҷадидеродар шабакаҳои иҷтимоӣ боз кардааст.

Анвар Ализода, раҳбари дастгоҳи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо сомонаи интернетии “Средняя Азия в Интернете” хабари баста шудани як сомонаи тоҷикии созмони ифротии “Давлати исломӣ”-ро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин сомона ба тавсифи террористҳои маргталаб ҳамчун “шаҳид” машғул буд ва аз ҷавонони тоҷик даъват мекард, ки ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия бипайванданд.

Анвар Ализода гуфтааст, масдуд кардани сомонаи интернетии “Давлати исломӣ” аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ҳукми Додгоҳи олии ин кишвар аз 14 апрели соли 2015 сурат мегирад, ки “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-нусра”, ду созмони ҷангии исломгароёни Сурия ва Ироқро ифротию террористӣ эълон ва фаъолияти онҳоро дар қаламрави Тоҷикистон манъ кард. Бино ба ҳалномаи Додгоҳи олӣ, тамоми навъҳои ташвиқу тарғиби ин созмонҳо дар қаламрави Тоҷикистон манъ шуда, мақомоти дахлдор дастур гирифтаанд, ки сомонаҳои интернетии ин созмонҳои мамнӯъро барои сокинон дастнорас гардонанд.

Раҳбари дастгоҳи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, муборизаи онҳо бо фаъолиятҳои “Давлати исломӣ” дар майдонҳои беканори Интернет ҳамчунон идома хоҳад ёфт.

Мақомоти Душанбе ифшо намекунанд, ки бо чӣ фанновариҳо ва чӣ тарзу шева дастрасии сокинонро ба сомона ва шабакаҳо маҳдуд мекунанд. Дар гузашта Хадмоти алоқа ба ширкатҳои интернетрасон феҳрасти торнамоҳо ва дастури хаттӣ мефиристод. Аммо асосан сомонаҳои хабарӣ баста мешуданд, дар ҳоле ки дастрасӣ ба сафҳаҳои таблиғи ҷанг ё фаҳшо бетағйир боқӣ мемонд. Ба ақидаи коршиносон, мушкил ин аст, ки мақомот аз бастани ин ё он гурӯҳи сомонаҳо расман хабар намедиҳанд, дар ҳоле ки бино бар қонунҳои Тоҷикистон таблиғи ҷанг, нажодпарастӣ ё фаҳшо мамнӯъст.

Ба ин сабаб, якҷо бо саҳифаҳову сомонаҳои тундравон чандин торнамои расонаҳои хабарӣ ва шабакаи иҷтимоӣ рниз баста мешаванд.​ Аммо бо вуҷуди тақвияти назорат ва ҳатто дастнорас кардани чандин сомонаи хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, торнамоҳои марбут ба тундравони исломӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон ба роҳат боз мешаванд. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки рӯзи 22 июн сомонаҳои нави ба забони тоҷикӣ бозкардаи “Давлати исломӣ” дар шаҳри Душанбе бидуни мушкиле кушода мешуд.

Асомиддин Атоев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон рӯзи 22 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бастани сомонаҳо ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба онҳо ҳатто ба далоили амниятӣ бояд ба сурати шаффоф анҷом шавад: “Бояд мақомот расман эълон кунанд, ки мо аз фалон рӯз фалон сомонаро ба фалон далел бастем. Ин сомона аз ин ба баъд дар рӯйхати сиёҳ аст. Дар ин сурат шаҳрванди одӣ мефаҳмад, ки ин сомона ғайриқонунист ва набояд ба он сар зад. Ҳоло комилан баракс аст ва касе намедонад, ки кадом сомонаҳо расман баста шудаанд.”

Бино ба натиҷаҳои як таҳқиқоти Анҷумани ширкатҳои интернетрасон дар моҳи май, ки шабакаи Ютуб дар Тоҷикистон баста буд, видеои як ҷангии маҳаллӣ бо даъват ба “ҷиҳод” назар ба як моҳи пеш, ки Ютуб ҳанӯз боз буд, 3 маротиба бештар – 23 000 тамошобин пайдо кардааст.

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии «Ал-Қоида» ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон, ки бо қатли ом ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ва пайравони динҳои дигару шохаҳои дигари дини ислом ном баровардааст, иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи «хилофати исломӣ»-ст.

Аммо бисёре аз кишварҳои дунё ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ мешуморанд ва алайҳи «Давлати исломӣ» таҳти раҳбарии Амрико як эътилофи низомӣ таъсис ёфтааст. Ин эътилоф аз моҳи августи соли 2014 ба ин тараф пойгоҳҳои «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқро таҳти ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додааст.

Бино ба охирин оморе, ки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ахиран эълон кард, аз Тоҷикистон низ 412 нафар дар Ироқу Сурия дар сафи гурӯҳҳои ҷангҷӯе, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд. Душанбе афзоиши шумори ҷангиёни тоҷик дар сафи созмонҳои ҷангии ифротгароро манбаи таҳдид ба амнияташ мешиносад ва ба ин далел дар соли 2014 дар Кодекси ҷиноияш муҷозот барои ширкат дар ҷангҳои хориҷиро шадидтар карда, ҳамзамон барои онҳое ки ихтиёран аз ҷангҳои Ховари Миёна бармегарданд, афви гуноҳ ваъда дод. Аммо бино бар гузоришҳо, бо истифода аз ин пешниҳоди афв то имрӯз танҳо 7 нафар, аз ҷумла сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа Ризвон Аҳмадов ва Мавҷуда Собирова, довталабона аз Ироқу Сурияи ҷангзада ба Тоҷикистон баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG