Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 феврал - Шурӯи муҳокимаи 13 узви раёсати ҲНИТ


Наздикони 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ гуфтанд, ки муҳокимаи ин афрод рӯзи 9 феврал паси дарҳои баста сурат хоҳад гирифт.

Қарор аст, Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 феврал ба муҳокимаи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) шурӯъ бикунад. Ин хабарро рӯзи 5 феврал наздикони боздоштшудаҳо дар сӯҳбат бо Озодӣ баён дошта ва гуфтанд, ки онҳо 8 феврал, як рӯз қабл аз мурофиа ба додгоҳ даъват шудаанд.

Пайвандони Абдуқаҳҳори Давлат, яке аз аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ гуфтанд, ки дар ин бора ба онҳо аз Додгоҳи олӣ хабар додаанд. Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки бинобар махфӣ будани парванда муҳокима паси дарҳои баста ҷараён хоҳад гирифт, аммо ҷузъиёти аз ин бештар надод ва ҳатто нагуфт, ки мурофиаи ин 13 нафар кадом рӯз оғоз хоҳад шуд.

Наздикони аъзои боздоштшудаи ҲНИТ мегӯянд, ки шояд аз ҳар хонавода як нафар аз пайвандон ва вакилони мудофеъ дар мурофиа иштирок кунанд.

13 узви раёсати ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов – рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил карда, фаъолияташро дар кишвар расман манъ кард.

Аммо намояндагони ҲНИТ, аз ҷумла Кабирӣ ва аъзои боздоштшудаи раёсаташ даст доштани худ дар ошӯби генерал Назарзодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ин исён танҳо баҳонае барои бастани фаъолияти ин ҳизби мухолиф шуд.

Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико дар ибтидои моҳи ноябр дар як гузориш гуфт, дар чанд моҳи охир дар Тоҷикистон ҳудуди 200 тан аз фаъолон ва ҳаводорони ҲНИТ дастгир шуда, бархеи онҳо дар боздошт мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар авоили моҳи январ иттилоъ дода буд,ки парвандаи 13 нафар барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол шудааст.

То кунун дар бораи муҳокима ва маҳкум шудани дастикам як тан аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТгузориш шудааст. Додгоҳи олӣ рӯзи 27 ноябр Ҳасан Раҳимов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархорро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 307 -- "даъвати оммавӣ барои фаъолияти террористӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ", 195 -- "ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ" ва 189 -- "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ" ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳасан Раҳимов 23 сентябри соли ҷорӣ боздошт шуд ва гуфта мешавад, мақомот аз манзили ӯ туфангча ва норинҷак пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG