Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, ки ахиран эълон карда буд, аз таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон пайравӣ мекунад, сафараш ба Теҳрон лағв шудааст.
Хабаргузории "Франс-пресс" рӯзи якшанбеи 12-уми август ин хабарро ба нақл аз дафтари матбуоти нахуствазири Ироқ нашр кард. Бар пояи ин гузориш, дар барномаи сафари оқои Ибодӣ ба Туркия тағйироте ворид нашудааст, аммо ба сабаби ончи, ки "машғулияти корӣ" гуфта шудааст, сафараш ба Теҳрон лағв шудааст.
Эрон ва Амрико агарчӣ бо ҳам робитаҳои душманона доранд, аммо ҳар ду аз бузургтарин муттаҳидони Ироқ ҳастанд ва аз ин рӯ, бозгашти таҳримҳои Вашингтон, давлати Ҳайдар Ибодиро дар мавқеияти душворе қарор додааст.
Як мақоми расмии Ироқ, ки нахост номаш фош шавад, ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтааст, ки қарор буд Ибодӣ барои гуфтугӯҳои иқтисодӣ ба Эрон ва Туркия сафар кунад, аммо пас аз он, ки мақомҳои эронӣ аз изҳороти вай дар бораи пайравӣ аз таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ибрози норизоятӣ карданд, сафараш ба Теҳрон лағв шуд.
Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" низ ба нақл аз як мақоми ироқӣ, ки номаш фош нашудааст, хабар дод, ки Эрон сафари нахуствазири Ироқро лағв кардааст. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, ки Саъд Ал-Ҳадисӣ, сухангӯи ҳукумати Ироқ ҳозир ба изҳори назар дар ин бора нашудааст.
Нахуствазири Ироқ рӯзи сешанбеи 7-уми август эълон кард, ки Бағдод ба таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон мувофиқ нест, аммо дар ростои ҳифзи манфиатҳои худ аз таҳримҳо пайравӣ мекунад. Ҳайдар Ибодӣ таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон "иштибоҳи стратегӣ" хонд, аммо дар айни ҳол гуфт, ки "мо ба хотири ҳифозат аз манофеи миллатамон аз таҳримҳо пайравӣ мекунем. Мо аз ин таҳримҳо ҳимоят намекунем, аммо бо он амал мекунем."
Муҷтабо Ал-Ҳусейн, намояндаи раҳбари Эрон дар Ироқ, ба ин изҳороти Ҳайдар Ибодӣ вокуниши сахт нишон дода ва ин суханони нахуствазири Ироқро "ғайримасъулона" хондааст. Ба гуфтаи вай, "ин хиёнат ба Эрон аст, ки мавзее содиқона дар баробари Ироқ дошт ва низ хиёнат ба хуни шаҳидони эронӣ аст, ки аз Ироқ дифоъ кардаанд."
Муҷтабо Ал-Ҳусейн бо норизоятӣ аз изҳороти нахуствазири Ироқ, афзудааст, ки ин суханон нишон медиҳад Ҳайдар Ибодӣ аз назари равонӣ дар муқобили Амрико "шикаст" хӯрдааст.
Пас аз суқути ҳукумати Саддом Ҳусейн дар соли 2003, нуфузи Эрон дар Ироқ ба шиддат афзоиш ёфт ва ду кишвар робитаҳои стратегии густурдае дар бахшҳои мухталиф бо якдигар доранд.
Эрон ва Амрико агарчӣ бо ҳам робитаҳои душманона доранд, аммо ҳар ду аз бузургтарин муттаҳидони Ироқ ҳастанд ва аз ин рӯ, бозгашти таҳримҳои Вашингтон, давлати Ҳайдар Ибодиро дар мавқеияти душворе қарор додааст.