Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абӯбакри Бағдодӣ: Буд ё набуд? Ҳаст ё нест? (ВИДЕО)


Абӯбакри Бағдодӣ?
Абӯбакри Бағдодӣ?

Мақомоти Ироқ навори видеоиеро меомӯзанд, ки дар он гӯё раҳбари "хилофати исломӣ" Абӯбакри Бағдодӣ суханронӣ ва ҳамаи мусалмонони дунёро ба итоат аз худ даъват мекунад.

Мақомоти Ироқ мегӯянд, навори видеоиеро, ки гуфта мешавад, раҳбари ҷангиёни исломӣ Абӯбакри Бағдодиро дар як маросим нишон медиҳад, таҳқиқ мекунанд. Дар ин навор, ки рӯзи 5 июл дар Интернет нашр шудааст, нафаре, ки бовар меравад, Абӯбакри Бағдодӣ бошад, дар масҷиди ҷомеъи Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ, ки моҳи гузашта аз сӯи ҷангиёни “Давлати исломии Ироқу Шом” тасарруф шуд, суханронӣ мекунад.

Сухангӯи нирӯҳои низомии Ироқ генерал-лейтенант Қасим Мӯсавӣ рӯзи 6 июл гуфт, мақомоти амниятӣ ин видеои 21-дақиқаиро таҳқиқ мекунанд, ки оё нафаре ки дар он сухаронӣ мекунад, Абӯбакри Бағдодист? Ин дар ҳолест ки як рӯз қабл сухангӯи вазорати умури дохилаи Ироқ Саъд Маън гуфта буд, видеоро алакай ташхис кардаанд ва маълум шуда, ки он “дурӯғ” аст. Маън гуфт, Абӯбакри Бағдодӣ чанде пеш дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои Ироқ захмӣ шуда буд ва ӯро барои табобат ба Сурия интиқол додаанд.

Абӯбакри Бағдодӣ раҳбари гурӯҳи ҷангии мавсум ба “Давлати исломии Ироқу Шом” буда, рӯзи 29 июн дар пайи ишғоли чандин вилояти аксаран суннинишин дар Сурия ва Ироқ аз таъсиси хилофати исломӣ хабар дод. Бағдодӣ аз тамоми мусалмонон даъват кардааст, “ҳамон гуна ки ман ба Худо итоат мекунам, шумо аз ман итоат кунед. Бағдодӣ, ки ҳамчун халифа Иброҳим ҳам маъруф аст, дар ин навор дар сар саллаи сиёҳ ва дар тан ҷомаи сиёҳ дошт ва барномаи кори “хилофати исломӣ”-ашро эълон кард.

Як мақоми иктишофии Ироқ бидуни бурдани ном гуфтааст, рӯзи 4 июл расидани як корвони бузурги мошинҳо ба Мавсил ҳамроҳ бо масдуд шудани шабакаҳои телефони мобил дар он минтақа сурат гирифта буд. Ба гуфтаи ин мақом, сигнали телефонҳои мобил танҳо баъди тарки Мавсил кардани ин корвон дубора рӯшан шуд ва баид нест, агар ин корвоне бошад, ки Абӯбакри Бағдодиро оварда буд.

Дастикам 3 шоҳид дар Мавсил низ гуфтаанд, марде ки ҳамчун Абӯбакри Бағдодӣ муаррифӣ шуд, ҳамроҳ бо як гурӯҳи силоҳбадастони либосҳои низомии хоси ҷангиёни “Хилофати исломӣ” мепӯшанд, вориди масҷиди ҷомеъ шудааст.

“Давлати исломии Ироқу Шом” дар чанд моҳи охир ба пешрафтҳои фавқулоддае даст ёфт ва аз ҷумла чанд вилояту шаҳрҳои муҳим дар ғарб ва шимоли Бағдод, бо шумули Мавсил ва Тиқрит – зодгоҳи диктатори собиқ Саддом Ҳусейнро тасарруф кард. Баъди ин рӯзи 29 июн ҷангиёни сунниӣ таъсиси хилофатро эълон карданд ва гуфтанд, ки ба сӯи Бағдод азм хоҳанд кард. Ҷангиёни ин гурӯҳ ахиран барои намоиши нирӯзи худ ҳатто дар шаҳри Раққаи Сурия як паради низомӣ низ доир карданд.

Паради нирӯҳои ДИИШ дар Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

Тоҷикистон - дар "нақша"-и панҷсолаи "Хилофат"

Аммо тавре аз бархе гузоришҳо бармеояд, зоҳиран дағдағаҳои ин гурӯҳ танҳо бо Ироқу Сурия маҳдуд намешавад, балки онҳо дар сар андешаи эҳёи хилофати исломиеро, ки дар асрҳои миёна вуҷуд дошт ва тақрибан ҳамаи сарзаминҳои мусалмоннишинро муттаҳид мекард, дар сар доранд. Дар ҳар сурат, дар нақшаи солҳои наздики ин созмон барқарор кардани ҳукми хилофат бар паҳнои бузурге аз минтақаи дар гузашта мусалмоннишини Андалузи Испания дар ғарб то Осиёи Миёнаву Ҳинд дар шарқ истодааст. Ҷолиб он аст, ки дар ин нақша Арабистони Саудӣ бо номи Ҳиҷоз, қаламрави тамоми кишварҳои Балкан бо номи Оробпа, шарқи Эрон якҷо бо бахши аъзами Осиёи Марказӣ(бо шумули Тоҷикистон) ва Покистону Ҳинд бо як номи умумии Хуросон меоянд ва Эрони аксаран шианишин аслан зикр нашудааст.

http://www.dailymail.co.uk/news/article-2674736/ISIS-militants-declare-formation-caliphate-Syria-Iraq-demand-Muslims-world-swear-allegiance.html

Дар бораи худи Абӯбакри Бағдодӣ низ иттилои зиёде дастрас нест. Бовар меравад, ки ӯ соли 1971 дар Самора ба дунё омада, риштаи дини донишгоҳи Бағдодро хатм кардааст. Дар соли 2003, ки нирӯҳои Амрико вориди Ироқ шуданд, Бағдодӣ гӯё ба ҳайси имом кор мекард. Бархе манобеи дигар аммо мегӯянд, раҳбари баъдии “Давлати исломии Ироқу Шом” дар аҳди Саддом Ҳусейн дар артиши ӯ ба ҳайси афсар хидмат мекард. Таҳқиқи ин иддаоҳо мушкил аст, вале дақиқ ин аст, ки Амрико 4 октябри соли 2011 дар баҳои маълумоте ки ба боздошти Абӯбакри Бағдодӣ мусоидат кунад, 10 миллион доллар ҷоиза таъин кардааст.

Гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” қаблан аз ҳампаймонҳои шӯъбаи ироқии Ал-Қоида буд. Ҷангиёни он бо тундгароии шадиди худ фарқ мекунанд ва ба ин далел то кунун аз раҳбари онҳо ягон акс ва навори собите дастрас набуд. Тақрибан мисли Мулло Умар, раҳбари Толибон, ки низ ягон бор акс нагирифтааст.

Бовар меравад, ки аксари тоҷикҳое, ки барои “ҷиҳод” ба Сурия мераванд, ба нирӯҳои “Давлати исломии Ироқу Шом” мепайванданд. Дасти кам дар як навори видеоии дар Интернет нашршуда, ки лаҳзаи ба маҳалли “ҷиҳод” расидани ҷангиёни нав аз Тоҷикистону ба нишони буридани ҳама роҳҳои бозгашти худ сӯзондани шиносномаҳои онҳоро намоиш медод, аз ин ҷангиёни нав чунин истиқбол мешуд ки : “Хуш омадед ба Давлати исломии Ироқу Шом!” Ва аз ин нигоҳ инки дар “нақша”-и панҷсолаи ин гурӯҳ барқарор кардани ҳукми “хилофат”-и онҳо аз ҷумла бар Тоҷикистон омадааст, зиёд ҷои тааҷҷуб надорад.

XS
SM
MD
LG