Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари занҳои Эрон ба хориҷ маҳдуд мешавад


Як комиссиюни Маҷлиси Эрон тарҳеро таҳия кардааст, ки хуруҷи занони муҷарради то 40-сола аз кишварро мушкилтар месозад.


Саийдҳусейни Нағавӣ, сухангӯи комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон, рӯзи панҷшанбеи 15 ноябр ба хабарнигорон дар Теҳрон гуфт, ки вакилон тарҳеро дар бораи дарёфти шиносномаи хориҷӣ ба Маҷлис пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, шиноснома ба шаҳрвандони то 18-сола танҳо бо иҷозаи волидон дода мешавад. Аммо занҳои муҷарради то 40-сола ин санадро танҳо бо иҷозаи волии шаҳр дарёфт мекунанд.

Ин тарҳ дар ҳоле аз сӯи комиссиюни амнияти миллии Маҷлиси Эрон тасвиб шудааст, ки бар пояи қонуни Эрон занҳо бе ин ҳам бе иҷозаи шавҳар ҳақи сафар ба хориҷро надоранд.

Ширин Ибодӣ, ҳомии ҳуқуқи башар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, таҳия ин тарҳро “бо тарзи тафаккури давлатмардони эронӣ дар бораи зан ва ҳуқуқи зан” марбут кард ва афзуд, ки чун “онҳо мутааллиқ ба фарҳанги падарсолорӣ ҳастанд, занонро мавҷуди ноқисулақл мешуморанд”. Аз нигоҳи хонум Ибодӣ, “ин тарҳ мантиқи ҳуқуқӣ надорад ва ақли солим низ онро қабул намекунад”.

Бар пояи омори расмӣ, 46 дар сади мардон ва 48 дар сади духтарони эронӣ издивоҷ накардаанд. Синни расмии издивоҷ дар Эрон барои духтарҳо 13-солагӣ ва барои мардон 18-солагӣ муқаррар шудааст. Вале дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар синни миёнаи издивоҷ барои занҳо аз 23 ва барои мардҳо аз 27-солагӣ шурӯъ мешавад.

Бар пояи омори расмӣ, 14 дар сади талоқҳо дар соли аввали зиндагӣ ва 50 дар сади онҳо дар панҷ соли аввали оиладорӣ сурат мегирад. Ба ин васила, ба гуфтаи коршиносон, теъдоди занони муҷарради то 40-сола, ки ба ҳукми додгоҳ барои дарёфти шиноснома эҳтиёҷ хоҳанд дошт, аз пиндор бештар хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол Ширин Ибодӣ мегӯяд, ки замони раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод ҷунбиши феминистӣ дар Эрон қавитар шудааст ва занҳо ба мубориза барои соҳиб шудан ба ҳуқуқҳои барробар бо мардон бархостаанд. Ӯ алайҳи ин тарҳ садо баланд кардани заноро ҳам аз эҳтимол дур намедонад.

Эҳсони Меҳробӣ, хабарнигори парлумонии муқими Туркия мегӯяд, ки то татбиқи тарҳи нав ҳоло вақт зиёд аст – он бояд аввал дар Маҷлис ва сипас дар Шӯрои Нигаҳбони инқилоби исломӣ тасвиб шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар Маҷлис ин тарҳ бо назарҳои гуногун рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва шояд барои тасвиб раъйҳои заруриро дарёфт накунад.

Аммо, меафзояд Эҳсони Меҳробӣ, фазои феълӣ дар Маҷлиси Эрон, бештар барои тасвиби ин тарҳ мусоид аст. Ширин Ибодӣ низ бо ин гуфтаҳо мувофиқ аст ва мегӯяд, ки “мутаассифона, Маҷлиси Эрон истиқлоли худро аз даст додааст, зеро назорати шадид аз болои он иҷозае барои тафаккуре ғайр аз тафаккури ҳоким дар ҳукумати Эронро намедиҳад”.
XS
SM
MD
LG