Садҳо эронӣ аксҳои худро бо шими ҷинси ранги обӣ дар шабакаҳо нашр карданд ва ба Натаняҳу таъна заданд, ки аз воқеъиятҳои зиндагӣ дар Эрон бехабар мондааст. Нахуствазири Исроил дар нахустин сӯҳбати худ бо шабакаи форсии ББС интиқодро аз Эрон ва ҳукуматаш дареғ надошт. Аммо нуктае, ки ба асаби эрониҳо таъсир кардан марбут ба мӯд буд. Ӯ гуфт, “ба назари ман, агар мардуми Эрон озодӣ медошт, шими ҷинс мепӯшид, таронаҳои ғарбӣ мешунид ва интихоботи мунсифона баргузор мекард.”
Ин суханронии Натаняҳу мавҷи танзу писханди эрониҳо ва нашри садҳо акси ҷинспӯшҳои ин кишварро ба бор овард. Баъзе эрониҳо сифати кори ҷосусҳои Исроилро ба танз кашидаанд, ки гӯё дар бораи Эрон ҳама чизро медонанд, вале дар асл.. Теъдоди бузурги пайғомҳо дар ин мавзӯъ вожаҳои Jeans ва Jeansiranian дар Twitter ва шабакҳои дигари иҷтимоиро дар ҷумлаи пуристифодатаринҳо қарор дод.
“Ҳамватанҳои ман ҷинси обӣ мепӯшанд, мусиқии ғарбӣ гӯш мекунанд ва онҳо олиҷанобанд, шумо аз мо пуштибонӣ накунед, ҳеҷ гоҳ!”- навиштааст корбаре дар Twitter. Дигаре навиштааст, “Оғо, ман #charlieparker ва #frankzappa гӯш мекунам, ҷинс ҳам мепӯшам ва дар интихобот овоз ҳам медиҳам.”
Ҳарчанд тамаркузи нороҳатӣ “ҷинси кабуд” буд, аммо бисёр корбарон акси CD-ҳои ғарбӣ ва телефонҳои ҳамроҳро бо таронаҳои ғарбӣ низ нашр кардаанд. https://twitter.com/saman_is/status/387146735182565376
Дар Эрон пӯшидани рӯсарӣ ва либосиботавозун барои занҳо, махсусан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аст. Аммо шими ҷинсро дар ин кишвар зану мард баробар мепӯшанд.
Суханони нахуствазири Исроил эрониҳоро аз ин ҷиҳат ҳайрон кард, ки Нетаняҳу дар бораи Эрон ин қадар маълумоти маҳдуд доштаст.
“Агар Нетаняҳу намедонад, ки эрониҳо ҷинс мепӯшанд, пас ӯ чӣ тавр медонад, ки эрониҳо бомбаи атомӣ месозанд?” ё “дар асл ман хурсандам, ки Нетаняҳу бо ин шакл сӯҳбат кард. Аввалан ӯ собит кард, ки дар бораи Эрон чизе намедонад ва дуввум ин ин ки ӯ дурӯғ&дурӯғ мегӯяд,” - навиштаанд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.
Як корбари дигар акси Алиризо Аҳмади Рӯшан - писари Мустафо Аҳмади Рӯшан, олими риштаи ҳастаиро нашр кард, ки моҳи январ дар як сӯъиқасд, дар Теҳрон кушта шуд. https://twitter.com/AtiehS/status/386778001687339008/photo/1
Дар ин акс ин кӯдак низ дар тан шими ҷинс дорад ва матни ин корбар Нетаняҳуро ба куштори ин донишманди эронӣ муттаҳам мекунад. Навиштаи ин корбар гаштаву баргашта дар Twitter бознашр шудааст.
Корбарони эронӣ ба Бенямин Нетаняҳу "машварат" додаанд, ки агар нахуствазири Исроил аз шеваи модерни либоспӯшӣ дар Эрон бохабар набошад, пас метавонад ба ин фотоблог сар занад: http://imgur.com/a/HUhqA
Jeans and a lot more(Ҷинс ва бештар аз он)- навиштаанд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.