Мулоқоти раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бо эрониёни муқими Тоҷикистон шоми 11 сентябр дар бинои театри опера ва балети Душанбе баргузор шуд. Рӯҳонӣ дар ин нишаст дар иртибот ба муносибатҳои Эрон бо кишварҳои ҳамсоя, ба вижа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки Эрон бояд бо онҳо робитаи самимона барпо кунад.
Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, онҳо хостори равобити солими иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо тамоми дунё ҳастанд ва дар умури дохилии ҳеҷ кишвар мудохила нахоҳад кард. Ӯ афзуд, ки Эрон бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо кишварҳои ҳамфарҳангу ҳамзабон равобити хуб барқарор кардааст, чун “решаи фарҳанг ва ифтихороти мо якест.”
Ӯ аз ҷумла дар мавриди Тоҷикистон гуфт, мардуми ин сарзамин бо Ҳофизу Саъдию Фирдавсиву Рӯдакӣ ифтихор мекунанд, ки эрониҳо низ бо ин чеҳраҳо ифтихор мекунанд. Дар Душанбе мардуми тоҷик он чеҳраҳоеро эҳтиром мегузоранд, ки мо дар Эрон ба онҳо эҳтиром мегузорем, аз ин рӯ Эрон бо Тоҷикистон ва бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муноибати самимона хоҳад дошт, - гуфт раисиҷумҳури Эрон.
Оқои Рӯҳонӣ гуфт, ки Эрон бо кишварҳои минтақа дунболи равобити дӯстона аст ва ин кишвар дар минтақа имрӯз шароити беҳтар дорад.
Раиси ҷумҳури Эрон изҳори умедворӣ кард, ки равобити кишвараш бо Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо беҳтар шавад ва ин ирода ва хоҳишро дар мулоқоти ду рӯзи ахир бо масъулони баландпояи тоҷик эҳсос кардааст. Ҳасани Рӯҳонӣ афзуд, Эрон кӯшиш мекунад, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ҳузури худро дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангу улум тақвият бидиҳад. Ҳасани Рӯҳонӣ афзуд, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки барои донишҷӯёни ду тараф шароити мусоид фароҳам кунанд ва мушкилоти раводидро ҳал намоянд.
Дар ибтидои ин мулоқот, ки бо ҳузури тақрибан 200 нафар аз эрониёни муқими Тоҷикистон гузашт, Ҳасани Рӯҳонӣ ба масъалаи таҳримҳо алайҳи давлати Эрон пардохт ва лағви як бахши онҳоро хушбахтии мардуми Эрон арзёбӣ кард. Вай гуфт, бисёре аз он қавлҳоеро, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳур ба мардум дода буд, иҷро кардааст ва бахши дигараш дар ҳоли иҷро мебошанд.
Рӯҳонӣ гуфт, мардуми Эрон барои пешрафти кишвар ҳама бояд даст ба дасти ҳам диҳанд. Мулоқоти Ҳасани Рӯҳонӣ бо эрониёни муқими Тоҷикистон тақрибан як соат идома кард, вале мулоқот бидуни суолу ҷавоб бо ҳозирин анҷом шуд. Ӯ дар поёни суханрониаш таъкид кард, ки пешрафти Тоҷикистон пешрафти миллати бузурги Эрон аст.