Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои шеърӣ ба муаллифони созиши ҳастаӣ дар Эрон


Ҷавод Зариф (аз рост) дар музокироти Женева
Ҷавод Зариф (аз рост) дар музокироти Женева

Ба назар мерасад, шеъру достон ва пайғомҳои таҳдидомез силоҳи навест, ки ҳайъати музокиротии Эрон дар гуруфтугӯҳои ҳаставӣ бо Ғарбро ҳадаф қарор додааст.

Эрониҳое, ки ба бовари онҳо музокиракунандагони Теҳрон дар гуфтугӯҳои ҳаставӣ ба қудратҳои ҷаҳонӣ таслим шудаанд, тими кишвари худро бо шеър ба истилоҳ бомбаборон мекунанд. Дар чанд рӯзи гузашта дар таҳдидҳое ба шакли шеър дар бархе аз сомонаҳои эронӣ нашр шудаанд, музокиракунандаҳоро аз ниқори ногузир ҳушдор додаанд.

Дар ҳоле ки ноиби фармондеҳи пулиси Эрон Муҳаммадризо Родон вуҷуди ҳамагуна таҳдид алайҳи тими музокиракунандаҳои Эронро рад мекунад, аммо гуфта мешавад, ки шеърҳои таҳдидомез ба таври густарда аз тариқи почтаҳои электронӣ равон шудаанд. То ҳол маълум нест, ки музокиракунандаҳо, бо шумули вазири хориҷии Эрон Ҷавод Зариф, достонҳои таҳдидомезро дар почтаҳои электронии худ дарёфт кардаанд ё хайр. Ҷавод Зариф ба тими Эрон дар музокироти ҳаставӣ бо қудратҳои ғарбӣ раҳбарӣ мекунад.

Ҳамлаҳои шеърӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00
Линки мустақим


Ноиби фармондеҳи пулис Муҳаммадризо Родон ба хабаргузориҳои эронӣ гуфтааст, ки “эҳтимолан ин паёмади тарғиботи фардҳои алоҳида бошад”, аммо афзуд, “агар таҳдидҳои интернетӣ алайҳи музокиракуннадаҳои Эрон вуҷуд дошта бошад, пулис табъан дастбакор хоҳад шуд...”

Аҳмадризо Родон
Аҳмадризо Родон
Бар пояи созиши Эрон бо қудратҳои ғарбӣ, ки 20- уми январ ба ҳукми иҷро даромад, Теҳрон ӯҳдадор шудааст, ки бар ивази сабукии таҳримҳо лаҷоми барномаи ҳастаияшро мекашад. Ин созиш аксари шаҳрвандонро хушҳол кард ва онҳо аз тавофуқ истиқбол карданд. Аммо на тундравҳоро, ки мегӯянд, Эрон дар ин доду гирифт аз ҳад беш гузашт кардааст. Барои намуна, як нашрияи тундрави Эрон созиши Эрон бо Ғарбро ҳатто “Ҳолокости ҳастаӣ” унвон кардааст.
Шеърҳо ва ё шеъргунаҳои таҳдидомез, ки дар сомонаҳои хабарии Эрон нашр шудаанд, аломати норозигии тундравҳо аз натоиҷи музокироти Эрон бо Ғарб аст.

Дар яке аз чунин шеърҳо аз ҷумла омадааст:
Ба худо интиқом мегирем,
Карбало интиқом мегирем.
Тани садчок ёдмон наравад,
Найзаҳо интиқом мегирем.

Ё дар таҳдиди дигар омадааст:

Ҷанг бо душмани ғаддор ҷигар мехоҳад,
Мард мехоҳаду тадбири дигар мехоҳад.
...Бо шаётин сари як миз нишастед вале,
Ҳифзи дин кори шумо нест, ки нар мехоҳад.
Ханда кардед ба шайтону ба ӯ дил бастед,
Ғофил аз ин ки туро зеру забар мехоҳад.

Намояндаи порлумони Эрон Муҳаммадризо Мӯҳсинии Санӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории парлумон гуфтааст, ки пулис бояд алайҳи онҳое, ки дар паси ин таҳддиҳои интернетӣ қарор доранд, иқдом кунад. Мӯҳсинии Санӣ гуфтааст, баъзе таҳдидҳо аз тарафи нотавонбинони Ҷумҳурии исломӣ ворид шудааст, аммо ҳамзамон илова кардааст, ки баъзеҳо дар дохили кишвар низ дар роҳи музокирот мушкил эҷод мекунанд. “ Мутаассифона, ин гурӯҳҳо бо хадамоти истихбороти ғарбӣ робита дорад ва ҳадафи онҳо эҷодӣ бенизомӣ дар Эрон аст. Ҳарчанд ҳастанд дар дохили кишвар ҳам доираҳое, ки ба фаъолияти тими музокиракунандаҳои ҳастаӣ бовар надоранд,” - гуфт ӯ.

Сомонаи муҳофизакорон - “Тобнок” - низ аз ин эродҳои таҳдидомез интиқод кардааст. Ин сомона мепурсад: “Кадоме аз ин мисраҳо ҷавобгӯи манофеъи миллии Эрон бошанд? Ва оё таҳдидро мешавад танқид унвон кард?”

Теъдоди муҳофизакорони интиқодгар, ки аз натоиҷи музокироти ҳастаӣ норозианд, дар баробари бахши умдаи аҳолӣ, ки хатми таҳрим ва оғози ҳамкории беҳтар бо Ғарбро мехоҳанд, ночиз аст. Раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ низ аз тими музокиракунандаи ҳастаӣ пуштибонӣ карда, онҳоро “фарзандони инқилоб” унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG